Ин “ҷиҳод” не, бозиҳои геополистикист!
Тибқи
маълумоти
мақомоти
Тоҷикистон, таҳлили
парвандаҳои ҷиноятӣ нишон додааст,
ки беш аз 75 фоизи дастгиршудагон ҳангоми муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷи кишвар
ба созмону ташкилотҳои экстремистӣ ва террористӣ ҷалб гардидаанд ва синну соли
беш аз 52 фоизи онҳоро ҷавонони
аз 18 то 30 — сола ташкил медиҳад.
Гуфта мешавад аксари ин ҷавонон ба доми
мубаллиғони интернетӣ афтодаанд.
Коршиносон омили асосии ин
равандро дар камсаводии
диниву истифодаи нодуруст аз шабакаҳои интернетӣ арзёбӣ мекунанд.
Ифротгароӣ, ё ба истиллоҳи
дигар - экстремизм
дар шароити феълии ҷаҳонишавӣ дар ҳар гӯшаву канори дунё, махсусан
кишварҳои мусулмонӣ нооромию бесуботиро
ба дунбол дорад.
Қурбоналӣ Раҷабзода яке аз ҷавононе мебошад, ки ба доми фиребу
найранги чунин гуруҳҳои ифротӣ афтодааст. Ӯ барои пешбурди зиндагии худ ва
наздиконаш ба Федератсияи Россия сафар карда, дар онҷо ба тиҷорат машғул
мешавад. Аммо баъди чанде бо даъвати як ҳамсинфаш ба Туркия сафар намуд. Баъди чанд рӯзи истиқомат дар
Туркия огоҳ мешавад, ки ба доми фиреби
одамрабоён
афтидааст. Аз ин рӯ, аз
фикраш гашта, ба Ватан бармегардад.
Парвиз Набиев,
ҷавони дигаре мебошад, ки ба хотири “ҷиҳод” ба Туркия сафар карда,
мехост бо гуруҳи тундрави “Давлати Исломӣ” (дар Тоҷикистон гуруҳи ифротӣ ва
манъшуда эълон шудааст) бипайвандад. Ӯ зимни суҳбат бо мо ин ҳодисаро чунин
шарҳ дод:
-
Ба
мо дар Туркия бештар дарсҳои ҷиҳодиро меомӯзониданд. Рӯзе
моро бо мошин ба самти номаълуме мебурданд. Мо намедонистем, ки ба куҷо
меравем. Дар роҳ, хайрият
моро кормандони ҳифзи ҳуқуқ дастгир карда, ба Анқара оварданд. Муддати чор моҳ
дар яке аз шуъбаҳои ҳифзи ҳуқуқи ин шаҳр моро боздошт намуда, баъдан моро ба Белоруссия фиристоданд. Дертар аз ин кишвар ба Тоҷикистон
баргаштем.
Ба гуфтаи руҳонии точик Меъроҷиддин Назруллоев яке аз сабабҳои асосии ба доми ин гуруҳҳои ифротӣ
афтодани ҷавонони тоҷик аз бесаводист:
-Ин баҳси нав нест. Ҳатто дар давраи Паёмбари Худо, Ҳазрати Муҳаммади
Мустафо (с) дар байни мусалмонон нафароне буданд, ки бо ниқоби ислом аз дини
Ислом суистифода мебурданд ва мақсадҳои нопоки худро амалӣ мекарданд.
Аммо бесаводии диниву дунявӣ танҳо сабабе нест, ки ҷавонони тоҷикро ба
гуруҳҳои ифротӣ мебарад. Журналисти тоҷик Абдулмуъмин Шерхонов, ки ин
мавзӯъҳоро зиёд пайгирӣ намудааст, ҳамчунин сабабҳои дигари ҷиддиро низ аз
асосиҳо медонад:
-
Фазосозӣ
ва ҷалби ҷавонони тоҷик ба ин гуна гуруҳҳо солҳо қабл дар Тоҷикистон
барномарезӣ шуда буд. Пушти барномаҳои ҷалби ҷавонон ба гуруҳҳои тундрав маълум
аст, ки созмонҳои кишварҳои хориҷӣ, ки ба хайри давлату миллати мо нестанд,
истодаанд. Шурӯъ аз соли 2003 дар Тоҷикистон тарғиботи хеле густурда барои
мағзшӯйии ҷавонон оғоз гардид. Дар ҳар минтақа гуруҳе аз руҳониён пайдо шуданд,
ки ҳар гунае мехостанд мавъиза мекарданду ҷавононро ҷалб мекарданд. Онҳо
аввалин коре, ки анҷом доданд, исломи анъанавии моро, ки муътадил буду ҷангу
ҷидолҳоро ҷонибдорӣ намекард, шикастанӣ шуданд.
Ба андешаи ин таҳлилгар, омилҳои пайвастани ҷавонон ба ин гуна гуруҳҳо
гуногун мебошад. Ӯ мегӯяд, аввалан онҳое ҷалб мешаванд, ки маълумоти ибтидоии
нодуруст аз дини мубини Ислом гирифтаанд. Баъдан нафароне ҷалб мешаванд, ки
аксарият ба ягон мушкилии иҷтимоие гирифтор шудаанд. Масалан, ихтилофоти хонаводагӣ доранд,
бе падару модар ба воя расидаанд, қарзи калон доранд ва мисли ин.
Хатари ба ин гуруҳҳои ифротӣ пайвастани ҷавононро руҳониёну коршиносон хеле
ҷиддӣ арзёбӣ карда, мегӯянд, ки ин гумроҳонро аввал аз муҳаббати волидону хешу
табор ва Ватан дур карда, онҳоро ба як одами манкурт табдил медиҳанд:
-Ҷавононе, ки омодаи иштирок дар чунин
низоъҳои мазҳабӣ мешаванд, оё боре андешаи обрӯ ва нуфузи падару модар,
оила ва билохира давлату миллати худро мекунанд? Не! Зеро онҳоро он қадаре мағзшӯӣ мекунанд,
ки дигар барояшон ягон арзишу муқаддасот боқӣ намемонад. Ҳол он ки аз рӯи
таълимоти динӣ хизмат ба волидайн ҳазорҳо маротиба афзалтар аз чунин “ҷиҳод” аст ва дӯст доштани Ватан ин
худ имондорист, - мегӯяд руҳонӣ Меъроҷиддин Назруллоев.
Аз ҳамин хотир, коршиносон терроризм ва экстремизмро ҳамчун вабои қотили
аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра арзёбӣ намуда, барои зиндагии
минбаъдаи башарият хатари бузург ҳисоб мекунанд. Биноан, онҳо аз ҷавонон даъват менамоянд, ки
бояд дурбин бошанду эҳсос намоянд, ки дар пушти ин гуна “ҷиҳодҳо”, ки ба дин
ягон рабт надорад, бозиҳои бузурги сиёсӣ ва геополитикӣ нуҳуфтааст. “Агар ин
нуктаро амиқ дарк намоянд, ҳатман побанди гуруҳҳои ифротӣ нахоҳанд шуд” мегӯянд
онҳо.
Сулаймон
Султонов
Комментарии
Отправить комментарий