Худованд сулҳу осоиши моро абадӣ нигаҳбон бошад,

- мегӯяд депутати Совети Олии РСС Тоҷикистон (даъватҳои 9-10), собиқадори меҳнат, сокини ноҳияи Панҷ Болта Нидоев
Имрӯз ба чеҳраи шоду ­лабҳои пуртабассуми мардум менигараму дилам аз фараҳ лабрез мегардад. Барои насли ҷавон, бахусус онҳое, ки баъди ба истиқлолият ноил шудани Тоҷикистон ба дунё омадаанд, шояд он мушкилоту душворию ғаму андуҳи гарон, ки мо — насли калонсол ­дидему эҳсос намудем, афсона намояд. Афсӯс, ки ҳақиқати ҳоли он рӯзҳои нахустини истиқлолият ҷанги шаҳрвандӣ буд, ки қурбонии зиёди ҷонию молӣ боқӣ гузошт.
Бахусус, онҳое, ки дар минтақаи асосии даргириҳо — водии Вахш сокин буданд, медиданд, ки ҳар рӯз садҳо нафар ҷон аз даст медиҳанду ҳукумати вақт қудрату имкони пеши он ҳама хунрезӣ, баргардонидани гурезаҳоро надошт. Ана, дар ҳамон шабу рӯзҳо Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олӣ барпо гардида, дар баробари ҳаллу фасли даҳҳо масъалаи муҳим шахсияти бузурги таърихӣ Эмомалӣ Раҳмонро ба сари қудрат овард. Ман шоҳид будам, ки кам касон ҷуръат пайдо мекарданд, ки дар он рӯзҳо бори сахту сангини масъулиятро ба зимма гиранд.
Аз қуллаи роҳи тайгардидаи 25-солаи иҷлосияи таърихӣ ба он рӯзҳои душвор менигараму мехоҳам як ҳодисаро, гарчанде нақли он бисёр мушкилу ғамгину дардолуд бошад ҳам, ёдоварӣ намоям. Агар хато накунам, 27 январи соли 1992 аз як деҳаи Максим Горкий (ҳоло Вахё) 140 нафар фарзандони беҳтарин, ки бегуноҳ буданд, аз дасти нохалафон кушта шуданд. Вале чун яроқ он замон дар дасти ашхоси бераҳму беандеша буд, аз дастамон коре ҳам намеомад. Дар ноҳияи дурдасти мо ин гуна ҳодисаҳои маргбор рӯзе чанд бор рух медод, вале аз дасти одамони солимақлу солимандеш коре намеомад.
Барои мани 87- сола ба ёд овардани он рӯзҳо бисёр вазнину гарон бошад ҳам, вале андешаҳоро ба он хотир мехоҳам иброз намоям, ки насли ҷавон ба роҳи баду хато нараванд. Бояд дониста бошанд, ки ҳеҷ гоҳ ва дар ҳеҷ асру замон ҷангу хунрезӣ боиси хушнудию сарафрозӣ гашта наметавонад. Мо, пирони талхию ширинии бисёрро дар зиндагӣ чашида, вазифадор ҳастем, ки аҳамияти дастовардҳои таърихии иҷлосияи мазкурро ба насли имрӯз ва ояндагон фаҳмонем, то ин ки онҳо ба роҳи хато нараванд.
Имрӯз ба сарзамини зебою шукуфони Тоҷикистони азиз, аз ҷумла, Панҷи нозанин назар меафканаму пешравию оромию дастовардҳо хушнудам мегардонанд. Ҳангоми сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Панҷ (соли 2014) ба ман муяссар гардид, ки бо ӯ аз наздик суҳбати самимона дошта бошаму ҷомаи бо ҳазорон меҳру муҳаббат барояш дӯхтаи мардуми ин гӯшаи диёрро пӯшонам. Зимни сафари имсолаи кориашон низ ба ноҳияи Панҷ боз дидори гарму мулоқоти фаромӯшнашаванда бо Пешвои миллат насибам гардид. Баҳри фаъолияти неку самарабахши минбаъда мардум ҳамеша дуои нек мекунанду барои пешравию дигаргуниҳои бузург дар Тоҷикис­тон, ки тавассути заҳмати шабонарӯзии Пешвои миллат ба даст омадаанд, изҳори сипос менамоянд.
Воқеан, хушбахту сарфарозем, ки Пешвои муаззаму ғамхор дорем. Ҳар рӯзу ҳар соат пешравию муваффақиятҳои азим муяссар мегарданд. Пас, биёед, ҳамватанони азизу арҷманд, барои мустаҳкамию абадияти сулҳу осоишу ваҳдат тамоми кори неки аз дастамон меомадаро ба иҷро расонем.
Таснифи Сулаймон СУЛТОНОВ,
«Садои мардум»

Комментарии

Популярные сообщения из этого блога

Дуои хайри модаре, ки қариб 100 сол умр дорад

Ҳамовозӣ Манзили охирати қаҳрамонон бояд обод бошад!

Қарзи мушкилситон дар Хатлон. Имкони ҷамъоварии он ҳаст ё не?