Дар Ҷайҳун парвариши зайтун ба роҳ монда шуд
Кишоварзони ноҳияи Ҷайҳун ҳар сол киштзорро васеъ карда, тавассути истифодаи самараноки обу замин, техникаву технологияҳои замонавии кишоварзӣ ва тухмии аълосифат дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳм мегузоранд.
Бино ба иттилои сардори Раёсати кишоварзии ноҳия Пирназар Нуров, соли равон дар майдони 14 ҳазору 956 гектар кишт шуд, ки нисбат ба соли гузашта 200 гектар зиёд мебошад.
- Дар 3 ҳазору 721 гектар пиёз кишт шудааст, ки ин нишондод дар қиёс ба соли гузашта 1025 гектар зиёд мебошад. Тибқи дурнамо бояд 141 ҳазор тонна пиёз ҷамъоварӣ шавад. То ҳол 25 ҳазор тонна ҷамъоварӣ гардида, се ҳазор тонна ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон содирот шуд, — гуфт ӯ.
Тибқи иттилои Пирназар Нуров, дар 135 гектар парвариши лимӯ ба роҳ монда шудааст. Аз ин масоҳат соли сипаришуда 3 ҳазору 169 тонна лимӯ ҷамъоварӣ гардид, ки аксарияти он ба хориҷи кишвар содирот шуд.
Заҳматкашони ноҳия роҳҳои нави парвариши маҳсулоти ҳаётан муфидро ҷустуҷӯ менамоянд. Соли равон аз ҷониби соҳибкори муваффақ Миршариф Шарифов дар хоҷагии деҳқонии «Миршариф», ки дорои 45 гектар замин мебошад, бори аввал нигоҳубини зайтун ба роҳ монда шуд. Ин соҳибкори чашмикордон ба Туркия сафар карда, бо парвариши зайтун шинос гардид. Дар баробари зайтун, аз хориҷи кишвар 13 ҳазор бех пистаи пайвандии хандон ворид карда, онҳоро дар 25 гектар замини хоҷагии деҳқониаш шинонид.
Дар боғи навбунёди ин хоҷагӣ, ки дар заминҳои солҳои зиёд бекормонда ташкил шудааст, ниҳоли зайтун, пистаи туркӣ ва бодоми ширин хуб нашъунамо доранд.
Соҳибкор бовар дорад, ки баъди чанд сол талошу заҳматаш самараи хуб ба бор хоҳад овард. Бахусус равғани аз дарахти зайтун истеҳсолшаванда, ки шифобахш маҳсуб мешавад, харидори зиёд пайдо мекунад.
Сулаймон СУЛТОНОВ, «Садои мардум»
Комментарии
Отправить комментарий