Бонги изтироб! Мушкили бистсолаи панҷ оила дар Кӯшониён

Надоштани барқ, набудани роҳ, аз таълим дур мондани фарзандон боиси рӯҳафтодагии панҷ оила аз ноҳияи Кӯшониён гардидааст.
Соли 1999, дар натиҷаи баланд шудани сатҳи оби дарёи Вахш чанд манзили истиқоматӣ ва масҷиди деҳаи Дӯстии шаҳраки Бохтариёни ноҳияи Кӯшониён зери об монд. Панҷ оила ду километр дур аз деҳа бо замини наз­диҳавлигӣ таъмин шуданд. Онҳо дар ин макон манзил бунёд карданд. Мутасаддиён ҳамон вақт ваъда дода буданд, ки дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои дахлдор то ҷойи зисти онҳо хати барқ кашида, бунгоҳи тиббӣ, роҳ ва дигар инфрасохтори заруриро бунёд мекунанд. Аммо бо гузашти 20 сол ин ваъда амалӣ нашуд.
Аъзои оилаи Одинаевҳо яке аз онҳое мебошанд, ки 20 сол боз бо умеди беҳ шудани шароити зист мушкилоти зикршударо таҳаммул карда истодаанд.
Бонуи оила Санавбар Одинаева бо таассуф иброз дошт, ки бо супориши собиқ Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов раиси собиқи вилояти Хатлон Ғайбулло Авзалов муваззаф гардида буд, ки ин панҷ оиларо дар наздикии деҳа бо замин таъмин намояд. Аммо супориш бо сабабҳои норавшан амалӣ нашуд.
- Соли 2016 бо супориши муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим раиси собиқи ноҳияи Кӯшониён Ҷаббори Ғаффор низ вазифадор гардид, ки дар кӯтоҳтарин фурсат моро бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ таъмин созад. Мутаассифона, баъди чандин муроҷиати хаттӣ, аз ҷумла, 10 ариза, собиқ раиси ноҳия низ ин мушкилотро ҳал накард. Борҳо ҳангоми қабули шаҳрвандон ба собиқ раиси ноҳия шифоҳӣ низ муроҷиат намудем, лекин ваъда карданду амал не, — изҳор дошт ҳамсуҳбатам.
Оилаҳои зикршуда, ба унвони «Шабакаҳои барқи ҷанубӣ»-и минтақаи Бохтари вилояти Хатлон дар ­масъалаи мавҷуд набудани хати барқ 10 мактубу ариза ирсол кардаанд. Ба ШСХК «Барқи Тоҷик» ҳам муроҷиат намудаанд. Вале, ҳанӯз ҳам шабро бидуни барқ сипарӣ мекунанд.
- Бинобар дурии роҳ ду фарзандам аз таҳсил дур монд. Дар зимистон мошинҳои сабукрав ба ин ҷо омада наметавонанд. Лавозимоти барои таъмини рӯзгор харидаамонро бо мушкилии зиёд то хона меорем. Агар аз маркази вилоят то деҳаи «Дӯстӣ» роҳкиро 5 сомонӣ бошад, то хонаҳои мо кирокашҳо пас аз зорию тавалло бо пардохти 30-40 сомонӣ меоянд. Ҳангоми боришот ягон соҳиби нақлиёт розӣ намешавад, ки ба ин ҷо биёяд, — гуфт номбурда.
Маҳмадалӣ — фарзанди ҳамсуҳбатамон, ки чор сол боз дар яке аз мактабҳои хоҷагии Файзалӣ Саидови ноҳия ба таълиму тарбияи насли наврас машғул аст, чунин илова кард: «Ҳамчун омӯзгори ҷавон борҳо ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия муроҷиат кардам, аммо, ба қавле, аз санг садо ҳасту аз онҳо не. Ҳол он ки тибқи дастури Роҳбари давлат омӯзгорони ҷавоне, ки дар деҳот кор мекунанд, бояд бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ таъмин шаванд».
Раиси шаҳраки Бохтариён Абдуҷаббор Қурбонов бо тасдиқи он ки аз мушкилоти панҷ оила огоҳ аст, афзуд: «Дар ҳақиқат ин оилаҳо ба мо якчанд маротиба барои иваз кардани мавзеи зист муроҷиат карда буданд. Набудани роҳи дурусту бебарқӣ дар он ҷо воқеан ҷой дорад. Вале тибқи қонунҳои амалкунандаи кишвар додани қитъаи замини наздиҳавлигӣ дар салоҳияти мақомоти маҳаллии шаҳраку деҳот нест. Оид ба ин масъала бояд мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия чораҷӯӣ кунад».
Раиси тозатаъини ноҳияи Кӯшониён Икромиддин Вализода пас аз суолгузории мо перомуни ин масъала зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки «агар мо заминҳои кишоварзиро тақсим кардан гирем, ба ҳадафи стратегии Ҳукумати мамлакат — таъмини амнияти озуқаворӣ ноил шуда наметавонем». Дар идома ӯ изофа кард: «Тақдири ҳар як шаҳрванди ноҳия барои мо дар мадди аввал меистад. Ҳатман ин масъаларо дида мебароем. Мувофиқи имкониятҳо кумаки хешро мерасонем».
Хулоса, дар давоми 20 сол раисони собиқи ноҳияи Кӯшониён мушкилоти онҳоро ҳал накарданд, акнун умеди онҳо танҳо ба Икромиддин Вализода аст. Шояд ӯ ба ин масъала таваҷҷуҳ зоҳир намояд.
 Сулаймон СУЛТОНОВ,

«Садои мардум»

Комментарии

Популярные сообщения из этого блога

Дуои хайри модаре, ки қариб 100 сол умр дорад

Ҳамовозӣ Манзили охирати қаҳрамонон бояд обод бошад!

Қарзи мушкилситон дар Хатлон. Имкони ҷамъоварии он ҳаст ё не?