НОСИРИ ХУСРАВ: НОҲИЯЕ БО АҲОЛИИ КАМУ ИМКОНИЯТҲОИ ЗИЁД

Давоми соли 2019 ба мавзеъҳои таърихию фарҳангию сайёҳии ноҳияи Носири Хусрав 14 ҳазору 573 нафар сайёҳон ташриф овардаанд, ки аз ин шумора 698 нафарашон сайёҳони хориҷӣ мебошанд, - гуфт раиси ноҳияи болозикр Нишонзода Даврон зимни нишасти матбуотӣ, ки 13-уми феврали соли ҷорӣ баргузор гардид. Зикр гардид, ки ноҳия барои рушди сайёҳӣ бо назардошти мавҷудияти обҳои минералӣ ва бахусус чашмаҳои шифобахш имкониятҳои мусоид дорад. Дар ноҳия 32 ёдгориҳои таърихӣ мавҷуд аст, ки машҳуртарини онҳо зиёратгоҳи “Чилучорчашма” ба шумор меравад. Зиёратгоҳи мазкур аз маркази ноҳия дар масофаи 4 километр дуртар ҷойгир аст, ки бо оби шифобахшаш дар тамоми ҷумҳурӣ ва берун аз он машҳур аст. Аз оби зулоли он тавассути канал сокинони 6 деҳа истифода мебаранд. Хати оби нӯшокии маркази ноҳия низ аз “Чилучорчашма” кашида шудааст. Инчунин, бо ин об 700 гектар киштзор обёрӣ мешавад. Дар назди зиёратгоҳ корхонаи хурде ҳаст, ки дар фаслҳои баҳору тобистон оби шифобахши чашмаро дар зарфҳо бастабандӣ мекунад. Ҳамасола ба ин мавзеи таърихӣ дар фасли тобистон то 10 ҳазор нафар сайёҳон ташриф меоранд. Дар ин баробар дар ноҳия мавзеъи таърихии “Қалъаи Бешкент” мавҷуд аст, ки ҳамасола аз инҷо низ сайёҳони зиёде дидан мекунанд. Сулаймон СУЛТОНОВ

Комментарии

Популярные сообщения из этого блога

Дуои хайри модаре, ки қариб 100 сол умр дорад

Ҳамовозӣ Манзили охирати қаҳрамонон бояд обод бошад!

Қарзи мушкилситон дар Хатлон. Имкони ҷамъоварии он ҳаст ё не?