Сообщения

Ҷайҳун. Нақшаи содироти лимӯ зиёд гардид

Изображение
Водии Вахш бо лим ӯ и навъи аъло берун аз кишвар низ шу ҳ рати зиёд дошту дорад. Навъ ҳ ои бе ҳ тарини ин меваи ситрус ӣ  дар но ҳ ияи  Ҷ ай ҳ уни вилояти Хатлон низ парвариш мешаванд. Бино ба иттилои сардори Раёсати кишоварзии ноҳия Нуралӣ Валиев, айни замон дар 125 гектар гармхона парвариши лимӯ ба роҳ монда шудааст. Солҳои қаблӣ парвариши он дар заминҳои наздиҳавлигии сокинон ба роҳ монда мешуд.  Бо сабаби серхаридор будани ин навъи мева дар хоҷагиҳои деҳқонӣ низ гармхонаҳо ташкил гардида, ҳоло майдони умумиашон 20 гектарро ташкил медиҳад. Муовини якуми раиси ноҳия Диловар Собирзода гуфт, ки бо вуҷуди ғанӣ будани таҷриба барои кишоварзони ноҳия моҳе як маротиба семинари омӯзишӣ гузаронида мешавад. Мувофиқи дурнамо ҳар сол майдони лимӯзор аз 10 то 15 гектар зиёд карда мешавад. Барои мисол, соли ҷорӣ масоҳати ин намуди мева 12 гектар зиёд карда шуд. Бино ба иттилои Раёсати кишоварзии ноҳия, соли гузашта 3 ҳазору 35 тонна лимӯ ба хориҷи кишвар, аз ҷумла ба ҷ...

Дар Бохтар корхонаҳои нав бунёд мегарданд

№149 (3943) 15.12.2018 Дар доираи на қшаи бунёдкори ҳо ба исти қболи 30-солагии Исти қлолияти давлатии  Ҷум ҳурии То ҷикис­тон соли  ҷор ӣ дар маркази маъмурии вилояти Хатлон — ша ҳри Бохтар 19 иншооти гуногуни маишию хизмат­расон ӣ мавриди истифода  қарор гирифт, ки дар ин замина 254  ҷойи нави кор ӣ таъсис ёфт. Тавре аз Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр иттилоъ доданд, дар се соли оянда боз бунёди 368 иншооти гуногун ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, барои бунёди корхонаҳои саноатӣ 7,2 гектар замин ҷудо гардидааст, ки аллакай дар чанд қитъа сохт­мон бомаром идома дорад. Корхонаҳои дучархабарорӣ, ҷӯроббофӣ ва истеҳсоли доруворӣ аз ҳамон қабиланд, ки то таҷлили ҷашни бошукӯҳ ба истифода дода хоҳанд шуд. Айни замон, дар асоси нақшаи генералии шаҳр сохтмони 61 бинои истиқоматӣ, хизматрасонӣ, маъмурӣ, таълимӣ ва варзишӣ ҷараён дорад. Сулаймон СУЛТОНОВ, «Садои мардум»

Ҳунармандон бо сари баланд ба Ватан баргаштанд

Чанде пеш дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон ба муносибати 90 — солагии адиби забардасти қирғиз Чингиз Айтматов Фестивали байналмилалии театрии « Айтматов ва театр» баргузор гардид. Дар ҷашнвора ҳунармандони театри вилоятии мусиқӣ мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар бо намоишномаи «Асорат»-и Ҷумъа Қуддус аз рӯи романи «Қиёмат»-и Чингиз Айтматов дар таҳияи Раҷабзода Парвиз иштирок намуданд. Ҳунармандони мо намоишномаро дар сатҳи олӣ пешкаши ҳозирин гардониданд ва тамошобинон бо кафкӯбиҳо онро пазируфтанд. Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Аловуддин Абдуллоев барои бо маҳорати баланд офаридани нақши Бостон дар ин намоишнома ҷоизаи «Нақши беҳтарини мардона» ва ҳунарпешаи хушсалиқа Қурбонмуҳаммад Шукуров ҷоизаи «Нақши беҳтарини мардона» дараҷаи дуюмро соҳиб гардиданд. Ҳамчунин, аҳли заҳмати Театри вилоятии мусиқӣ мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар  бо Дипломи махсуси Вазорати фарҳанг, иттилоот ва сайёҳии Ҷумҳурии Қирғизистон сарфароз гардонида шуданд...

Тандурустӣ Хатлон. Шумораи беморони руҳӣ меафзояд

Изображение
Дар вилояти Хатлон 12  ҳ азор нафар бемори ру ҳӣ  ба  қ айд гирифта шудааст. Ин бемор ӣ , ки  ҳ ар сол дар  ҳ оли афзоиш аст, боиси нигаронии масъулин гардидааст. Табибон бар он назаранд, ки кӯдак аз зуком ва таби баланд метавонад ба ин беморӣ гирифтор шавад. Омили дигар аз модар бо нуқсон таваллуд шудани кӯдак мебошад. Муноқишаҳои оилавӣ ё марги шахсони наздик, ба садама гирифтор шудан ва ғайраҳо аз сабабҳои дигари мубтало гардидан  ба ин беморӣ арзёбӣ мешавад. Дар шаҳри Бохтар Маркази вилоятии равонпизишкии вилояти Хатлон аз соли 2006 фаъолият дорад. Директори он Саидаҳрор Подавонов иброз намуд, ки соли ҷорӣ 755 нафар дар ин ҷо табобат гирифтанд, яъне нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 118 нафар зиёд. - Мутаассифона, имкониятҳои марказ маҳдуд аст. Қабл аз ҳама, мутахассисон намерасанд. Чанд маротиба ба Раёсати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар  вилояти Хатлон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат...

Беш аз 91 ҳазор тонна маҳсулоти вилояти хатлон содирот гардид №123 (3917) 11.10.2018

Изображение
6 октябри соли 2018 та ҳти раёсати раиси вилояти Хатлон, узви Ма ҷлиси миллии Ма ҷлиси Олии  Ҷум ҳурии То ҷикистон Давлатшо ҳ Гулма ҳмадзода  ҷаласа баргузор ва дар он фаъолияти ну ҳмо ҳаи со ҳа ҳои хо ҷагии хал қи вилоят дар соли  ҷор ӣ баррас ӣ гардид. Муовини раиси вилоят Умедхоҷа Зоирзода қайд кард, ки иҷрои нақшаи андозҳо 101,9 фоиз таъмин ва ба буҷет 771,7 миллион сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба нақша 14,8 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Инчунин, ба соҳаҳои иқтисодӣ 753 ,1 миллион сомонӣ қарзи бонкӣ равона гардиданд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 71,2 миллион сомонӣ зиёд аст. Дар 9 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишварзӣ ба 8 миллиарду 629 миллион сомонӣ расид ва 100,2 фоизи нақшаро ташкил дод. То 4-уми октябри соли равон иҷрои дурнамои содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар 144,5 дарсад таъмин гардид. Дар ин давра аз вилоят 91 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот шуд, ки нисбат ба соли гузашта 14,5 ҳазор тонна зиёд аст. Ҳаҷ...

Бинои «Ҳалевард» таъмирталаб аст, аммо… №107 (3901) 01.09.2018

Зимни як сафари кор ӣ ба но ҳияи  Ҷалолиддини Балх ӣ бо фаъолияти идораи  ҷамоати де ҳоти « Ҳалевард», ки дар сари ро ҳ  ҷой гирифтааст, ошно шудан хостем. Ва қте дохили бинои он шудем, аз идораи  ҷамоат буданаш шуб ҳа кардем. Девор ҳои бино фарсуда, рангпарида ва таъмирталаб буданд. Роҳравҳои пур аз хоку чанг, шиору овезаҳои куҳнаю фарсударо дида, табъа­мон хеле хира гардид. Ҳарчанд рӯзи корӣ буд, дар идораи ҷамоат ба ғайр аз ду нафар касеро пайдо карда натавонис­тем. Дар майдончаи назди идора сагҳо давутоз мекарданду аз партовҳои ҷо-ҷо партофта чизе меҷустанд. Аз он ду нафаре, ки дар як утоқи пур аз хоку чанг нишаста буданд, раиси ҷамоатро пурсон шудем. Яке аз онҳо, ки худро иҷрокунандаи вазифаи раис муаррифӣ намуд, гуфт, ки раис дар рухсатии меҳнатист. Вақте хостем бо ӯ суҳбат кунем, на танҳо худдорӣ кард, балки ному насабашро низ гуфтан нахост. Даҳон накушода, бо сарҷунбонӣ ишора мекард, ки намехоҳад ба суолҳои мо ҷавоб гӯяд. Вале баъди талошҳои зиёд маҷбур...

Доғи рӯз.Сабаби норасоии пули нақд дар банкоматҳо аз чист? №120 (3914) 04.10.2018

Изображение
Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №815 аз 31 декабри соли 2014 «Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ»  сохторҳои давлатию ғайридавлатиро вазифадор кардааст, ки барои амалӣ намудани муносибатҳои ғайринақдӣ дар марказҳои хизматрасонӣ, савдо, нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ шароит фароҳам оранд. Ин банди Қарори Ҳукумати кишвар то якуми сентябри соли 2015 дар шаҳри Душанбе, Хуҷанд ва Бохтар бояд иҷро мешуд. Гарчанде аз ба тасвиб расидани он 4 сол гузашта бошад ҳам, мушкили охирҳои ҳар моҳ ва аввалҳои моҳи нав дар назди банкоматҳо ва нуқтаҳои хизматрасонии «Амонатбонк» ҷамъ омадани издиҳоми зиёди мардум ва навбатпойии онҳо барои гирифтани маблағ тавассути кортҳои бонкӣ ҳанӯз ҳам мушоҳида мешавад.  Дар аксар ҳолат кормандонаи соҳаҳои буҷетӣ, нафақагирон аз набудани маблағ дар банкоматҳо аз як нуқта ба нуқтаи дигар сарсону саргардон мешаванд. Ин мушкил, пеш аз ҳама, ба «Амонатбонк» дахл дорад, зеро аксари соҳибони кортҳ...