Хатлон. Ҷамъоварии пахта оғоз гардид №105 (3899) 28.08.2018

Заҳматкашони хоҷагии тухмипарварии  ба номи Эргаш Султонови ноҳияи Дӯстӣ (сарвараш Бекмурод Холов), ки соли равон дар майдони 351 гектар пахта кишт карда буданд, яке аз аввалинҳо шуда, ба ҷамъоварии ҳосил оғоз намуданд.
Бино ба иттилои сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Дӯстӣ Раҳимҷон Бобоев, дар ноҳия дар майдони 7 ҳазор гектар пахта кишт шудааст ва мувофиқи дурнамо аз он бояд 14 ҳазору 700 тонна «дурри гаронбаҳо» ҷамъоварӣ карда шавад. Аллакай деҳқонони пуртаҷрибаи деҳоти «Ҷиликӯл», «Навзамин» ва Хоҷагии тухмипарварии ба номи Эргаш Султонов 650 тонна пахта ҷамъоварӣ намудаанд. Онҳо ният доранд, аз ҳар як гектар замин 35-40 сентнер ҳосил ба даст оранд.
Сулаймон Султонов, «Садои мардум»

Комментарии

Популярные сообщения из этого блога

Дуои хайри модаре, ки қариб 100 сол умр дорад

Ҳамовозӣ Манзили охирати қаҳрамонон бояд обод бошад!

Қарзи мушкилситон дар Хатлон. Имкони ҷамъоварии он ҳаст ё не?