Доғи рӯз Фарсудаю таъмирталаб шудан ва нарасидани техникаи зарурӣ дар корхонаҳои фаръии давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и аксари шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон боиси сари вақт аз партов тоза нашудани марказҳои маъмурӣ гаштааст. Зимни сафарҳои корӣ ба чанде аз ин шаҳру ноҳияҳо аз қабили Бохтар, Левакант, Кӯшониён, Вахш, Ҷалолиддини Балхӣ, Дӯстӣ, Ҷайҳун, Панҷ, Қубодиён, Шаҳритуз, Хуросон, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Ёвон мушоҳида кардем, ки марказҳои ин ноҳияҳо пур аз партов буда, нигаронии зиёди сокинонро ба бор овардааст. Даҳҳо бошандаи маркази ноҳияи Шаҳритуз аз он шикоят карданд, ки партовҳо дар се-чор моҳ ҳамагӣ як маротиба кашонида мешаванд. Онҳо аз бӯйи ғализи партову анбӯҳи ҳашарот ҳоли хеле табоҳ доранд. Сокини маҳаллаи Ваҳдати маркази ноҳия Муҳаббат Раҳматуллоева 45 сол боз бо ҳамин суроғаи болозикр сукунат мекунад. Ӯ мегӯяд, партови назди хонаашон боре ҳам то ба охир бурда нашудааст. “Аз ноилоҷӣ маҷбур шудем партовҳоро оташ занем. Чунки до...