Сообщения

Шаҳритус. 92,6 фоизи иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Изображение
  №65 (4327) 15.05.2021 Барои сазовор пешвоз гирифтани  ҷашни 30 — солагии Исти қлолияти давлатии  Ҷум ҳурии То ҷикистон дар но ҳияи Ша ҳритус аз 365 иншооти на қшав ӣ 338 адади он (92,6 фоиз) бунёд ва мавриди ба ҳрабардор ӣ  қарор гирифт. Бо бунёд ва таъмиру навсозии 16 муассисаи таълимӣ, 10 муассисаи томактабӣ, 10 бунгоҳи тиббӣ, 10 маркази саломатӣ, 13 майдончаи варзишӣ, 4 дӯкони ҳунармандӣ, 17 иншооти саноатию истеҳсолӣ ва 3 сардхона сокинони зиёди маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуданд. Тавре мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия Эркин Туйчиев гуфт, дар шаҳраки Шаҳритус майдони Исмоили Сомонӣ, Парчам ва Нишони давлатӣ, боғи фарҳангию фароғатии Тус, маркази хизматрасонӣ, тӯйхона ва меҳмонхонаи «Марҳабо», қаҳвахона ва меҳмонхонаи «Чорбед», маркази хизматрасонии сеошёна ва меҳмонхонаи «Ваҳдат», шуъбаи маориф, қаҳвахонаи «Наврӯз» сохта, ба истифода дода шуданд. Ҳамчунин, дар чанд иншооти дигар, аз қабили м...

Бохтар. Бунёди 243 иншоот бо харҷи 300 миллион сомонӣ

Изображение
  №65 (4327) 15.05.2021 Ҷи ҳати омодагии  ҳама ҷониба ба  ҷашни 30 — солагии Исти қлолияти давлатии  Ҷум ҳурии То ҷикистон дар ша ҳри Бохтар ба мабла ғи 300 миллион сомон ӣ 243 иншооти таъиноти гуногун бунёд шуда, мавриди ба ҳрабардор ӣ  қарор гирифт. Тавре мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар Валиҷон Ятимзода иттилоъ дод, тибқи нақша то ҷашни Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳр бояд 307 иншоот сохта шавад. Аллакай 76 фоизи онҳо, аз қабили 12 иншооти соҳаи маориф, 7 иншооти соҳаи тандурустӣ, 6 иншооти соҳаи фарҳанг, 6 коргоҳу корхонаи саноатӣ, 15 муассисаи варзишӣ ва 44 маркази савдою хизматрасонӣ сохта, ба истифода дода шуданд. Инчунин, 31 бинои баландошёна қомат афрохтааст. Сулаймон СУЛТОНОВ, «Садои мардум»

Тақсимоти булаҷаби замин дар Ҷайҳун

Изображение
  Ё чаро мансабдорон даст ба ҷиноят мезананд? №49-50 (4311-4312) 17.04.2021 Дар но ҳияи  Ҷай ҳун за ҳкашеро пур кардаву онро барои бунёди хонаи исти қомат ӣ ба сокинон та қсим кардаанд. Ин амал дар де ҳаи  Ҷӯйбори де ҳоти « Қумсангир» ба ву қӯъ пайвастааст. Ба гуфтаи сокинон, ин корро соби қ раиси де ҳоти « Қумсангир» Муродбек А қса қолзода, ки феълан раиси ша ҳраки «Д ӯст ӣ»-и но ҳия мебошад, ан ҷом додааст. Раиси ноҳияи Ҷайҳун Абдулҳафиз Одиназода 17-уми феврали соли ҷорӣ зимни нишасти матбуотӣ гуфт, заҳкаше, ки аз хок пур карда шуд, дар доираи қонунҳои амалкунанда иҷро шуда, қонунист. Ӯ афзуд, ки он замини ғайрикишоварзӣ буда, хулосаи сохторҳои давлатӣ гирифта шудааст. - Ихтисоси ман муҳандис — заминсоз аст. Ҳамин ки ба ҳайси раиси ноҳия таъин шудам, он мавзеъро аз назар гузаронидам. Ҳамааш қонунӣ аст, — гуфт Абдулҳафиз Одиназода. Аммо ба суоли «Дар он мавзеъ чӣ қадар замин бо кадом қарори раиси ноҳия ва ба чанд оила тақсим шудааст?», — раиси ноҳия посух надод. Зимни н...

Хурмои Хатлон. Маҳсулоте, ки аз он метавон фоидаи хубе ба даст овард

Изображение
  Муҳаммадрабӣ Музаффаров, кишоварзест, ки пешбурди зиндагиашро имрӯзҳо бештар аз фурӯши меваи хушки хурмо мечархонад. Ӯ ин меваи хуштамъро хушк карда, маҳсулоти хушккардаашро ба харидорон аз вилояти Суғз бо арзиши 35 сомонӣ ба ҳар як килограмм мефурӯшад.   Ин таҷрибаи сердаромадро ӯ дар натиҷаи омӯзиш аз “Лоиҳаи USAID оид ба рақобатпазирии агробизнес дар Тоҷикистон омӯхтааст.   Муҳаммадрабӣ Музаффаров дар майдони 12 гектар хоҷагии деҳқонӣ дошта, дар он бо аҳли оилааш ба кишоварзӣ машғул аст. Пештар таваҷҷуши асосӣ бештар ба пахтакорӣ дошт. Чун солҳои охир арзиши нархи пахта поён шуд табиист, ки фоидааш ҳам камтар шуд.  Дар боғи ин кишоварз ҳамагӣ 20 дарахти хурмо мавҷуд аст, ва тахминан ҳар як дарахт то 150 килограмм ҳосил медиҳад.  -Ман ягон вақт тасаввур намекардам, ки меваи хурморо хушк карда ҳам мешудааст ва дар натиҷаи хушк кардан онро бо нархи хеле баланд фурӯхтан мумкин бошад.  Аз набудани харидор ва арзиши паст доштани ин мева ҳар сол ҳос...

Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон 15-сола мешавад

Изображение
  №25-26 (4287-4288) 25.02.2021 - Донишкадаи энергетикии То ҷ икистон зодаи даврони исти қ лолият буда, дар р ӯ з ҳ ои баргузории чорабини ҳ о бахшида ба 30 — солагии Исти қ лолияти давлат ӣ , 15 — солагии он низ та ҷ лил карда мешавад, — гуфт ректори он Диловаршо Исозода зимни нишасти матбуот ӣ . Дар донишкада аз шумораи умумии омӯзгорон 35 нафарашон дорои дараҷаи илмии номзади илм ва доктори илм буда, 28 омӯзгору унвонҷӯ дар шуъбаҳои рӯзона ва ғоибонаи аспирантураҳои дохил ва хориҷи кишвар таҳсил менамоянд. Дар нимсолаи якуми соли 2020 панҷ нафар аспирантону унвонҷӯён рисолаҳои номзадиро ҳимоя карда, сазовори дараҷаи илмии номзади илм гардиданд. Ҳафт нафар унвонҷӯ марҳилаи пеш аз дифоиро ба анҷом расонидаанд ва рисолаҳои номзадиашон дар арафаи ҳимоя мебошанд. - Боиси хушнудист, ки панҷ нафар донишҷӯёне, ки донишкадаро бо баҳои хубу аъло хатм карданд, ҳамчун омӯзгор ба кор қабул гардиданд, — гуфт дар фарҷом Д. Исозода. Сулаймон СУЛТОНОВ, «Садои мардум»

574 нафар тибқи квота таҳсил доранд

Изображение
  №20 (4282) 13.02.2021 - Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав 672 нафар, аз ҷумла, 29 профессору доктори илм, 142 номзади илму дотсент ва 387 саромӯзгору ассистент, дар 45 кафедра фаъолият доранд. Ҳамчунин, 33 устод ба фаъолият ҷалб шудаанд, ки бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардидаанд, — иттилоъ дод ректори донишгоҳ Сайфиддин Давлатзода зимни нишасти матбуотӣ, ки ҳаштуми феврали соли ҷорӣ баргузор гардид. Ӯ гуфт, соли 2020-ум 20 устоди донишгоҳ рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ ҳимоя намуданд, ки шаш таҳқиқоти дар ин самт анҷомдода ба кафедраҳои равияҳои табииву риёзӣ рост меоянд. Соли гузашта 125 донишҷӯ аз тариқи онлайн дар олимпиадаи байналмилалӣ аз рӯи ихтисосҳои математика, физика, химия, информатика ва забони русӣ иштирок карда, 20 нафари онҳо ба даври сеюм роҳхат гирифтанд. Дар баробари ин, устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» фаъолона иштирок намуда, ҳафт нафарашон сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гаштанд. Имсол дар донишг...

Журналистон бо манзили зист таъмин мешаванд

Изображение
  №21 (4283) 16.02.2021 Нишасти матбуотии раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, ки 10-уми феврали соли ҷорӣ дар Кохи фарҳанги шаҳри Бохтар баргузор гардид, аз суолу ҷавоб оғоз шуд. Дар қатори дигар саволҳои намояндагони воситаҳои ахбори омма раиси вилоят ба саволи хабарнигори рӯзномаи «Садои мардум» дар вилояти Хатлон низ, ки иҷоранишинии қисмати зиёди рӯзноманигоронро ба миён гузошт, посух дода, аз ҷумла, гуфт: - Дар шаҳри Бохтар ва шаҳри Кӯлоб барои журналистон ҷиҳати бунёди манзил замин ҷудо ва бо дастгирии соҳибкорон бинои баланд­ошёна бунёд шуда, ба журналистони ниёзманд хонаҳо тақдим мегардад. Комиссияи махсус ташкил карда, ба зудӣ рӯйхати рӯзноманигорони ниёзмандро тартиб медиҳем. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон талош мекунад, ки ҳар чӣ зудтар ин иқдомро ба роҳ монад, — гуфт Қурбон Ҳакимзода. Намояндагони воситаҳои ахбори омма дар хусуси ҷойивазкунии кадр­ҳои роҳбарикунанда, изофанависӣ дар кишту истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, ба кор даровардани ...