То соли 2021 дар Хатлон бояд 13 ҳавзи шиноварӣ сохта шавад
№87 (4193) 18.07.2020
Мувофиқи иттилои сармутахассиси бахши варзиши дастгоҳи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон Дилшод Мадалиев, дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 33 ҳавзи шиноварӣ мавҷуд аст, ки аксарияти онҳо таъмирталаб буда, фаъолият намекунанд. Ӯ аз он нигаронӣ кард, ки бештари ҳавзҳои шиноварӣ танҳо дар рӯи коғаз мавҷуданд.
Барои мисол, дар ноҳияи Кӯшониён се ҳавзи шиноварӣ ба қайд гирифта шудааст, ки эҳтиёҷоти аҳолии ноҳияро қонеъ намесозад. Ин аст, ки аз шумораи умумии ғарқшудагон се нафар аз ин ноҳия мебошанд.
Ба гуфти Дилшод Мадалиев, шумораи ҳавзҳои шиноварӣ дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб чор адад, Бохтар – се, Левакант – ду, Норак – як, Ёвон – чор, Абдураҳмони Ҷомӣ – ду, Ҷалолиддини Балхӣ – як, Шаҳритуз – ду, Қубодиён – як, Данғара – ду, Ховалинг – ду, Восеъ – як ва Муъминобод ду адад мебошад. Аммо дар ноҳияҳои Хуросон, Дӯстӣ, Ҷайҳун, Панҷ, Носири Хусрав, Темурмалик, Балҷувон, Шамсиддин Шоҳин, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Фархор ҳавзи шиноварӣ мавҷуд нест.
Номбурда афзуд, ки тибқи нақша, бояд то соли 2021 дар вилоят 13 ҳавзи шиноварии нав сохта шавад. Лекин аз ин шумора дар соли 2019 ва шаш моҳи соли ҷорӣ ду ҳавз сохта шудаасту халос.
- Дар шаш моҳи соли равон дар кӯлу дарёҳои вилоят ҳафт сокин ғарқ шудаанд, — гуфт сардори бахши кор бо ҷомеаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон Муродҷон Муҳиддинов. Соли 2019- ум 23 кас ғарқ шуда буданд, ки 12 нафарашон ноболиғ буданд. Сабабҳои асосии ғарқшавии сокинон, агар аз як тараф кам будани ҳавзҳои шиноварӣ бошад, аз ҷониби дигар фарзандонро беназорат гузоштани волидон аст.
- Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон ба хотири огоҳии бештари сокинон пайваста корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронад. Аммо ин тадбирҳо баҳри пешгирии ғарқшавӣ ҳанӯз кофӣ нестанд. Зеро ҳавзҳои шиноварӣ дар вилоят кам буда, эҳтиёҷоти сокинонро қонеъ намесозанд, — афзуд ӯ.
Масъулини раёсатҳои молияи чанде аз шаҳру ноҳияҳои вилоят мегӯянд, аз ҳисоби буҷетҳои мақомоти маҳаллӣ ҷудо кардани маблағ барои сохтмони ҳавзҳои шиноварӣ дар шаҳру ноҳияҳо феълан имконпазир нест. Ба гуфти онҳо, танҳо бо ҷалби сармояи бахши хусусӣ ин масъаларо то ҷойе метавон ҳаллу фасл кард. Аммо аз рӯи мушоҳидаҳои солҳои охир, соҳибкорон барои сохтани ҳавзҳои шиноварӣ чандон ҳавасманд нестанд. Баҳона пеш меоранд, ки фаъолияти ин гуна иншоот мавсимӣ буда, манфиатовар нест.
Раисони аксар шаҳру ноҳияҳо ба ин суоли «Оё дар ду соли оянда сохтмони ҳавзҳои шиноварӣ ба нақша гирифта шудааст, ё не?» посухи якранг гуфтанд: «Мо дар ин самт корбарию коргузорӣ карда истодаем. То ҳол дар нақша нест. Дар оянда ҳатман ба нақша мегирем».
Дар ин самт кай корбарии воқеиро оғоз мекунанд, вақт нишон хоҳад дод.
Сулаймон СУЛТОНОВ, «Садои мардум»
Комментарии
Отправить комментарий