Норасоии китобҳои дарсӣ. Он кай бартараф карда мешавад?
Ҳар сол барои табъу нашри китобҳои дарсӣ аз буҷети кишвар маблағи зиёд ҷудо гардида, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хонандагони муассисаҳои таълимиро бо китобҳои дарсӣ таъмин мекунад. Мутаассифона, то кунун дар муассисаҳои таълимии қисме аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон норасоии китобҳои дарсӣ мушкилоти меҳварӣ аст. Дар маҷмӯъ, шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо барои дастрас намудани 2 миллиону 536 ҳазору 122 нусха китоб барои соли таҳсили 2019-2020 ба вазорат дархост пешниҳод намудаанд.
Мирзо Эшов, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Қубодиён зикр намуд, ки дар муассисаҳои таълимии ноҳия норасоии 79 ҳазор китоби дарсӣ вуҷуд дорад. Аз суҳбат бо чанде аз китобдорони муассисаҳои таълимии ноҳия маълум гардид, ки мушкил қариб дар ҳама муассисаҳо вуҷуд дорад.
Бароталӣ Ғафуров, мушовир оид ба китобхонаҳои муассисаҳои таълимии шуъбаи маорифи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ гуфт, ки аз сабаби ҳар сол зиёд шудани теъдоди хонандагони синфҳои поёнӣ эҳтиёҷ ба китобҳои дарсӣ зиёд мешавад. Ҳоло муассисаҳои таълимӣ ба 51 ҳазору 562 нусха китоб эҳтиёҷ доранд. Бино ба иттилои ӯ, бояд рӯзҳои наздик воридшавии 12 номгӯйи китобҳои дарсӣ бо теъдоди 30 ҳазору 650 нусха оғоз гардад.
Дар ноҳияи Шаҳритуз низ ин мушкилӣ вуҷуд дорад. Бино ба гуфти мудири шуъбаи маорифи ноҳия Комил Очилдиев, дар муассисаҳои таълимӣ анқариб 40 ҳазор нусха китоб намерасад.
- Дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳила ба марҳила ин мушкилро бартараф намуда истодаем. Боварӣ дорам, ки он то соли 2020 ҳалли худро пайдо мекунад, — илова намуд К. Очилдиев.
Ҳарчанд норасоии китобҳои дарсӣ дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ вуҷуд дорад, аммо китобдори шуъбаи маорифи ноҳия — Умар Қодиров бо боварӣ гуфт, ки «дар муассисаҳои таълимӣ норасоии китоб умуман вуҷуд надорад».
Баръакси гуфтаҳои ӯ омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 50 Ҳасан Раҳимқулов зикр намуд, ки аз набудани китобҳои дарсӣ китобҳои фарсударо истифода мебаранд, ки ба барномаи таълим мутобиқат намекунанд.
Хайрулло Рафиқов, мудири кабинети методӣ ва ҳамзамон иҷрокунандаи вазифаи мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Ҷайҳун гуфт, ки дар оғози соли таҳсил зиёда аз 7 ҳазор нусха китоби дарсӣ дар муассисаҳои таълимӣ намерасид. Баъди ирсоли дархост ба Вазорати маориф ва илм қисман норасоӣ бартараф гардид.
Ин мушкил хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Вахшро низ нигарон кардааст. Аҳдия Саидова, хонандаи муассисаи таълимии рақами 3-и ноҳия гуфт, ки: «китобҳои дарсӣ, аз ҷумла забонҳои русиву англисӣ намерасад, ки дар раванди таълим таъсири манфӣ мерасонад».
Масъулини шуъбаи маорифи ноҳияи Вахш мегӯянд, ки мактабҳо ба 10 ҳазор китоби дарсӣ ниёз доранд.
Сармутахассиси маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмӣ — методии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатмурод Ишмуродов норасоии китобҳои дарсиро ба соҳибтахассус набудани китобдорони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон рабт дод. Аз суханони ӯ маълум гардид, ки дар 1338 муассисаи таълимии вилояти Хатлон 46 китобдори соҳибтахассус фаъолият доранд.
Аз суҳбат бо чанде аз китобдорони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон маълум гардид, ки пули барои истифодаи китобҳо ҷамъоваришуда барои бознашри китобҳои нав масраф мешавад. Суоле пайдо мешавад, ки агар маблағи ҷамъовардашуда барои нашри китобҳои нав сарф шавад, пас чаро то кунун хонандагони қисме аз муассисаҳои таълимии вилояти Хатлон аз китобҳои фарсуда истифода мебаранду мушкилоти норасоии китоб бартараф намешавад?
Сулаймон Султонов, «Садои мардум»
Комментарии
Отправить комментарий