Сообщения

Вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагон

Изображение
Чандест, ки бо мақсади тавзеҳи нуктаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вакилони Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагон суҳбату вохӯриҳо доир намуда истодаанд. ҳафтаи гузашта дар Ҷамоати деҳоти «Бохтариён» — и ноҳияи Бохтар вакили Маҷлиси намояндагон Ҷобирзода Тоҳир Гул бо интихобкунандагон мулоқот баргузор намуд. Ҷобирзода Тоҳир Гул зикр кард, ки маҳз талошу заҳматҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки 170 давлати дунё Ҷумҳурии Тоҷикистонро расман шинохтаву эътироф мекунанд ва Тоҷикистон бо 156 кишвар муносибати дипломатӣ дорад. 1 (1)Барои рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар ҳар сол аз Буҷети давлатӣ маблағи зиёд ҷудо мешавад. Дар соли 2017 Буҷети давлатӣ 19 миллиарду 568,1 миллион сомониро ташкил намуд ва 101 дарсад иҷро шуд. Буҷети давлатӣ барои соли 2018 дар ҳаҷми 21,3 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардид, ки аз нисф бештари он, мисли солҳои қаблӣ, ба ҳалли мас...

Кӣ Ҷумъабойро аз замин маҳрум кардан мехоҳад?

Изображение
Ду идораи масъули ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба ҷойи мусоидат ба тамдиди муҳлати истифодаи замин хоҷагидореро, ки солҳо дар ғановати бозори истеъмолӣ саҳм мегузошт, аз манбаи рӯзгузаронӣ маҳрум карданд. 14 марти соли 2007 тибқи қарори №148-и раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аз ҳисоби заминҳои захиравии хоҷагии деҳқонии «Нав­баҳор»-и деҳоти «Дӯстӣ» барои ташкили хоҷагии деҳқонии «Бобои Эгамбердӣ» (роҳбараш Муродалӣ Назаров) 6,16 гектар замин ба муҳлати 10 сол ҷудо шуд. Муродалӣ Назаров пас аз як сол дардманд шуд ва заминро ба ихтиёри бародараш Ҷумъабой Назаров супорид. Номбурда аз замин самаранок истифода бурда, қарзи онро пардохт намуд. 9 сол бо аҳли оила заҳмат кашида, аз замин ризқи ҳалол пайдо мекард. - Вақте ки муҳлати истифодаи замин ба охир мерасид, ба корманди Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул»-и ноҳия Қодир Уллаев муроҷиат кардем, — изҳор медорад Ҷумъабой Назаров. – Қодир Уллаев, ҳамзамон, шахси масъули идораи номбурда дар деҳаи мо – Навбаҳор мебошад. Б...

Бунёди корхонаи коркарди меваю сабзавот

№152 -153 (3789 - 3790) 23.12.2017 Чанде пеш дар деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнови ноҳияи Ёвон дар доираи ташаббуси «Озуқаворӣ ба хотири оянда» корхонаи коркарди мева мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ифтитоҳи он муовини раиси вилояти Хатлон Умедҷон Зоирзода, раиси ноҳияи Ёвон Амирбеки Темур иҷрокунандаи вазифаи сафири ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кевин Коверт, роҳбари Лоиҳа оид ба кишоварзӣ ва обёрӣ дар доираи ташаббуси «Озуқаворӣ ба хотири оянда» Кирк Ремер ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд. Корҳои сохтмонӣ дар корхона, ки моҳи августи соли гузашта оғоз гардида буданд, бо харҷи 1 миллиону 26 ҳазору 455 сомонӣ анҷом ёфт. Коргоҳи мазкур бо 16 номгӯй таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст, ки имкон дорад дар як шабонарӯз то 1000 банка меваро коркард намояд. Дар корхона 8 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, дар мавсими ғунучини меваю сабзавот 30 коргари мавсимӣ низ ба кор қабул карда мешаванд. Сулаймон СУЛТОНОВ, «Садои мардум»

Ҳамовозӣ Манзили охирати қаҳрамонон бояд обод бошад!

Изображение
Мақолаи рӯзноманигор Сулаймон Султоновро, ки таҳти сарлавҳаи «Рӯҳи озурдаи қаҳрамонро кӣ шод мегардонад?» дар рӯзномаи «Садои мардум» (2 августи соли 2017) ба табъ расидааст, мутолиа намудаму ба андеша рафтам. Воқеотеро, ки бо чашмонам дидаву аз сар гузаронидаам, бори дигар пеши назарам ҷилвагар шуданд. Соли 1988 буд. Бисёр мехос­тем, ки садсолагии «Шӯриши Восеъ» дар кишвар ботантана ҷашн гирифта шавад. Ба Кумитаи ҳизби коммунисти ноҳияи Ховалинг, ки зодгоҳи Восеъи қаҳрамон аст, нома навишта, матлаб арз намудам. Дар матбуоти маҳалливу ҷумҳуриявӣ низ мақола чоп кардам. Хушбахтона, маро дастгирӣ намуданд. Баробари дигар чорабиниҳои ҷашнӣ, ҷиҳати омӯзиши ҳудуди фарогири «Шӯриши Восеъ» набардгоҳҳои восеътанон, қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба сафар баромадем. Ҳайати моро, ки аз даҳ нафар иборат буд нависанда Раҳмон Сафаров роҳбарӣ мекард. Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ — Ҳайдар Қосимов, абераи Восеъ — Раҷабалӣ Камолов ва даъватшавандаи ҳарбӣ Муҳибулло Файзалиев низ шомили ҳайат будан...

Қӯрғонтеппа. Ваъдаҳои "осмонӣ"-и масъулин ба бонувони мардикор

Изображение
Зан — Модар муҷассамаи гӯёи зиндагӣ ва ширинтарин лафз дар забони одамӣ мебошад. Дар ақсои олам низ сатҳи фарҳанги қавму миллатро вобаста ба муносибати он бо занону модарон муайян мекунанд. Эмомалӣ Раҳмон Ҳар рӯз беш аз сад мардикорзан дар шафати Терминали мусофиркашонии шаҳри Қӯрғонтеппа баҳри дарёфти қути лоямут ҷамъ мешаванд. Аксари онҳоро надош­тани саробони оила маҷбур ба ин навъи рӯзгузаронӣ кардааст. - Аз ноилоҷӣ маҷбур шудаем, ки ба мардикорӣ рӯ оварем, — мегӯяд Таҳмина Қараева — сокини ноҳияи Бохтар. — Аз шавҳарам ҷудо шудаам. Панҷ сол мешавад, ки ба ин васила рӯзи худ ва фарзандонамро мегузаронам. Баъзан се-чор рӯз кор пайдо карда наметавонем, аммо гоҳо то 10 рӯз пайи ҳам кор меёбем. Дар вақташ нахондам, баъди хатми мактаби миёна ба шавҳар баромадам. Ҳоло сахт пушаймонам. Ҳамсуҳбати дигари мо Мавҷигул Қурбонова — сокини ноҳияи Хуросон иброз дошт, ки як сол боз шавҳараш ӯ ва фарзандонро тарк карда, ба Федератсияи Россия рафтааст. «Хусуру хушдоманам маро бо чор фарзанд аз...

Бонги изтироб Фароғат набояд ба фоҷиа табдил ёбад

Бонги изтироб Тибқи маълумоти оморӣ соли гузашта ва 5 моҳи соли равон ғарқшавии кӯдакону нав­расон бештар дар вилояти Хатлон рух додааст. Бино ба гуфти муовини командири гурӯҳи дуюми дастаи зудамали наҷотдиҳии Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон Собирҷон Собиров, дар 5 моҳи соли 2017 дар вилоят 12 нафар дар кӯлу дарё ва каналҳо ғарқ шуданд, ки 5 нафари онҳо ноболиғ мебошанд. Соли гузаш­та 46 нафар ғарқ шуда буданд, ки 30 фоизи онҳоро ноболиғон ташкил медоданд. Чун иқлими вилоят гарм аст, наврасону кӯдакон маҷбуранд, ки дар каналу дарё оббозӣ кунанд. Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки он ҷавонону наврасон ва калонсолоне, ки ба ин ҳолат рӯ ба рӯ мешаванд, умуман аз нозукиҳои оббозӣ огаҳӣ надоранд. Мушкилоти дигар кам будани воҳиди кории наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояту шаҳру ноҳияҳо аст. Ба ғайр аз ин, аксари омӯзгорони бахши тарбияи ҷисмонии мактабҳо аз оббозӣ камтар воқифанд. Набудани ҳавзҳои дорои шароити зарурӣ да...

Ислом ба зоти худ надорад айбе…

Tерроризм ва экстремизм (ифротгаройӣ) аз ҷумлаи амалҳоеанд, ки теша ба решаи дарахти сабзи суботу амният ва сулҳу ваҳдат мезананд. Ин амалҳои номатлуб садҳо кӯдакро дучори хушунату бепарасторӣ, гуруснагию дарбадарӣ гардонида, садҳо модарро доғи фарзанд дар дил монда, кишвару миллатҳоро ба вартаи ноамнӣ кашидааст. Ба ин хотир, соли 2003 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди ифротгароӣ» қабул шуд, ки мақсад аз он, пеш аз ҳама, риоя ва ҳимоя намудани ҳуқуқ, озодиҳои инсон, асосҳои сохти конститутсионӣ, таъмини якпорчагӣ ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар моддаи 3-юми ин қонун мафҳуми ифротгаройӣ чунин шарҳ ёфтааст: «Ифротгароӣ зуҳуроти аз ҷониби ашхоси ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар шакли амалҳои воқеан чапгаро инъикосёфтае мебошад, ки ба бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои наҷодӣ, миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ даъват мекунад». Бино ба маълумоти мақомоти интизомии вилояти Хатлон, нима...