Левакант. Соли 2018 аз 28 корхонаи саноатӣ сетоаш фаъолият накард
Моҳҳои январ – феврали соли ҷорӣ бо сабаби фаъолият накардани корхонаҳои саноатии шаҳри Левакант ба буҷет 1 миллиону 300 ҳазор сомонӣ ворид нагардид.
Бино ба иттилои мутахассиси пешбари бахши саноату манзили Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр Олимҷон Файзуллоев, дар Левакант 28 корхонаи саноатӣ ба қайд гирифта шудааст, ки соли 2018-ум се ададаш фаъолият накард.
Илова ба ин, ҶСК «Нуриҳои Осиё», ки тибқи созишнома бояд моҳи феврали соли 2018 фаъолияташ оғоз мегардид, аз сабаби сари вақт ворид нашудани дастгоҳу таҷҳизоти лозимӣ ба кор шурӯъ накард.
Агар корхонаи мазкур дар муҳлати муайяншуда ба фаъолият оғоз мекард, ҳазорҳо сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, ба буҷет даҳҳо миллион сомонӣ ворид мегардид.
ҶДММ «Орди рушди Хатлон», ҶДММ «Беҳзод» ва ҶДММ «Абубакри Дилшод» бо сабаби надоштани маҳсулоти хом, фарсудагии таҷҳизот, қарздорӣ аз андоз соли 2018 тамоман фаъолият накарда, дар ҶДММ «Субҳи Сарбанд», ҶДММ «Рамзи Ваҳдат», ҶДММ «Холмуроди Қодир», ҶДММ «Имоб», ҶДММ «Ҳоҷӣ Рамазон» ва ҶДММ «Интерстрой» нақшаи истеҳсол пурра иҷро нагардид.
Сардори Раёсати молияи шаҳри Левакант Салоҳиддин Саидзода зикр кард, ки агар корхонаҳои саноатӣ муназзам фаъолият мекарданд, аз иҷрои нақша пурра мебаромадем. Биноан, моҳҳои январу феврал нақшаи қисми даромади буҷет иҷро нагардид.
Хостем бо масъулини Нозироти андоз оид ба ин масъала суҳбат намоем, аммо муовини сардори Нозироти андози шаҳри Левакант Хайриддин Ализода бо ҳар баҳона аз суҳбат худдорӣ намуд. Ӯ баҳона пеш меовард, ки ба онҳо аз Раёсати андози вилояти Хатлон иҷозати суҳбат бо журналистонро намедиҳанд.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми миллӣ эълон намуданд. Дар робита ба ин, роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор шудаанд, ки фаъолиятро доир ба ҷалби сармоя, бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ, ба кор андохтани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда ва ташкили ҷойҳои корӣ вусъат бахшанд ва доир ба иҷрои корҳо ҳар нимсола ба Ҳукумати мамлакат ҳисобот пешниҳод намоянд.
Мушоҳидаҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки шумораи корхонаҳои саноатии аз фаъолият бозмонда дар вилояти Хатлон зиёд аст. Биноан, масъулин ва соҳибкоронро зарур аст, ки барои фаъолгардонии онҳо аз ҳама имконият истифода баранд, зеро рушди иқтисоди кишвар ва коҳиши сатҳи бекорӣ маҳз аз ин омил вобаста аст.
Сулаймон Султонов,
«Садои мардум»
Комментарии
Отправить комментарий