Боғи марказии Бохтар симои нав мегирад

Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ва саҳми соҳибкорони ватанӣ таъмиру азнавсозии боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Раҳмон Мурчаев оғоз гардид.
Мудири шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳр Ятимзода Валиҷон иброз намуд, ки барои навсозии боғ 1 миллион сомонӣ ҷудо ва муҳлати анҷоми корҳо то ҷашни Наврӯз муайян гардидааст. Бино ба гуфти ӯ, ҳамчунин, барои харидорӣ намудани 18 намуд атраксиони замонавӣ 3 миллион сомонии дигар низ пешбинӣ шудааст. Баъди навсозӣ гардидани боғ, дар баробари фароҳам омадани шароит барои истироҳат, наздик ба 70 сокини маҳаллӣ ба кори доимӣ таъмин хоҳад шуд.
Сулаймон Султонов,
«Садои мардум»

Комментарии

Популярные сообщения из этого блога

Дуои хайри модаре, ки қариб 100 сол умр дорад

Ҳамовозӣ Манзили охирати қаҳрамонон бояд обод бошад!

Хатлон. Чор мушкили меҳварии идораҳои коммуналӣ