Вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагон

Чандест, ки бо мақсади тавзеҳи нуктаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вакилони Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагон суҳбату вохӯриҳо доир намуда истодаанд. ҳафтаи гузашта дар Ҷамоати деҳоти «Бохтариён» — и ноҳияи Бохтар вакили Маҷлиси намояндагон Ҷобирзода Тоҳир Гул бо интихобкунандагон мулоқот баргузор намуд. Ҷобирзода Тоҳир Гул зикр кард, ки маҳз талошу заҳматҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки 170 давлати дунё Ҷумҳурии Тоҷикистонро расман шинохтаву эътироф мекунанд ва Тоҷикистон бо 156 кишвар муносибати дипломатӣ дорад. 1 (1)Барои рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар ҳар сол аз Буҷети давлатӣ маблағи зиёд ҷудо мешавад. Дар соли 2017 Буҷети давлатӣ 19 миллиарду 568,1 миллион сомониро ташкил намуд ва 101 дарсад иҷро шуд. Буҷети давлатӣ барои соли 2018 дар ҳаҷми 21,3 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардид, ки аз нисф бештари он, мисли солҳои қаблӣ, ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ равона мешавад. - Сарвари давлат ба масъалаи таъмиру барқарорсозии роҳҳои автомобилгард диққати ҷиддӣ медиҳанд, — гуфт вакили Маҷлиси намояндагон. — Соли гузашта ба ин мақсад 8 миллиард сомонӣ равона шудааст. Соли 2017, ҳамчунин навсозии шоҳроҳи Душанбе — Қӯрғонтеппа оғоз гардид, ки он низ яке аз дастовардҳои даврони соҳибис­тиқлолӣ мебошад. Дар фаровард Ҷобирзода Тоҳир Гул ба суолҳои зиёди иштирокчиён посух гуфт. Сулаймон СУЛТОНОВ, «Садои мардум»

Комментарии

Популярные сообщения из этого блога

Дуои хайри модаре, ки қариб 100 сол умр дорад

Ҳамовозӣ Манзили охирати қаҳрамонон бояд обод бошад!

Қарзи мушкилситон дар Хатлон. Имкони ҷамъоварии он ҳаст ё не?