Сообщения

Сообщения за май, 2021

Хурмои Хатлон. Маҳсулоте, ки аз он метавон фоидаи хубе ба даст овард

Изображение
  Муҳаммадрабӣ Музаффаров, кишоварзест, ки пешбурди зиндагиашро имрӯзҳо бештар аз фурӯши меваи хушки хурмо мечархонад. Ӯ ин меваи хуштамъро хушк карда, маҳсулоти хушккардаашро ба харидорон аз вилояти Суғз бо арзиши 35 сомонӣ ба ҳар як килограмм мефурӯшад.   Ин таҷрибаи сердаромадро ӯ дар натиҷаи омӯзиш аз “Лоиҳаи USAID оид ба рақобатпазирии агробизнес дар Тоҷикистон омӯхтааст.   Муҳаммадрабӣ Музаффаров дар майдони 12 гектар хоҷагии деҳқонӣ дошта, дар он бо аҳли оилааш ба кишоварзӣ машғул аст. Пештар таваҷҷуши асосӣ бештар ба пахтакорӣ дошт. Чун солҳои охир арзиши нархи пахта поён шуд табиист, ки фоидааш ҳам камтар шуд.  Дар боғи ин кишоварз ҳамагӣ 20 дарахти хурмо мавҷуд аст, ва тахминан ҳар як дарахт то 150 килограмм ҳосил медиҳад.  -Ман ягон вақт тасаввур намекардам, ки меваи хурморо хушк карда ҳам мешудааст ва дар натиҷаи хушк кардан онро бо нархи хеле баланд фурӯхтан мумкин бошад.  Аз набудани харидор ва арзиши паст доштани ин мева ҳар сол ҳосили дарахтони манро паррандаҳо мехурдан