Сообщения

Хатлон. Гирандагони медали тилло бо 10000 сомонӣ қадрдонӣ мегарданд

23 августи соли равон дар ша ҳри Бохтар машварати августии ом ӯзгорони вилояти Хатлон доир гардид. Раиси вилоят  Қурбон  Ҳакимзода дар он ширкат варзида,  қайд намуд, ки дар 7 мо ҳи соли  ҷор ӣ 21 иншооти со ҳаи маориф, аз  ҷумла, 10 муассисаи таълим ӣ бо 135 синфхона барои 3  ҳазору 233  ҷойи нишаст ба истифода дода шуданд.  Ҳамчунин, то 30-юмин солгарди Исти қлолияти давлат ӣ боз 59 иншооти со ҳаи маориф, иборат аз 279 синфхона бо 6  ҳазору 696  ҷойи нишаст дар як баст, ба истифода дода мешавад. Айни ҳол дар соҳаи маорифи вилоят 43 ҳазору 888 омӯзгор ба таълиму тарбияи 729 ҳазору 61 хонанда машғуланд. Толибилмони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳо соли ҷорӣ дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ширкат намуда, сазовори 255 медал (51 тилло, 59 нуқра ва 145 биринҷӣ) гардиданд, ки ин нисбат ба соли гузашта 72 адад зиёд мебошад. Дар баробари дастовардҳо Қурбон Ҳакимзода ба камбудиҳои соҳаи маориф таваҷҷуҳ зоҳир намуда гуфт, ки...

Хатлон. Ба зиёда аз 176 миллион сомонӣ расидани қарзи андоз чӣ боис гардид?

То 1-уми июли соли равон қарзи андоз дар вилояти Хатлон 176 миллиону 147 ҳазор сомониро ташкил дод, ки аз ин 116 миллион қарзи мушкилситон ба ҳисоб меравад. Муовини сардори Раёсати андоз дар Хатлон Абдурозиқ Солиев зикр кард, ки дар вилоят 12 ҳазору 260 андозсупоранда ҳамчун шахси ҳуқуқӣ, 6 ҳазору 106 соҳибкори инфиродии тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда, зиёда аз 58 ҳазор хоҷагии деҳқонӣ ва 26 ҳазору 203 соҳибкори тибқи патент фаъолияткунанда ба қайд гирифта шудаанд. Бино ба иттилои ӯ, зиёдшавии қарзи андоз ба он вобаста аст, ки баъзе аз андозсупорандагон уҳдадориҳоро сари вақт иҷро намекунанд. - Андозсупоранда ҳисоботашро медиҳад, амалиёт мегузаронад, пешниҳод мекунад, аммо маблағро пардохт намекунад. Ҳар як намуди андоз муҳлати пешниҳоди ҳисобот ва пардохти маблағро дорад. Мутаассифона, фишангҳое, ки қонунгузории андоз муайян кардааст, ба он гурӯҳи андозсупорандаҳо он қадар таъсиррасон нестанд, — гуфт ҳамсуҳбатам. Сабаби дигар бемасъулиятии кормандони мақомоти андоз арзёбӣ м...

Бонги изтироб! Мушкили бистсолаи панҷ оила дар Кӯшониён

Изображение
Надоштани бар қ , набудани ро ҳ , аз таълим дур мондани фарзандон боиси р ӯҳ афтодагии пан ҷ  оила аз но ҳ ияи К ӯ шониён гардидааст. Соли 1999, дар натиҷаи баланд шудани сатҳи оби дарёи Вахш чанд манзили истиқоматӣ ва масҷиди деҳаи Дӯстии шаҳраки Бохтариёни ноҳияи Кӯшониён зери об монд. Панҷ оила ду километр дур аз деҳа бо замини наз­диҳавлигӣ таъмин шуданд. Онҳо дар ин макон манзил бунёд карданд. Мутасаддиён ҳамон вақт ваъда дода буданд, ки дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои дахлдор то ҷойи зисти онҳо хати барқ кашида, бунгоҳи тиббӣ, роҳ ва дигар инфрасохтори заруриро бунёд мекунанд. Аммо бо гузашти 20 сол ин ваъда амалӣ нашуд. Аъзои оилаи Одинаевҳо яке аз онҳое мебошанд, ки 20 сол боз бо умеди беҳ шудани шароити зист мушкилоти зикршударо таҳаммул карда истодаанд. Бонуи оила Санавбар Одинаева бо таассуф иброз дошт, ки бо супориши собиқ Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов раиси собиқи вилояти Хатлон Ғайбулло Авзалов муваззаф гардида буд, ки ин панҷ оиларо дар наздикии деҳа бо замин таъми...

Ноҳияи Восеъ. Дастовардҳо аз рушди бемайлон шаҳодат медиҳанд

Изображение
Но ҳ ияи Восеъ соли 1936 ташкил ёфта, масо ҳ аташ 0,8  ҳ азор километри мураббаъ буда, теъдоди а ҳ олияш ба 200  ҳ азор нафар мерасад. Дар он макон ҳ ои  ҷ олибу дидан ӣ , ба монанди  Қ алъаи  Ҳ улбук, Манзаратеппа, Нозк ӯ л, Эмоми Ал ӣ , Ав ғ ондил ӣ , Даштидид ӣ , Сопкадид ӣ , осорхонаи  Ҳ улбук ва к ӯҳ и намаки Хо ҷ амуъмин, зиёданд. Таърихшиносон бар ин назаранд, ки бидуни огоҳ будан аз таърихи  Қалъаи Ҳулбук таърихи вилояти Хатлонро омӯхтан номумкин аст. Дар ноҳияи Восеъ кони машҳуртарини намак дар ҷаҳон — Хоҷамуъмин воқеъ аст, ки дар сурати мавҷуд будани инфрасохтори мусоид барои сайёҳон макони тамошо шуда метавонад, захираи он камаш як аср метавонад сокинони ҷаҳонро таъмин созад. Далелҳо аз он ҳокианд, ки дар шаш моҳи соли равон нақшаи қисми даромади буҷети давлатии ноҳия 100 фисад иҷро гардидааст. Яке аз самтҳои афзалиятноки Ҳукумати мамлакат сари вақт пардохт кардани нафақа мебошад. Дар ноҳия 17 ҳазору 293 нафақахӯр ба қайд гирифта ш...

Хатлон. Ҳалокати 10 нафар ҳангоми оббозӣ

Изображение
Дар 6 моҳи соли равон дар кӯлу дарё ва рӯдхонаҳои вилояти Хатлон 10 нафар ҳангоми оббозӣ ғарқ шудаанд, ки  6 нафарашон ноболиғ мебошанд. - Гарчанд ин омор нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 ҳолат кам бошад ҳам, вазъ ташвишовар боқӣ мемонад, — мегӯяд сардори бахши кор бо ҷомеаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон Муродҷон Муҳиддинов. Сабаби ғарқшавии сокинони вилоят дар кӯлу дарёҳо ин беназорат мондани кӯдакони ноболиғ аз тарафи волидайн ва риоя накардани қоидаҳои шиноварӣ ба шумор меравад. Баҳри рафъи ин мушкилот аз тарафи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон пайваста корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд. Сулаймон СУЛТОНОВ, «Садои мардум»

Кӯшониён. Эргаш соҳиби мактаб шуд

Дар де ҳаи Эргаши де ҳоти «Б ӯстон қалъа»-и но ҳияи К ӯшониён муассисаи таълимии №38 бо мабла ғгузории Вазорати маориф ва илми  Ҷум ҳурии То ҷикистон ба фаъолият о ғоз намуд. Тавре аз Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия иттилоъ доданд, муассиса бо харҷи 3,5 миллион сомонӣ барои ба таҳсил фаро гирифтани зиёда аз 300 хонанда дар ду баст бунёд гардидааст. Он аз 6 синфхона иборат буда, бо компютер ва асбобу аёният муҷаҳҳаз аст. Сулаймон Султонов, «Садои мардум»

Намоиши китоб дар Хатлон

6 июли соли  ҷор ӣ бо дастгирии Ма қомоти ­и ҷроияи ма ҳаллии  ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар назди Театри муси қӣ – маз ҳакавии ба номи Ато Му ҳаммад ҷонови ша ҳри Бохтар аз тарафи нашриёти «Адиб» намоиш ва фур ӯши китоб баргузор ва ба ало қамандону д ӯстдорони каломи бадеъ 8  ҳазор нусха китоб пешни ҳод карда шуд. Дар ҷамъомад адибону шоирон ва ходимони илму фарҳанги ҷумҳурӣ ширкат варзиданд. Дӯстдорони каломи бадеъ китобҳои интихобнамуда­ашонро бо нархҳои дастрас харидорӣ намуда, аз муаллифони асарҳо, ки бархе аз онҳо ҳузур доштанд, соядаст гирифтанд. Сулаймон Султонов, «Садои мардум»