Дӯстӣ. Хоҷагидорон аз ҳосили рӯёнида қаноатманданд

Деҳқонони ноҳияи Дӯстӣ дар тӯли 5 моҳи соли ҷорӣ ба хориҷи кишвар қариб 15 ҳазор тонна полезӣ содирот намуданд, ки ин нишондод 50 дарсади иҷрои нақшаро ташкил медиҳад.
Тибқи иттилои раиси ноҳия Нурмуҳаммад Саидзода, барои соли 2019 нақшаи содироти маҳсулоти полезӣ ба хориҷи кишвар 29 ҳазору 900 тонна муайян гардидааст.
- Феълан ҳосил зиёд аст ва имкони аз ин ҳам бештар содирот кардан мавҷуд мебошад, — иброз намуд Н. Саидзода. — Дар ноҳия парвариши пиёз низ хуб ба роҳ монда шуда, тибқи нақша, бояд 9 ҳазору 800 тонна ҳосил ҷамъоварӣ мегардид. Дуруст ба роҳ мондани парвариши ин намуди маҳсулот имкон фароҳам овард, ки нақша беш аз 100 фоиз иҷро шуда, 10 ҳазору 535 тонна пиёз ҷамъоварӣ шавад.
Аҳли заҳмати ноҳия феълан саргарми ҷамъоварии пиёз ва полезӣ буда, аз ҳосили рӯёнида қаноатманданд.
Сулаймон Султонов, «Садои мардум»

Комментарии

Популярные сообщения из этого блога

Дуои хайри модаре, ки қариб 100 сол умр дорад

Ҳамовозӣ Манзили охирати қаҳрамонон бояд обод бошад!

Қарзи мушкилситон дар Хатлон. Имкони ҷамъоварии он ҳаст ё не?