Зиёда аз 7 ҳазор сайёҳи хориҷӣ аз вилояти Хатлон дидан намуданд


Меҳнаткашони вилояти Хатлон соли 2018- ро бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст карданд. Тавре раиси вилоят Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар Иҷлосияи 16-уми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати панҷум иттилоъ дод, дар соли сипаришуда маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ ба 106, 7 дарсад баробар гардид. Қисми даромади буҷети вилоят 102,8 фоиз таъмин ва ба буҷет 960,5 миллион сомонӣ маблағ ворид шуд, ки нисбат ба нақша 28 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Аз якуми сентябри соли 2018 вобаста ба зиёд шудани музди меҳнат 432 миллион сомонӣ барои маош ва 14,3 миллион сомонӣ барои пардохти нафақа аз ҳисоби буҷети вилоят ҷудо гардид. Дар ин давра ба вилоят 74 миллион сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ворид шуд. Нишондоди мазкур аз ҳисоби фонди дастгирии соҳибкории Ҷумҳурии Тоҷикистон 10,5 миллион сомониро ташкил медиҳад. Ин натиҷаи ҳамкориҳои самарабахши Тоҷикистон бо созмону ташкилотҳои бонуфузи хориҷӣ ва рушди соҳибкорӣ дар вилояти Хатлон мебошад.

Соҳаи кишоварзӣ низ дар ҳоли рушд қарор дорад. Ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ дар вилоят ба 11,7 миллиард сомонӣ расид, ки нисбат ба соли 2017- ум 156 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Соли гузашта дар майдони 983 гектар боғу токзорҳои нав бунёд ва майдони боғҳои интенсивӣ ба 221 гектар расонида шуд. Майдони гармхонаҳо 449 гектарро ташкил медиҳад. Соли 2018 ба хориҷи кишвар 96 ҳазор тонна маҳсулот содирот гардид, ки дурнаморо 153 фоиз таъмин мекунад. Мувофиқи маълумоти оморӣ кишоварзони вилоят 188 ҳазор тонна пахта истеҳсол карда, дурнаморо 71 фоиз таъмин намуданд. Дар соли рафта 3 ҳазору 343 гектар замин ба гардиши кишоварзӣ ворид ва ҳолати мелиоративии заминҳо дар вилоят беҳтар карда шуд.
Корхонаҳои саноатӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро дар якҷоягӣ бо бахши хусусӣ ба 6,7 миллиард сомонӣ расониданд, ки нисбат ба соли 2017- ум 838 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар вилоят 69 корхона ва коргоҳи нави саноатӣ бунёд ва 955 нафар ба ҷойи кор таъмин гашт. То ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят боз бунёди 232 корхонаи нави саноатӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар маҷмӯъ, дар давоми се соли оянда дар вилоят бунёди 6 ҳазор иншооти гуногун ба нақша гирифта шудааст, ки аллакай 1 ҳазору 163 адади он мавриди истифода қарор гирифтаанд.
Корҳо дар самти соҳаи маориф низ хуб ҷараён доранд. Дар давоми соли гузашта 8 муассисаи нави таълимӣ ва 194 синфхонаи иловагӣ ба истифода дода шуд, 2027 нафар омӯзгори ҷавон соҳиби қитъаи замин гардид. Теъдоди муассисаҳои тиббӣ дар вилоят 28 адад зиёд, сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ беҳтар, ба 131 муассисаи тиббии вилоят таҷҳизоти наву замонавӣ ворид карда шуд.
Раиси вилоят иброз намуд, ки дар «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» зиёд гардида, зиёда аз 7 ҳазор сайёҳи хориҷӣ аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дидан намуданд.
Айни замон дар вилоят 6 ҳазору 656 нафар зан дар вазифаҳои масъули роҳбарикунанда кору фаъолият доранд. Ҷавонони вилоят дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ ширкат варзида, соли 2018 соҳиби 582 медали тилло, 564 нуқра ва 821 биринҷӣ гардиданд.
Сипас, вакилон — раиси шаҳри Бохтар Абдуалим Исмоилзода, раиси ноҳияи Ёвон Амирбеки Темур ва раиси шаҳраки «Шаҳритуз»-и ноҳияи Шаҳритуз Бобоҷон Файзуллоев баромад карда, дар бораи рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳия ва ҷамоати худ маълумот доданд.
Сулаймон СУЛТОНОВ, «Садои мардум» 

Комментарии

Популярные сообщения из этого блога

Дуои хайри модаре, ки қариб 100 сол умр дорад

Ҳамовозӣ Манзили охирати қаҳрамонон бояд обод бошад!

Қарзи мушкилситон дар Хатлон. Имкони ҷамъоварии он ҳаст ё не?