317 ҳодисаи нақлиётӣ боиси марги 126 нафар гардид
Дар нуҳ моҳи соли 2017 дар роҳҳои мошингарди вилояти Хатлон 317 ҳодисаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари онҳо 126 нафар ба ҳалокат расида, 330 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.
Ёрмаҳмад Давлатов — нозири калони гурӯҳи ташвиқотию тарғиботии шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон иттилоъ дод, ки баҳри баланд бардоштани интизом ва бо мақсади ошкору пешгирӣ намудани вайронкунандагони қоидаҳои ҳаракат дар роҳ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 97 чорабинии мақсаднок ва амалиёти рамзии «Бачаҳо», «Пиёдагард-велосипедрон», «Пиёдагард», «Муоинаи техникӣ», «Чароғ» ва «Автобус» гузаронида шуд.
Ӯ афзуд, ки нуҳ моҳи соли равон зиёда аз 234 ҳазору 850 ҳодисаи вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, аз ҷумла, рондани мошин дар ҳолати мастӣ-2309, бе ҳуҷҷати ронандагӣ — 6680, бо оинаҳои сиёҳкардашуда — 342, бе рақами давлатӣ — 587, зиёд намудани суръат 4663 адад ошкор карда шуд.
Сулаймон СУЛТОНОВ,
«Садои мардум»
Комментарии
Отправить комментарий