Сообщения

Сообщения за август, 2021

Панҷ. Бунёди 35 синфхонаи иловагӣ

Изображение
  №94 (4356) 17.07.2021 Бо хар ҷ и 3 миллиону 250  ҳ азор сомон ӣ  дар назди 12 муассиса ҳ ои таълимии но ҳ ияи Пан ҷ  35 синфхонаи иловаг ӣ  сохта шуд. Тавре зимни суҳбат мудири шуъбаи маорифи ноҳия Шарофиддин Асомиддинзода зикр кард, ин иқдом бо дастгирии падару модарон амалӣ гардида, то андозае мушкилоти норасоии ҷойи нишаст бартараф гардид. Дар назди даҳ муассисаи таълимӣ  бунёди 50 синфхонаи иловагии дигар бомаром идома дошта, қисмати зиёди онҳо дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд. Аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар муассисаи таълимии рақами 36 сохт­мони панҷ синфхонаи иловагӣ муташаккилона идома дорад. Соли ҷорӣ дар ноҳия сохтмони мактабҳои рақами 9, 41 ва 45 ба нақша гирифта шуда, лоиҳаи онҳо омода ва ҷойи сохтмон низ муайян гардидааст. Инчунин, дар баробари ­бунёди синфхонаҳои иловагӣ, толорҳои варзишии мактабҳои рақами 36 ва 27 дар арафаи ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода мешаванд. Сулаймон СУЛТОНО

Тақдими манзили нави истиқоматӣ ба панҷгоникҳо

Изображение
  №74 (4336) 08.06.2021 Якуми июни соли равон, дар Р ӯ зи байналмилалии  ҳ ифзи к ӯ дакон, оилаи пан ҷ гоник ҳ о дар но ҳ ияи  Қ убодиён со ҳ иби манзили нав шуданд. Тавре аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон хабар доданд, калиди манзили навро раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода тақдим намуд. Манзили истиқоматӣ бо дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, ноҳияи Қубодиён ва сокинони хайрхоҳ дар муддати се моҳ бо харҷи беш аз 200 ҳазор сомонӣ бунёд шуда, бо лавозимоти зарурии рӯзгор, аз қабили яхдон, телевизор, гаҳвора, ҷевон, кондитсионер, бозичаҳои кӯдакона ва рахти хоб муҷаҳҳаз мебошад. Инчунин, саломатии панҷгоникҳо Фотимаву Зуҳро, Ҳасану Ҳусейн ва Оиша хуб буда, ҳамеша зери назорати пизишкон қарор доранд. Ёдовар мешавем, ки сокини ноҳияи Қубодиён Дилноза Мамадова 30-юми декабри соли 2020 дар таваллудхонаи ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе панҷгоник ба дунё овард, ки дар кишвар рӯйдоди нодир ба ҳисоб меравад. Сулаймон СУЛТОНОВ, «Садои мардум»

Ҷайҳун. 123 ҳазор тонна пиёз ҷамъоварӣ шуд

Изображение
  № 07.06.2021 Кишоварзони но ҳ ияи   Ҷ ай ҳ ун   соли   ҷ ор ӣ   дар   майдони  4  ҳ азору  23  гектар   пиёз   кишт   кардаанд ,  ки   ин   нишондод   нисбат ба   соли   гузашта  300  гектар   зиёд   мебошад . Тавре зимни суҳбат сардори Раёсати кишоварзии ноҳия Пирназар Нуров иттилоъ дод, то охири моҳи май ҳосили зиёда аз 3 ҳазор гектари маҳсулот, ба миқдори 123 ҳазор тонна ҷамъоварӣ ва пешкаши харидорон шудааст. Аз маҳсулоти ҷамъоваришуда 15 ҳазор тоннаи он ба хориҷи мамлакат содирот гардид. Тибқи нақша, соли равон кишоварзони  ноҳия бояд 160 ҳазор тонна пиёз ҷамъоварӣ намоянд, ки ҳосилнокӣ аз ҳар гектар ба 400 — сентнерӣ баробар мебошад. Аксар кишоварзони ноҳияи Ҷайҳун аз камарзиш будани ин навъи маҳсулот шикоят доранд. Нархи як килограмм пиёз то 20 дирам поён фаромадааст, ки деҳқонон ҳатто хароҷоташонро намепӯшонанд. Сулаймон СУЛТОНОВ, «Садои мардум»      

Ҳолати ногувори роҳҳои маҳаллии Хатлон

Изображение
  №70 (4332) 25.05.2021 Ба маълумоти к ӣ  бовар кунем? Сарму ҳ андиси Муассисаи давлатии «Идораи хо ҷ агии ро ҳҳ ои автомобилгард»-и минта қ аи Бохтари вилояти Хатлон Музаффар Холи қ ов зимни су ҳ бат гуфт, ки тайи се мо ҳ и аввали соли равон аз бу ҷ ет ҳ ои ма ҳ аллии ша ҳ ру но ҳ ия ҳ ои Левакант, Абдура ҳ мони  Ҷ ом ӣ , Носири Хусрав, Ша ҳ ритус,  Қ убодиён, Вахш ва но ҳ ияи Пан ҷ  барои таъмири ро ҳҳ ои ма ҳ алл ӣ  мабла ғ   ҷ удо нашудааст. Ин дар  ҳ олест, ки аксарияти ро ҳҳ ои ма ҳ алл ӣ  дар минта қ аи Бохтар ба таъмир ниёз доранд. - Масъулини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Кӯшониён, Ҷалолиддини Балхӣ, Ҷайҳун, Дӯстӣ, Хуросон ва Ёвон барои таъмири роҳҳои маҳаллӣ дар се моҳи аввали соли ҷорӣ маблағ ҷудо кардаанд, ки кифоя нест,- гуфт М. Холиқов. Даҳҳо ронанда дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон зимни суҳбат аз он изҳори нигаронӣ карданд, ки валангор будани роҳҳои маҳаллӣ боиси тез-тез фарсуда гаштани мошинҳои онҳо гаштааст. Бино ба иттилои сардори Муассисаи

Шаҳритус. 92,6 фоизи иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Изображение
  №65 (4327) 15.05.2021 Барои сазовор пешвоз гирифтани  ҷашни 30 — солагии Исти қлолияти давлатии  Ҷум ҳурии То ҷикистон дар но ҳияи Ша ҳритус аз 365 иншооти на қшав ӣ 338 адади он (92,6 фоиз) бунёд ва мавриди ба ҳрабардор ӣ  қарор гирифт. Бо бунёд ва таъмиру навсозии 16 муассисаи таълимӣ, 10 муассисаи томактабӣ, 10 бунгоҳи тиббӣ, 10 маркази саломатӣ, 13 майдончаи варзишӣ, 4 дӯкони ҳунармандӣ, 17 иншооти саноатию истеҳсолӣ ва 3 сардхона сокинони зиёди маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуданд. Тавре мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия Эркин Туйчиев гуфт, дар шаҳраки Шаҳритус майдони Исмоили Сомонӣ, Парчам ва Нишони давлатӣ, боғи фарҳангию фароғатии Тус, маркази хизматрасонӣ, тӯйхона ва меҳмонхонаи «Марҳабо», қаҳвахона ва меҳмонхонаи «Чорбед», маркази хизматрасонии сеошёна ва меҳмонхонаи «Ваҳдат», шуъбаи маориф, қаҳвахонаи «Наврӯз» сохта, ба истифода дода шуданд. Ҳамчунин, дар чанд иншооти дигар, аз қабили муассисаҳои таҳсилот

Бохтар. Бунёди 243 иншоот бо харҷи 300 миллион сомонӣ

Изображение
  №65 (4327) 15.05.2021 Ҷи ҳати омодагии  ҳама ҷониба ба  ҷашни 30 — солагии Исти қлолияти давлатии  Ҷум ҳурии То ҷикистон дар ша ҳри Бохтар ба мабла ғи 300 миллион сомон ӣ 243 иншооти таъиноти гуногун бунёд шуда, мавриди ба ҳрабардор ӣ  қарор гирифт. Тавре мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар Валиҷон Ятимзода иттилоъ дод, тибқи нақша то ҷашни Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳр бояд 307 иншоот сохта шавад. Аллакай 76 фоизи онҳо, аз қабили 12 иншооти соҳаи маориф, 7 иншооти соҳаи тандурустӣ, 6 иншооти соҳаи фарҳанг, 6 коргоҳу корхонаи саноатӣ, 15 муассисаи варзишӣ ва 44 маркази савдою хизматрасонӣ сохта, ба истифода дода шуданд. Инчунин, 31 бинои баландошёна қомат афрохтааст. Сулаймон СУЛТОНОВ, «Садои мардум»

Тақсимоти булаҷаби замин дар Ҷайҳун

Изображение
  Ё чаро мансабдорон даст ба ҷиноят мезананд? №49-50 (4311-4312) 17.04.2021 Дар но ҳияи  Ҷай ҳун за ҳкашеро пур кардаву онро барои бунёди хонаи исти қомат ӣ ба сокинон та қсим кардаанд. Ин амал дар де ҳаи  Ҷӯйбори де ҳоти « Қумсангир» ба ву қӯъ пайвастааст. Ба гуфтаи сокинон, ин корро соби қ раиси де ҳоти « Қумсангир» Муродбек А қса қолзода, ки феълан раиси ша ҳраки «Д ӯст ӣ»-и но ҳия мебошад, ан ҷом додааст. Раиси ноҳияи Ҷайҳун Абдулҳафиз Одиназода 17-уми феврали соли ҷорӣ зимни нишасти матбуотӣ гуфт, заҳкаше, ки аз хок пур карда шуд, дар доираи қонунҳои амалкунанда иҷро шуда, қонунист. Ӯ афзуд, ки он замини ғайрикишоварзӣ буда, хулосаи сохторҳои давлатӣ гирифта шудааст. - Ихтисоси ман муҳандис — заминсоз аст. Ҳамин ки ба ҳайси раиси ноҳия таъин шудам, он мавзеъро аз назар гузаронидам. Ҳамааш қонунӣ аст, — гуфт Абдулҳафиз Одиназода. Аммо ба суоли «Дар он мавзеъ чӣ қадар замин бо кадом қарори раиси ноҳия ва ба чанд оила тақсим шудааст?», — раиси ноҳия посух надод. Зимни нишасти матбуот