Қӯрғонтеппа. Ваъдаҳои "осмонӣ"-и масъулин ба бонувони мардикор
Зан — Модар муҷассамаи гӯёи зиндагӣ ва ширинтарин лафз дар забони одамӣ мебошад. Дар ақсои олам низ сатҳи фарҳанги қавму миллатро вобаста ба муносибати он бо занону модарон муайян мекунанд.
Эмомалӣ Раҳмон
Ҳар рӯз беш аз сад мардикорзан дар шафати Терминали мусофиркашонии шаҳри Қӯрғонтеппа баҳри дарёфти қути лоямут ҷамъ мешаванд. Аксари онҳоро надоштани саробони оила маҷбур ба ин навъи рӯзгузаронӣ кардааст.
- Аз ноилоҷӣ маҷбур шудаем, ки ба мардикорӣ рӯ оварем, — мегӯяд Таҳмина Қараева — сокини ноҳияи Бохтар. — Аз шавҳарам ҷудо шудаам. Панҷ сол мешавад, ки ба ин васила рӯзи худ ва фарзандонамро мегузаронам. Баъзан се-чор рӯз кор пайдо карда наметавонем, аммо гоҳо то 10 рӯз пайи ҳам кор меёбем. Дар вақташ нахондам, баъди хатми мактаби миёна ба шавҳар баромадам. Ҳоло сахт пушаймонам.
Ҳамсуҳбати дигари мо Мавҷигул Қурбонова — сокини ноҳияи Хуросон иброз дошт, ки як сол боз шавҳараш ӯ ва фарзандонро тарк карда, ба Федератсияи Россия рафтааст. «Хусуру хушдоманам маро бо чор фарзанд аз хона пеш карданд. Ҳоло дар хонаи падару модарам зиндагӣ дорем. Занҳои бародаронам маломаткунон, ҷойи зиндагиатро ёбу баромада рав, — мегӯянд. Чанд маротиба ба идораҳои дахлдор барои гирифтани замини наздиҳавлигӣ муроҷиат кардам, вале бефоида. Гуфтанд, ки «агар писаратро ба хизмати Ватан фиристӣ, соҳиби замини наздиҳавлигӣ мешавӣ». Ба онҳо бовар карда, ягона дастёрамро ба хизмати аскарӣ фиристодам. Аммо, то ба ҳол замин надоданд, — афзуд ӯ ва гиря гулӯгираш кард.
- Бисёр мушкил аст бори гарони зиндагиро таҳаммул кардан, — суханашро идома дод апаи Мавҷигул ва пас аз андаке сукут илова кард: шукронаи Худованд, ки саломатиям хуб асту кор карда метавонам…
Ба суоли «Оё аз аҳволи бонувони мардикор хабар доред ё не?», сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Аслбӣ Наврӯззода бо аломати тасдиқ сар ҷунбонд ва гуфт, ки то худашон муроҷиат накунанд, мо онҳоро ба қайд гирифта наметавонем.
– Дар 10 моҳи соли 2017 ба шуъбаҳои раёсати мо 13 ҳазору 474 зани ниёзманд муроҷиат кард. Аз ин шумора 7 ҳазору 650 нафараш бо ҷойи кори доимӣ таъмин, 694 нафар ба корҳои ҷамъиятии музднок фаро гирифта, 4 ҳазору 411 нафар ба касбомӯзӣ ҷалб шуданд. Ба 61 нафар ба маблағи 39 ҳазору 251 сомонӣ кумакпулӣ расонида шуд. 16 нафари онҳо заноне мебошанд, ки муҳлати ҷазояшонро дар муассисаҳои ислоҳотӣ аллакай паси сар кардаанд. Ба онҳо дар маҷмӯъ, 10 ҳазору 700 сомонӣ кумаки пулӣ расондем, — иттилоъ дод Бахтиёр Давлатов, сармутахассиси ниҳоди мазкур.
Кӣ ё кадом ниҳод поймол нашудани ҳуқуқҳои мардикорзанонро аз ҷониби корфармо ва ё дахолати ноҷои ягон нафари масъул назорат мекунад? Бо ин суол ба се шахси мутасаддӣ муроҷиат кардем. ҷавобҳои онҳо чунин аст:
- Фаъолияти мардикорзанон бояд аз тарафи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа назорат шавад. Кори онҳо асосан мавсимӣ мебошад. То он даме, ки худашон ба раёсат бо ариза муроҷиат накунанд, мо ҳуқуқи тадбирандешӣ надорем, — мегӯяд Ҳамза Бобозода — муовини сардори Раёсати Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон.
Ба қавли Шоиста Сангинова — муовини раиси шаҳри Қӯрғонтеппа, ӯ ва ниҳодҳои зертобеаш бинобар огоҳ набудан аз қазия дар мавриди мушкилоти бонувони мардикор ҳанӯз ҳеҷ тадбир наандешидаанд.
Қумринисо Сангалиева — муовини сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон аз вуҷуд доштани бозори бонувони мардикор дар шаҳри Қӯрғонтеппа изҳори бехабарӣ кард. — Ҳатман ба он ҷо рафта, бо занҳо суҳбат мекунам ва онҳоро бо ҷойи кор таъмин менамоем, — гуфт ӯ.
Ба назари мо, салоҳи кор ин аст, ки масъулони раёсату мақомоти дахлдор дар марҳилаи аввал ақаллан барои мардикорбонувон як мавзеи баҳамоӣ муҳайё кунанд, то онҳо ризқи ҳаррӯзаашонро бе халал пайдо карда тавонанд. Ҳамчунин, назорат баранд, ки шахсе ҳуқуқҳои шаҳрвандию инсонии онҳоро дониста ё надониста поймол накунад. Дар марҳилаи дувум, агар имкон даст диҳад, барои ҳар нафари дорои малака ҷойи кори доимӣ фароҳам оваранд.
Интизори ибтикори масъулинем.
Сулаймон Султонов,
«Садои мардум»
Комментарии
Отправить комментарий