Хатлон. 2,5 миллион нафар ба оби тозаи ошомиданӣ эҳтиёҷ доранд
Аз 2 миллиону 600 ҳазор нафар аҳолии вилояти Хатлон, ки дар деҳот умр ба сар мебаранд, танҳо 4,47 дарсад бо оби тозаи нӯшокӣ таъминанду халос. Дигарон эҳтиёҷотро аз обҳои полоишнаёфтаи зеризаминӣ, ҷӯй ва кӯлмакҳо қонеъ месозанд.
Мувофиқи маълумоти оморӣ, дар вилоят 1601 деҳа мавҷуд аст, ки дар онҳо 2 миллиону 683 ҳазору 900 нафар зиндагӣ мекунанд. Аз ин шумора 92 ҳазору 14 нафари онҳо бо оби тозаи нӯшокӣ таъминанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26-уми декабри соли 2018) зикр карданд, ки «Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд татбиқи 17 лоиҳаи давлатии сармоягузориро дар самти обтаъминкунии аҳолӣ дар ҳаҷми 2,4 миллиард сомонӣ оғоз кардааст, ки 50 фоизи онҳо то ба имрӯз амалӣ гардидаанд. Дар самти кишоварзӣ ва обёрии замин 35 лоиҳа ба маблағи умумии 5,4 миллиард сомонӣ татбиқ шуда истодааст. Аммо, чунонки таҳлилҳо нишон медиҳанд, зиёда аз 80 фоизи маблағ барои рушди шабакаҳои обрасонии маркази шаҳру ноҳияҳо равона мегардад. Зарур аст, ки ба ҳалли ин масъала дар деҳот низ таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда шавад, зеро беш аз 73 фоизи аҳолӣ дар он ҷо зиндагӣ мекунанд».
Воқеан ҳам шумораи аҳолии деҳот, ки ба системаи обтаъминкунӣ фаро гирифта нашудаанд, дар муқоиса ба шаҳр ду маротиба зиёд аст. Мушкили набудани оби тозаи нӯшокӣ бештар дар ноҳияҳои Хуросон, Ҷайҳун, Қубодиён, Носири Хусрав, Восеъ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Вахш ва Шаҳритуз ба чашм мерасад. Барои мисол, аз 14 ҳазору 417 нафар аҳолии маркази ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 7 ҳазору 800 нафар ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ доранд.
Тибқи маълумоте, ки аз зерсохтори КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» дар вилояти Хатлон дастрас кардем, барои таъмини аҳолии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо оби нӯшокӣ соли 2019 ягон сомонӣ ҷудо нашудааст. Аз буҷети маҳаллӣ ҷудо кардани 170 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шуд, аммо то ба ҳол рӯйи коғаз мондааст.
Сардори Корхонаи давлатии фаръии «Обтаъминкунии шаҳрак ва деҳот»-и ноҳияи мазкур Шарофиддин Ниъмонов иттилоъ дод, ки системаи обтаъминкунии маркази ноҳия солҳои 70-80 — и асри гузашта сохта шуда, алҳол фарсуда гаштааст, аммо аз набудани маблағ имкони таъмири онро надорем.
- Ҳар сол аз ҳисоби маблағҳои корхона ба қадри имкон насос ва қубурҳои обгузарро таъмир мекунем, вале ин кифоя нест, — гуфт ӯ.
Талошҳо барои дарёфти маълумот аз Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ оид ба шумораи деҳаҳои аз оби нӯшокӣ танқисидошта бенатиҷа анҷом ёфт. Раиси ноҳия Саиди Ёқубзод дар суҳбати телефонӣ зикр кард, ки дар ҳақиқат ин мушкил дар ноҳия ҷой дорад.
- Мо лоиҳаро ба маблағи 26 миллион доллари амрикоӣ ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ пешниҳод кардем. Агар он амалӣ гардад, бештари аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин мешаванд, — афзуд ӯ.
Муовини директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Хатлон Икром Барфаков зикр кард, ки тибқи санҷише, ки соли гузашта дар 15 шаҳру ноҳияи минтақаи Бохтари вилояти Хатлон гузарониданд, 29,7 фоизи аҳолии минтақа бо оби тозаи нӯшокӣ таъминанд. Аз ҷумла, 73,2 фоиз дар марказҳои маъмурӣ ва 20,8 фоиз дар деҳот бо оби тозаи нӯшокӣ дастрасӣ доранд. Боқимонда аз оби дарёҳо, ҷӯю канал ва обкаш эҳтиёҷотро қонеъ месозанд. Безарар будани ин гуна обҳоро мо кафолат дода наметавонем.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои зиёди меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла, 15 барнома, стратегия ва нақшаи амал оид ба таъмини аҳолӣ бо обро дар давраҳои гуногун таҳия ва мавриди амал қарор додааст, ки қисме аз онҳо ҳоло низ дар марҳалаи татбиқ қарор доранд.
Чунончӣ, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 2-юми декабри соли 2006 Барномаи давлатии «Беҳтар намудани таъмини аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оби тозаи нӯшокӣ барои солҳои 2008 — 2020» қабул гардид. Барои иҷрои барнома масъулини вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти маҳаллӣ вазифадор буданд, ки дар доираи имкониятҳои молиявӣ маблағ ҷудо кунанд. Аммо дар 11 моҳи соли ҷорӣ, ба истиснои шаҳри Кӯлоб (61 ҳазор сомонӣ) ва ноҳияи Қубодиён (20 ҳазор сомонӣ), дигар ягон шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон бо ин мақсад маблағ ҷудо накардаанд.
Тавре аз зерсохтори КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» дар вилоят иттилоъ доданд, барои таъмини марказҳои маъмурии шаҳру ноҳияҳо бо оби нӯшокӣ аз ҳисоби ҳама сарчашмаи маблағгузорӣ соли гузашта ҷудо кардани 14 миллиону 172,6 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шуд, аммо то ин замон 15 миллиону 178,8 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби ҳама сарчашма, ба ғайр аз буҷетҳои маҳаллӣ, маблағгузорӣ шудааст. Ҷоиз ба зикр аст, ки ин маблағ барои дастрасии бошандагони марказҳои маъмурии шаҳру ноҳияҳо бо оби ошомиданӣ масраф шудааст, на баҳри таъмини аҳолии деҳот.
Сардори Раёсати истифодаи оби нӯшокии деҳот ва чарогоҳҳои вилояти Хатлон Ҷумъабой Ғозиев гуфт, ки барои таъмини аҳолии деҳот солҳост мақомоти маҳаллӣ маблағ ҷудо намекунанд. «Аз ҳамин сабаб хатҳои оби нӯшокии зери тобеияти мо, ки аз даврони шӯравӣ мерос мондаанд, фарсуда шуда, ба таъмири асосӣ ниёз пайдо кардаанд. Чанде пеш намояндагони Бонки ҷаҳонӣ омада, ба маблағи 58 миллион доллари амрикоӣ харҷнома тартиб доданд, ки бар асоси он бояд панҷ ноҳияи вилояти Хатлон бо оби тоза таъмин шаванд. Агар ин лоиҳа амалӣ шавад, норасоии оби нӯшокӣ то андозае бартараф мегардад», — афзуд ӯ.
Ба назари инҷониб, тадбирҳои вобаста ба истиқболи шоистаи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ набояд танҳо бо бунёди иншооту сохтани марказҳои хизматрасонӣ маҳдуд шаванд. Тавре Пешвои миллат дар Паём таъкид карданд, «… мушкилоти таъминоти аҳолӣ бо оби босифати ошомиданӣ дар маҳалҳои аҳолинишин, махсусан, деҳот, бояд ҳал карда шаванд, бахусус, дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор, солҳои 2018-2028».
Сулаймон Султонов, «Садои мардум»
Комментарии
Отправить комментарий