Хатлон. Чаро қарзи андоз кам намешавад? Ё ба виҷдони қарздорон метавон эътимод кард? (чандрасонаӣ)

 







Бақияи қарзи андоз дар вилояти Хатлон дар маҷмӯъ 196 миллион сомониро ташкил мекунад. Он ба маълумоти Раёсати андози вилояти Хатлон, имсол беш аз 27 миллион сомонӣ афзоиш ёфтааст. 

Қарз кам не, зам шуд

Абӯбакр Хушвахтов, сардори шуъбаи ситонидани қарзи андозҳои Раёсати андоз дар вилояти Хатлон гуфт, танҳо то 1-уми сентябри соли ҷорӣ бақияи қарзи андоз назар ба соли гузашта андаке беш аз 27 миллион сомонӣ зиёд шудааст. Ӯ мегӯяд, дар 14 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон бақияи қарзи андоз 1, 8 миллион сомонӣ кам шуда, дар 11 шаҳру ноҳияи дигар наздики 29 миллион сомонӣ афзудааст.

Шаҳру ноҳияҳое, ки бақияи қарзи андозро зиёд карданд, инҳо мебошанд: Бохтар (5,1 миллион сомонӣ), Кӯшониён (1,4 миллион сомонӣ), Вахш (3,7 миллион сомонӣ), Хуросон (2,5 миллион сомонӣ), Абдураҳмони Ҷомӣ (3,6 миллион сомонӣ), Ҷайҳун (3,1 миллион сомонӣ), Шаҳритӯс (4,4 миллион сомонӣ), Ёвон (96 ҳазор сомонӣ), Муъминобод (659 ҳазор сомонӣ), Восеъ (4,2 миллион сомонӣ), Темурмалик (345 ҳазор сомонӣ) ва Шамсиддин Шоҳин (68 ҳазор сомонӣ).


– Бақияи қарзи андози иҷтимоӣ дар вилоят бо назардошти иҷтимоии буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ маҷмӯъан беш аз 114 миллион сомониро ташкил медиҳад. Зиёда аз 50 миллион сомонӣ ба қарзи андози иҷтимоии ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ва наздики 64 миллион сомонӣ ба  қарзи андози иҷтимоии муассисаҳои ғайрибуҷетӣ рост меояд. Яъне сабаби асосии зиёд шудани бақияи қарз ин афзоиши қарзи андози иҷтимоии буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ аст. 



Барои кам кардани бақияи қарз давоми сол нисбат ба 3 ҳазору 720 андозсупорандаи қарздор 4 ҳазору 570 қарори маҷбуран ситонидани қарз ба маблағи 120 миллион сомонӣ қабул шуда, дар натиҷа ба буҷет беш аз 93 миллион сомонӣ ворид карда шуд, – иттилоъ дод А. Хушвахтов.



Чораҳои бенатиҷа?

Аммо сармутахассиси бахши ситонидани қарз дар нозироти андози ноҳияи Хуросон Маҳмадалӣ Беков мегӯяд, бақияи қарзи андоз дар ноҳияи болозикр наздики шаш миллион сомонӣ аст. Ин ҳам дар ҳолест, ки бақияи қарз дар соли 2019 ҳамагӣ се миллион сомонӣ буд.

“Аз ҷамъи умумии бақияи қарз 2 миллиону 700 ҳазор сомонии он ба ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ рост меояд. Барои пардохти қарз суратҳисоби Раёсати молияро бастем. Аммо, мутаассифона, ҳанӯз маблағ пардохт нашудааст”, – афзуд вай.

 Нақшаҳо иҷро нашуданд

Бадриддин Эмомализода, сардори Раёсати молия дар ноҳияи мазкур тасдиқ кард, ки аз моҳи июли имсол суратҳисоби раёсат маҳкам аст, то ин ки аз дигар хароҷотҳо пешгирӣ шавад.

Ӯ гуфт, бо иҷро нашудани нақшаи даҳмоҳаи андоз ба буҷет 1 миллиону 668 ҳазор сомонӣ кам ворид шудааст.

Қарз боиси нигаронӣ нест

Зафар Хоҷаев, сардори нозироти андоз дар ноҳияи Шаҳритӯс мегӯяд, мавҷудияти бақияи қарз ҷойи нигаронӣ надорад. Зеро он дер ва ё зуд рӯёнида хоҳад шуд.

— Дар соли ҷорӣ бақияи қарз андаке беш аз 4 миллиону 260 ҳазор сомонӣ афзоиш ёфт. Аммо мутмаинам, ки он марҳила ба марҳила пардохт мешавад, – таъкид кард вай.

Ситонидани қарз осон нест

– Бақияи қарзи андоз то ба 11 миллион сомонӣ расидааст, – гуфт Раҷаббек Саидов, мудири бахши баҳисобгирии даромадҳои нозироти андози ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва афзуд, ки мутаассифона, он аз аввали сол то имрӯз се миллион сомонӣ зиёд шудааст.

Ба қавли вай, мақомоти андоз роҳҳои пурраи рӯёнидани қарзро ҷустуҷӯ доранд. Вале он роҳҳо кадомҳоянд ва оё муассир хоҳанд буд, ин шахси масъул шарҳ дода натавонист. 

Фаъолият мекунанд, аммо андоз намесупоранд

Як манбаъ аз нозироти андоз дар ноҳияи Кӯшониён бо шарти зикр накардани номаш гуфт, ки бақияи қарз дар ин ноҳия аллакай ба 19 миллион сомонӣ расидааст. Қарз нисбат ба соли гузашта 400 ҳазор сомонӣ зиёд шудааст. Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Санги Вахш” ва Кооперативи тиҷоратии “Съезди 17-уми ҳизб” гарчанде фаъолияти пурсамар доранд, аммо аз андоз қарздоранд. Мутаассифона, эшон бо пеш овардани баҳона пардохти андози давлатиро ба фардову пас фардо мегузоранд. 

Аз таҷрибаи дигар кишварҳо

Абдураҳмон Наҷмиддинов, коршиноси масоили иқтисодӣ мегӯяд, яке аз сарчашмаҳои даромадҳои буҷет ин пардохт шудани бақияпулиҳои андоз аст. Вай меафзояд: “Кам кардан ва роҳ надодан ба пайдо шудани бақияи қарз бояд яке аз самтҳои асосӣ ва афзалиятноки фаъолияти мақомоти андоз, гумрук, молия ва дигар сохторҳои дахлдор бошад. 

Барои бар гардонидани бақияпулиҳои андоз ва пардохт намудани он ба буҷет аз ҷониби соҳибкорон ва дигар қарздорон дар таҷриба аз роҳҳои гуногун истифода менамоянд.

Албатта, сари вақт пардохт накардан ва пайдо шудани бақияи қарзи андоз сабабҳои гуногун дорад. Пеш аз ҳама, бояд сабаби пайдо гардидани бақияпулӣ муайян шуда, нисбат ба ҳар як андозсупорандаи қарздор дар доираи қонунгузории амалкунанда дар алоҳидагӣ аз рӯйи нақшаи корӣ корбарӣ карда шавад.

Дар таҷрибаи бисёр давлатҳо новобаста аз он, ки соҳибкор аз рӯйи пардохти андозҳо қарздор мемонад, сабабҳои пайдо гардидани қарздории ӯ пурра таҳлил карда мешавад ва вобаста ба он барои пардохт муҳлати мушаххас муқаррар карда мешавад. Агар сабабҳо воқеӣ, масалан, кам гардидани ҳаҷми истеҳсоли мол, кор ва ё хизматрасонӣ бошад, элементҳои гуногуни сабуккунандаи пардохти андоз пешбинӣ карда мешавад. Ҳамзамон, корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба пурсамар ва мақсаднок истифода бурдани дороиҳои молиявӣ, рушд додани бизнес ва дигар амалӣ мешаванд.

Боз дар таҷриба барои пардохт гардидани бақияпулиҳои андоз ба буҷет ташкил намудани гурӯҳҳои алоҳидаи корӣ аз ҳисоби кормандони масъули мақомоти молия, андоз ва ҳифзи ҳуқуқ васеъ истифода мешавад. Дар бисёр ҳолатҳо зимни ташкили гурӯҳҳои корӣ дар сатҳи ноҳияҳо ҷалб кардани намояндагон аз ҳисоби мақомоти болоӣ, масалан, ниҳодҳои вилоятӣ ва вазорату идораҳои соҳавӣ натиҷаи дилхоҳ медиҳад. Ба роҳ мондани фаҳмондадиҳии ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ бо ҳар як андозсупоранда ҳам ба мақсад мувофиқ аст”.

 

Супоридани қарз ҳавола ба виҷдон?


Бақияи қарз дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба таври пурра пардохт нашуда истода, он баръакс тамоюли афзудан дорад. Ба андешаи мо, масъулинро тадбирандешии мушаххас ва нисбатан қатъӣ мебояд, вагарна пардохти бақияи қарзи андоз боз ҳам ҳавола ба инсофи андозсупорандаҳои қарздор карда мешавад. Ё шояд масъулини муҳтарам назари дигар доранд? Мо – интизори посух.

Сулаймон Султонов

Машраби Аловиддин

Комментарии

Популярные сообщения из этого блога

Дуои хайри модаре, ки қариб 100 сол умр дорад

Ҳамовозӣ Манзили охирати қаҳрамонон бояд обод бошад!

Қарзи мушкилситон дар Хатлон. Имкони ҷамъоварии он ҳаст ё не?