МОИ "Панҷ". Хориҷиҳо аз вазъи Афғонистон дар андешаанд?
Минтақаи озоди иқтисодии “Панҷ”-и вилояти Хатлон дар тӯли 10 соли таъсис аз ҷиҳати саноатӣ ба як мавзеи барои Тоҷикистон судовар табдил ёфта истодааст. Аммо бо баҳонаи ба Афғонистони дар бисёр маврид ноором ҳамсарҳад будан соҳибкорони хориҷӣ бо эҳтиёт ба он сармоя гузоштан мехоҳанд.
Мақсад аз таъсиси минтақаҳои иқтисодӣ
Ба хотири рушди соҳаи саноат, ҷалби мустақими сармояи дохилию хориҷӣ ва таъсиси ҷойҳои нави кор шурӯъ аз соли 2008 Ҳукумати кишвар зарур шуморид, ки дар гӯшаҳои гуногуни Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодиро таъсис диҳад. Ҳамин тариқ, дар мамлакат панҷ минтақаи озоди иқтисодӣ, аз қабили “Панҷ”, “Суғд”, “Данғара”, “Ишкошим” ва “Кӯлоб” таъсис ёфтанд. Таъсис додани минтақаҳои озоди истисодӣ дар ҷалби мустақими сармояи дохилӣ ва хориҷӣ мусоидат карда, боиси ғанӣ гардидани иқтисоди мамлакат хоҳад шуд.
Таърихчаи МОИ “Панҷ”
МОИ-и “Панҷ” ҳанӯз соли 2008 дар масоҳати 401,6 гектар ба муҳлати 25 сол таъсис ёфта, то ин давра дар он ҷо 16 субъект ба қайд гирифта шудааст. Аз 16 субъекти ба қайд гирифташуда 8-тояшон аллакай ба фаъолият шурӯъ кардаанд. Самти фаъолияти субъектҳо истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ мебошанд.
“Кор аз сифр оғоз шуд”
Тавре зимни суҳбат сардори маъмурияти ин минтақа Ҳасан Маҳмадаминов иброз кард, дар ин ҷо кор аз сифр оғоз шудааст. “Дар заминҳои холӣ инфрасохтори зарурӣ бунёд карда шуд, ки ин кори саҳлу сода нест ва маблағи калон мехоҳад”, - афзуд ӯ.
Аз оғози фаъолият 15 миллиону 600 ҳазор сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ворид шудааст. Ва фақат дар муддати даҳ моҳи соли ҷорӣ 3,1 миллион сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ворид шудааст. Барои бунёди инфрасохтори зарурӣ аз оғози фаъолият то ин ҷониб аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ 7 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст. Аз ҳисоби маблағҳои худӣ 1 миллиону 200 ҳазор сомонӣ масраф шудааст. Аз масоҳати умумии дар ихтиёрдошта то ин замон дар 130 гектараш инфрасохтори зарурӣ бунёд шудааст.
МОИ “Панҷ” аз ду сектор иборат мебошад. Сектори 1-и он масоҳати 186 гектарро дар бар гирифта, аз ҳамлу нақл, савдо, содирот, воридот, молия ва инноватсия иборат мебошад. Сектори 2-юм бо ҳудуди 215,6 гектар ба соҳаи саноат дохил мешавад.
МОИ “Панҷ” дорои захираҳои бойи ашёи хом, ба монанди реги квартсӣ, нахи пахта ва маҳсулоти кишоварзӣ мебошад.
Дар давоми 10 моҳи соли ҷорӣ МОИ “Панҷ” ба маблағи 900 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардааст.
Барои беҳтар кардани сатҳи зиндагии мардум дар ин ҷо 76 нафар бо ҷойи кори доимию мавсимӣ таъмин шудаанд.
Истеҳсол: аз нефт то ҷуворӣ
Айни ҳол ду ширкати калон аз Афғонистон, ду ширкати калони чинӣ як ширкати муштараки тоҷикию белорусию қазоқистонию чинӣ, як ширкати муштараки тоҷикию эронӣ ва як ширкати ватанӣ дар минтақа фаъолияти густурда доранд. Дар баробари ширкатҳои хориҷӣ ширкатҳои ватанӣ низ дар минтақа хуб фаъолият доранд. Ба ин ширкати ватании “Фон – Дарё”-и соҳибкори ватанӣ Шоҳназар Абдуллоев мисол шуда метавонад. Самти фаъолияти он коркарди нафт, истеҳсоли маҳсулоти нафтӣ ва биоэтанол мебошад. Корхонаи мазкур иқтидори коркарди 20 ҳазор тонна нафтро дорост.
Корхонаи дигар ин ширкати соҳибкори ватанӣ Асрор Рофиев “Ансор групп” аст, ки ба истеҳсоли ғӯлачаҳои ҷуворимакка машғул аст. Корхона бо харҷи 100 ҳазор доллар сохта шуда, соле 100 тонна ҷувориро коркард мекунад. Маҳсулоти ин ширкати ватанӣ ҳам дар вилояти Хатлон ва ҳам дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон фурӯхта мешавад.
Дар баробари ширкатҳои ватанӣ ширкатҳои хориҷӣ низ фаъолияти чашмрас доранд. Ширкати “Буроқ”, ки ба сармоягузорони афғон тааллуқ дорад, ба истеҳсоли равғани офтобпараст аз ашёи хоми маҳаллӣ ва хориҷӣ машғул аст. Ин ширкат марҳила ба марҳила 2 миллион доллари америкоиро дар ин ҷода сарф карданист. Корхона иқтидори коркарди ду ҳазор тонна равған дар як солро дошта, маҳсулоти он ба давлатҳои Афғонистону Покистон содирот мешавад.
Ширкати покистонии “RA Interneshnl” истеҳсоли рахти хоб, ҷилди болишту ҷойпӯшро ба роҳ мондааст. Соле ин ширкат то 360 ҳазор маҷмӯи рахти хоб истеҳсол мекунад.
Коргоҳи “Танус” истеҳсоли пойафзоли мардона ва занонаро ба роҳ мондааст. Он бо масрафи 700 ҳазор доллари ИМА бунёд шуда истода, дар як сол имкони истеҳсоли 500 ҳазор ҷуфт пойафзолро дорад. Пойафзолҳои истеҳсолкардаи ин коргоҳ бо тамғаи “Танус” дар бозорҳои дохилӣ ва ҳам хориҷӣ, ба монанди Афғонистон, Покистон, Шри – Ланка, Қирғизистон ва Ӯзбекистон ба харидорон пешкаш мегарданд.
Намояндагони Ассотсиатсияи соҳибкорони Чин дар МОИ “Панҷ” таҳти унвони “Нури Сомониён” корхонаеро бунёд карда истодаанд, ки барои истеҳсоли аккумуляторҳо, панелҳои офтобӣ ва зарфҳои пластикӣ пешбинӣ шудааст. Аллакай як қисмати ин корхона ба фаъолият оғоз карда, то ин муддат 120 адад панели офтобӣ истеҳсол кардааст. Корхонаи мазкур давоми 5 сол бо маблағи 3 миллион доллар пурра сохта мешавад.
Бо ин вуҷуд...
Ҳамсуҳбати мо омили суст рушд кардани МОИ “Панҷ”-ро, дар қиёс ба дигар минтақаҳои озоди иқтисодӣ, ба ноамнии Афғонистон рабт дод. Ӯ гуфт, ки давоми сол сармоягузорони зиёд аз кишварҳои дӯст аз минтақа дидан карданд, зарфиятҳо ва имкониятҳои онро омӯхтанд, аммо бинобар наздик ба хати сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ҷойгир будани он, дудила баргаштанд. “Умедворем, ки бо мусолиматомез ҷамъбаст шудани натиҷаҳои интихоботи раиси ҷумҳури Афғонистон ва пайдо шудани эътимод ба вазъи ороми ин ҳамсоякишвар соҳибкорони хориҷӣ бо майли том ба МОИ “Панҷ” бештар сармоягузорӣ мекунанд”, - изофа кард Ҳ. Маҳмадаминов. Нияте, ки чӣ гуна татбиқ шудани онро вақт нишон медиҳад.
Сулаймон Султонов, “Садои мардум”
Комментарии
Отправить комментарий