Бохтар лолазор мешавад
Баҳри сарсабзу хуррам гардонидан ва вусъат бахшидани корҳои ободонию кабудизоркунӣ дар маркази маъмурии вилояти Хатлон - шаҳри Бохтар як миллион гули лолаи ҳоландӣ шинонида шуд.
Бино ба иттилои сардори Корхонаи воҳиди давлатии “Ниҳолпарварӣ ва кабудизоркунӣ”-и шаҳри Бохтар Тоҷиддин Давлатзода ин миқдор тухми гули лола аз Ҳоланд, бо харҷи ду миллион сомонӣ харидорӣ шудааст.
Номбурда ҳамчунин гуфт, ки ба ғайр аз гули лола дар гулгашту хиёбонҳои маркази вилояти Хатлон зиёда аз 530 ҳазор гулҳои мавсимии виола, газания, садбарг ва гулкарам шинонида шудааст, ки нашъунамои онҳо хуб буда, шаҳри Бохтарро ба як макони гулҳо табдил додаанд.
Сулаймон Султонов
Комментарии
Отправить комментарий