Бунёди бозор дар Хуросон
Бо иқдоми соҳибкори ватанӣ дар ноҳияи Хуросон сохтмони бозор оғоз шудаст, ки баъди ба истифода додани он беш аз 700 нафар соҳиби ҷойи кор хоҳанд шуд.
Тавре аз мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон хабар доданд, бозор дар шоҳроҳи Душанбе-Бохтар дар масоҳати шаш гектар замини бекорхобида бунёд шуда истодааст.
Маблағи сохтмон беш аз 4 миллион сомониро ташкил дода, дар он зиёда аз 120 нафар мутахассисони маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин шудаанд. Сохтмон моҳи октябри соли 2019-ум оғоз гардида, бояд соли 2021 ба анҷом расонида шавад.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Комментарии
Отправить комментарий