Доғи рӯз Бохтар. Тамбашавии нақлиёт кай бартараф мешавад?

Сокинони маркази вилояти Хатлонро тамбашавии нақлиёт, доду фарёди гӯшхароши ронандагони атрофи бозори «Фаровони Қӯрғонтеппа»-и шаҳри Бохтар сахт нигарон кардааст.
Онҳо шикоят доранд, ки дар вақти гузаштан аз роҳҳои гирду атрофи бозор аз зиёд будани мошин, набудани тартибу низом ва таваққуфгоҳ ба ҷонашон хатар таҳдид мекунад. Дар баробари доду фарёди баланди ронандагон, барои «ҷалб»-и мизоҷон, дашному ҷанҷол ва занозанӣ низ ба амал меояд. Корафтодаҳое, ки бо мошинҳои шахсӣ ба бозор меоянд, аз набудани ҷой дар атрофи бозор нақлиёти худро дур монда, масофаи зиёдро пиёда тай менамоянд. Бо вуҷуди сохтани роҳи зеризаминӣ дар паҳлуи бозор ва мавҷуд будани таваққуфгоҳи хурде, ки бо номи «Аҳмадбозор» маъруф аст, ин мушкил ҳанӯз ҳалли худро наёфтааст.
Хостем бо масъулини Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти вилояти Хатлон оид ба ин масъала суҳбат намоем. Бо вуҷуди кӯшишҳои зиёд моро муяссар нагардид, ки аз масъулини он посух дарёфт кунем. Тавонистем муовини сардори раёсат Маҳмадалӣ Рафиевро пайдо намоем, вале ӯ, бо баҳонаи он ки ба шаҳри Норак сафар мекунад, аз суҳбат худдорӣ намуд.
Билохира, зимни нишасти матбуотии раёсат ба суолҳои худ ҷавоб гирифтем. Маҳмадалӣ Рафиев иброз намуд, ки ҷамъиятҳои мусофиркашонӣ бояд аз озмун гузашта, баъд ба фаъолият оғоз намоянд. — Мутаассифона, на ҳама ҷамъиятҳое, ки айни ҳол фаъолият менамоянд, аз озмун гузаштаанд. Хадамот ба Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон пешниҳод намуд, ки фаъолияти онҳо бознигарӣ шавад, — гуфт ӯ.
Инчунин, зикр кард, ки соли 2018 дар натиҷаи санҷиши 10 ҷамъияту ширкати нақлиётӣ нисбат ба ду терминали нақлиёт барои иҷро накардани шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ мутобиқи моддаи 511 протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, барои баррасӣ ба суд ирсол карда шуд. Ба 10 ҷамъияту ширкати нақлиётӣ барои ислоҳи камбудиҳо амрнома ва барои иҷро нагардидани онҳо нисбат ба 4 терминали мусофирбар дар асоси моддаи дар боло зикргардида протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд. Бинобар ҷой доштани камбудиҳо иҷозатномаи ҶДММ «Хатлонтранс»-и шаҳри Бохтар оид ба фаъолият ба муҳлати 1 моҳ бозхонд карда шуд.
Гузашта аз ин, қайд гардид, ки дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон 15 ҷамъияту ширкати мусофиркашонию боркашонӣ, 12 терминали мусофиркашонӣ ва 8145 воситаи нақлиёт дар асоси иҷозатнома фаъолият менамояд.
Бино ба иттилои сардори шуъбаи назорати қонунҳо дар самти нақлиёту гумруки Прокуратураи вилояти Хатлон Сайдалӣ Бобозода, соли 2018 дар ҶДММ «Сафар К», ҶДММ «Қӯрғонтеппатранс», ҶДММ «Нурафкан» ва Терминали мусофирбари шаҳри Бохтар бо иштироки мутахассисони соҳаи дахлдор санҷиш гузаронида, муайян карда шудааст, ки дар ҷамъиятҳо китоби бақайдгирӣ мавҷуд нест. Ҳолатҳое ошкор шудаанд, ки аз 1 то 3 сомонӣ маблағ гирифта мешавад, аммо расид дода намешавад. Бо дарназардошти камбудиҳои ҷой­дошта нисбат ба 4 директори ҷамъиятҳо мутобиқи моддаи 511 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз гардида, ба суд ирсол карда шуд.
- Дар ҳолати гузаронидани санҷишҳои навбатӣ, агар камбудиҳои ошкоргардида такрор шавад, ба мақомоти назоратӣ аз тарафи прокуратура пешниҳоди боз­хонд кардани иҷозатномаи фаъолият дода мешавад, — илова намуд Сайдалӣ Бобозода.
Искандар Солеҳзода сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон зикр намуд, ки сабаби асосии тамбашавии нақлиёт дар атрофи бозор набудани таваққуфгоҳи ҷавобгӯйи талабот аст.
Хостем бо масъулини Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар суҳбат намоем, ки оё ягон нақша барои бартараф кардани тамбашавии нақлиёт ва батар­тибоварии атрофи бозор доранд? Вале, бо вуҷуди такрор ба такрор занг задан ва се маротиба ба утоқи кории шахси масъул — Афзал Юсуфзода рафтан ба мо муяссар нагардид, ки бо он кас ҳамсуҳбат шавем. Ҳар дафъа ваъда ба фардо медоданд.
Ба ҳар эҳтимол гумон дорем, ки пас аз мутолиаи ин матлаб масъулини Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ва идораҳои дахлдор ба мушкилоти зикршуда таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд.
Сулаймон СУЛТОНОВ,

«Садои мардум»

Комментарии

Популярные сообщения из этого блога

Дуои хайри модаре, ки қариб 100 сол умр дорад

Ҳамовозӣ Манзили охирати қаҳрамонон бояд обод бошад!

Қарзи мушкилситон дар Хатлон. Имкони ҷамъоварии он ҳаст ё не?