Тандурустӣ Хатлон. Шумораи беморони руҳӣ меафзояд
Дар вилояти Хатлон 12 ҳазор нафар бемори руҳӣ ба қайд гирифта шудааст. Ин беморӣ, ки ҳар сол дар ҳоли афзоиш аст, боиси нигаронии масъулин гардидааст.
Табибон бар он назаранд, ки кӯдак аз зуком ва таби баланд метавонад ба ин беморӣ гирифтор шавад. Омили дигар аз модар бо нуқсон таваллуд шудани кӯдак мебошад. Муноқишаҳои оилавӣ ё марги шахсони наздик, ба садама гирифтор шудан ва ғайраҳо аз сабабҳои дигари мубтало гардидан ба ин беморӣ арзёбӣ мешавад.
Дар шаҳри Бохтар Маркази вилоятии равонпизишкии вилояти Хатлон аз соли 2006 фаъолият дорад. Директори он Саидаҳрор Подавонов иброз намуд, ки соли ҷорӣ 755 нафар дар ин ҷо табобат гирифтанд, яъне нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 118 нафар зиёд.
- Мутаассифона, имкониятҳои марказ маҳдуд аст. Қабл аз ҳама, мутахассисон намерасанд. Чанд маротиба ба Раёсати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намудем. Аммо касе дар ин ҷо кор кардан намехоҳад. Дар марказ нуҳ воҳиди корӣ пешбинӣ шудааст, вале айни ҳол се духтур фаъолият доранд, ки як нафараш нафақахӯр мебошад. Умед дорем, ки дар кӯтоҳтарин фурсат ин мушкил ҳалли худро меёбад, — изҳор дошт номбурда.
Мушкили дигар кам ҷудо шудани маблағ барои табобати беморон мебошад. Бино ба гуфти ҳамсуҳбатам, барои як бемор дар як рӯз 1 сомонию 95 дирам муайян шудааст, ки ночиз аст.
Сармутахассиси шуъбаи кадрҳои Раёсати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Хатлон Тӯтиё Озодбекова иброз намуд, ки дар вилоят зиёда аз 900 мутахассиси соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла, 25 духтури равонпизишк намерасад. Бино ба иттилои ӯ, айни замон тавассути Квотаи президентӣ аз вилоят дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии соҳа 568 нафар таҳсил доранд.
- Дар маҷмӯъ, дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон аз вилоят 3401 нафар таҳсил намуда истодаанд. Бовар дорам, ки масъалаи норасоии кадрҳо аз ин ҳисоб ҳал хоҳад шуд, — афзуд Тӯтиё Озодбекова.
Шояд баъд аз нашри матлаби мазкур масъулон ба фаъолияти Маркази вилоятии равонпизишкии вилояти Хатлон таваҷҷуҳ зоҳир намоянд…
Сулаймон СУЛТОНОВ, «Садои мардум»
Комментарии
Отправить комментарий