Хуросон. Оилаҳои зарардида соҳиби замин шуданд
№65 (4171) 02.06.2020
Ба 67 оилаи зарардидаи ноҳияи Хуросон, ки дар натиҷаи омадани сел аз хонаҳояшон маҳрум гардиданд, 0,08 гектарӣ замин тақсим шуд.
Тавре сардори бахши кор бо ҷомеаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон Муродҷон Муйдинов иттилоъ дод, ба оилаҳои зарардида асноди замин дастрас гардид. Қитъаҳои ҷудогардида аз селроҳа дур буда, соҳибонашон то бунёди хонаҳои нав дар хаймаҳо зиндагӣ хоҳанд кард.
Сулаймон СУЛТОНОВ, «Садои мардум»
Комментарии
Отправить комментарий