Партовҳо сари вақт бароварда намешаванд. Сабаб чист?


Доғи рӯз

Фарсудаю таъмирталаб шудан ва нарасидани техникаи зарурӣ дар корхонаҳои фаръии давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и аксари шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон боиси сари вақт аз партов тоза нашудани марказҳои маъмурӣ гаштааст.
Зимни сафарҳои корӣ ба чанде аз ин шаҳру ноҳияҳо аз қабили Бохтар, Левакант, Кӯшониён, Вахш, Ҷалолиддини Балхӣ, Дӯстӣ, Ҷайҳун, Панҷ, Қубодиён, Шаҳритуз, Хуросон, Абдураҳмони Ҷомӣ  ва Ёвон мушоҳида кардем, ки марказҳои ин ноҳияҳо пур аз партов буда, нигаронии зиёди сокинонро ба бор овардааст.
Даҳҳо бошандаи маркази ноҳияи Шаҳритуз аз он шикоят карданд, ки партовҳо дар се-чор моҳ ҳамагӣ як маротиба кашонида мешаванд. Онҳо аз бӯйи ғализи партову анбӯҳи ҳашарот ҳоли хеле табоҳ доранд. Сокини маҳаллаи Ваҳдати маркази ноҳия Муҳаббат Раҳматуллоева 45 сол боз бо ҳамин суроғаи болозикр сукунат мекунад. Ӯ мегӯяд, партови назди хонаашон боре ҳам то ба охир бурда нашудааст. “Аз ноилоҷӣ маҷбур шудем партовҳоро оташ занем. Чунки дохили хонаҳо аз ҳар гуна ҳашароти зараррасон пур шуд. Ба тамоми ниҳодҳои дахлдор: ҷамоати шаҳрак, корхонаи коммуналӣ, маркази санитарию эпидемиологӣ, ҳифзи муҳити зист ва ҳатто мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия перомуни ин масъала муроҷиат кардем. Аммо касе чораҷӯӣ накард”, - гуфт ҳамсуҳбатам.
Чанде аз истиқоматкунандагони биноҳои бисёрошёнаи маркази маъмурии ноҳияи Кӯшониён – ҷамоати шаҳраки Исмоили Сомонӣ низ зимни суҳбат гуфтанд, ки ҳаққи хизмати КФД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-ро сари вақт пардохт мекунанд, вале партовҳо дар як моҳ як бор кашонида мешаванду халос.
Сабаби ин ноҷӯриро масъулини ниҳодҳои “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” дар шаҳру навоҳии вилоят ба фарсуда будани техникаю таҷҳизот ва набудани маблағ барои харидории техникаи нав рабт доданд.   
Ба гунаи мисол, ба иттилои директори корхонаи фаръии давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и ноҳияи Панҷ Далер Давлатов, аз ҳафт техникаи дарихтиёрдоштаи онҳо чортояш корношоям мебошад. “Аз набудани шароити хуби корӣ корхона наметавонад миқдори шартномаҳо бо муштариёнро зиёд кунад. Чунки имконияти кашонидани партовҳоро надорад. Вақте ки шартнома баста мешавад, бояд партовгоҳ сари вақт аз партов тоза карда шавад”, - афзуд ӯ.
Бинобар фаъолияти нокифоя корхонаи мазкур аз андоз 360 ҳазор сомонӣ қарздор шуда, суратҳисоби он то пардохт шудани ин маблағ баста шудааст. 38 корманд музди меҳнати худро барои моҳҳои июл ва август нагирифтаанд.
– Барои дастгирӣ ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия муроҷиат кардаем, - мегӯяд Далер Давлатов. - Масъулон ваъда карданд, ки кӯмак мекунем...”.
КФД ”Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ 12 техника дар ихтиёр дорад, ки аз онҳо дутояшон корношоям мебошанд. Бо ин ҳол, ба қавли сармуҳандиси он Отахон Сулмонов, онҳо кам не, якбора аз болои 32 партовгоҳи муваққатӣ ва як партовгоҳи асосӣ корҳои ҳамешагии тозакунию назоратро ба роҳ мемонанд.
“Маҳз барои партовкашонӣ чор техника ҷудо гардидааст, ки ин, албатта, басанда нест. Мушкили норасоии техника рӯз то рӯз шадидтар эҳсос мегардад. Барои харидани техникаи нав маблағи зиёд лозим. Аммо мо чунин имконият надорем”, - таъкид кард Отахон Сулмонов.
Аз суҳбат бо масъулони КФД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и ноҳияи Шаҳритуз маълум гардид, ки дороии корхонаи онҳо, ҳарчанд бояд ба беш аз 16 ҳазор сокини шаҳрак ва чандин ташкилоту идора хизмат расонад, ду  техникаи партовкаш ва чанд кажбелу каланд асту халос.
Дар ҳамин ҳол мудири шуъбаи санитарии Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳияи Шаҳритуз Далер Имомов иддао кард, ки дар масъалаи тозагии марказ ҳамарӯза тадбир андешида мешавад. “Афроде, ки ҳолати санитарию эпидемиологиро риоя намекунанд, ҷарима мешаванд”, - гуфт ӯ, аммо шарҳ надод, ки масъулон ҳам муҷозот шудаанд ё не.
 Роҳбари корхонаи мавриди назар дар ноҳияи Кӯшониён Киромиддин Аминов бо баҳонаи ин, ки ба вазифаи мазкур нав таъйин шудааст, доир ба вазъи партовгоҳҳои ноҳия изҳори бехабарӣ кард.
Дар ҳамаи он шаҳру ноҳияҳое, ки дар аввали мақола зикрашон рафт, айнан ҳамин камбудиҳо ҷой дошта, мушкили марбут ба кашонидани партовҳо, бо вуҷуди будани техникаҳои кофӣ, гоҳо ҳатто дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар низ мушоҳида мешавад.  

Мутаассифона, дар масъалаи маҳкам будани атрофи партовгоҳҳо ва доштани қуттиҳои махсуси партовафканӣ, ба истиснои шаҳри Бохтар, дар хусуси дигар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон ҳатто ҳоҷати ҳарф задан нест.
Дар маҷмуъ, ба иттилои мутахассиси соҳаи хоҷагии манзилию коммуналии намояндагии КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” дар вилояти Хатлон Рустам Гадоев, корхонаҳои коммуналии шаҳру ноҳияҳои вилоят дар мувозинаашон беш аз 790 нуқтаи расмии партовҷамъкунии муваққатӣ, 587 қуттии партовафканӣ ва дар маҷмуъ дар масоҳати 84,4 гектар партовгоҳҳои асосӣ ё худ марказӣ доранд. Аз 238 техникаву механизмҳо кам не, 88-тояшон корношоям ва таъмирталабанд. Ба ин суол, ки онҳо барои рафъи камбудиҳои корӣ чӣ тадбирҳо андешида истодаанд, чунин посух дод: “Корхонаи мо барои харидорӣ намудани техникаи наву замонавӣ ба КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост пешниҳод кардааст. Ва умедворем, ки рӯзҳои наздик масъалаи нарасидани техникаи партовкашӣ роҳи ҳалли худро пайдо мекунад”. 
   
Талоши мо барои гирифтани маълумот аз Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят, ки масъули ҳифзи муҳити зист ва назорати партовгоҳҳо дониста мешавад, пас аз муроҷиатҳои пай дар пай бенатиҷа анҷом ёфт.
Хуллас, дар сурате, ки муайянтарину муҳимтарин кор – саривақт кашонидан ва безарар сохтани партовҳо дар марказҳои маъмурии шаҳру ноҳияҳо дуруст иҷро намегардад, бар замми мушкилоте, ки дар боло зикр кардем,  хавфи сар задани ҳар гуна бемориҳо метавонад пеш ояд. Пас, масъулонро зарур аст, ки ба хотири таъмини солимии ҷомеа ва тозагии муҳити зист мушкилиҳоро дар фурсати кӯтоҳ ҳал карда, бо назардошти афзоиши аҳолӣ ва зам шудани сарборӣ фаъолиятҳои ояндаашонро ҷавобгӯй ба талаботи роҳбарияти олии мамлакат тарҳрезӣ кунанд.

Сулаймон Султонов, “Садои мардум” 

Комментарии

Популярные сообщения из этого блога

Дуои хайри модаре, ки қариб 100 сол умр дорад

Ҳамовозӣ Манзили охирати қаҳрамонон бояд обод бошад!

Хатлон. Чор мушкили меҳварии идораҳои коммуналӣ