Сообщения

Сообщения за февраль, 2021

Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон 15-сола мешавад

Изображение
  №25-26 (4287-4288) 25.02.2021 - Донишкадаи энергетикии То ҷ икистон зодаи даврони исти қ лолият буда, дар р ӯ з ҳ ои баргузории чорабини ҳ о бахшида ба 30 — солагии Исти қ лолияти давлат ӣ , 15 — солагии он низ та ҷ лил карда мешавад, — гуфт ректори он Диловаршо Исозода зимни нишасти матбуот ӣ . Дар донишкада аз шумораи умумии омӯзгорон 35 нафарашон дорои дараҷаи илмии номзади илм ва доктори илм буда, 28 омӯзгору унвонҷӯ дар шуъбаҳои рӯзона ва ғоибонаи аспирантураҳои дохил ва хориҷи кишвар таҳсил менамоянд. Дар нимсолаи якуми соли 2020 панҷ нафар аспирантону унвонҷӯён рисолаҳои номзадиро ҳимоя карда, сазовори дараҷаи илмии номзади илм гардиданд. Ҳафт нафар унвонҷӯ марҳилаи пеш аз дифоиро ба анҷом расонидаанд ва рисолаҳои номзадиашон дар арафаи ҳимоя мебошанд. - Боиси хушнудист, ки панҷ нафар донишҷӯёне, ки донишкадаро бо баҳои хубу аъло хатм карданд, ҳамчун омӯзгор ба кор қабул гардиданд, — гуфт дар фарҷом Д. Исозода. Сулаймон СУЛТОНОВ, «Садои мардум»

574 нафар тибқи квота таҳсил доранд

Изображение
  №20 (4282) 13.02.2021 - Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав 672 нафар, аз ҷумла, 29 профессору доктори илм, 142 номзади илму дотсент ва 387 саромӯзгору ассистент, дар 45 кафедра фаъолият доранд. Ҳамчунин, 33 устод ба фаъолият ҷалб шудаанд, ки бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардидаанд, — иттилоъ дод ректори донишгоҳ Сайфиддин Давлатзода зимни нишасти матбуотӣ, ки ҳаштуми феврали соли ҷорӣ баргузор гардид. Ӯ гуфт, соли 2020-ум 20 устоди донишгоҳ рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ ҳимоя намуданд, ки шаш таҳқиқоти дар ин самт анҷомдода ба кафедраҳои равияҳои табииву риёзӣ рост меоянд. Соли гузашта 125 донишҷӯ аз тариқи онлайн дар олимпиадаи байналмилалӣ аз рӯи ихтисосҳои математика, физика, химия, информатика ва забони русӣ иштирок карда, 20 нафари онҳо ба даври сеюм роҳхат гирифтанд. Дар баробари ин, устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» фаъолона иштирок намуда, ҳафт нафарашон сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гаштанд. Имсол дар донишгоҳ п

Журналистон бо манзили зист таъмин мешаванд

Изображение
  №21 (4283) 16.02.2021 Нишасти матбуотии раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, ки 10-уми феврали соли ҷорӣ дар Кохи фарҳанги шаҳри Бохтар баргузор гардид, аз суолу ҷавоб оғоз шуд. Дар қатори дигар саволҳои намояндагони воситаҳои ахбори омма раиси вилоят ба саволи хабарнигори рӯзномаи «Садои мардум» дар вилояти Хатлон низ, ки иҷоранишинии қисмати зиёди рӯзноманигоронро ба миён гузошт, посух дода, аз ҷумла, гуфт: - Дар шаҳри Бохтар ва шаҳри Кӯлоб барои журналистон ҷиҳати бунёди манзил замин ҷудо ва бо дастгирии соҳибкорон бинои баланд­ошёна бунёд шуда, ба журналистони ниёзманд хонаҳо тақдим мегардад. Комиссияи махсус ташкил карда, ба зудӣ рӯйхати рӯзноманигорони ниёзмандро тартиб медиҳем. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон талош мекунад, ки ҳар чӣ зудтар ин иқдомро ба роҳ монад, — гуфт Қурбон Ҳакимзода. Намояндагони воситаҳои ахбори омма дар хусуси ҷойивазкунии кадр­ҳои роҳбарикунанда, изофанависӣ дар кишту истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, ба кор даровардани корх

Ҷайҳун. Чаро сохтмони мактаб 13 сол аст ба охир намерасад

Изображение
  №143 (4249) 26.11.2020 Дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон соли 2007 сохтмони бинои муассисаи таълимӣ барои 624 хонанда оғоз гардидаю то ҳол ба анҷом нарасидааст. Тибқи иттилои сардори шуъбаи соҳаҳои иқтисодии Сарраёсати молияи вилояти Хатлон Холмуҳаммад Одинаев, муассисаи болозикр бояд соли 2015 мавриди истифода қарор мегирифт. Аммо аз сабаби набудани маблағ сохтмони он тӯл кашид. Арзиши умумии сохтмон зиёда аз 21 миллион сомониро дар бар мегирад. - Аз соли 2007 барои сохтмони мактаб 9 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст. Барои пурра ба анҷом расидани корҳо боз 12 миллион сомонии дигар лозим аст. Сарраёсати молияи вилояти Хатлон кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки марҳила ба марҳила боқимондаи маб­лағро ҷудо намояд, — гуфт Холмуҳаммад Одинаев. Дар ҳамин ҳол сардори Раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон Абдулвоҳид Саъдуллозода зикр кард, ки корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур идома дорад. Соли 2020 бо ин мақсад 2 миллиону 850 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шуда, мактаб, тибқи нақша, бояд соли 2021 ба истифода

Нахустин корхона дар МОИ «Кӯлоб»

Изображение
  № 07.10.2020 Бо ибтикори соҳибкори ватанӣ, роҳбари ҶДММ «Тоҷик Алмос» Хайриддин Бобоев дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» нахустин субъекти соҳибкорӣ ба қайд гирифта шуд. Тавре аз Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб иттилоъ доданд, оид ба пешбурди фаъолият дар МОИ «Кӯлоб» бо ҶДММ «Тоҷик Алмос» созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Масъулини «Тоҷик Алмос» нақша доранд дар давоми 1,5 соли оянда корхонаи истеҳсоли қисмҳои мошинро бунёд намоянд. Сохтмони он дар 1 гектар замин ба нақша гирифта шуда, бо харҷи беш аз 1,5 миллион сомонӣ сохта мешавад. Дар марҳилаи аввал масъулин ният доранд истеҳсоли ҳавотозакунак (ҳавоӣ ва равғанӣ) – ро барои воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ба роҳ монанд. Баъди бунёди корхона 20 мутахассиси маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин хоҳанд шуд. Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» соли 2019 дар 309 гектар замин ба қайд гирифта шуда, соли равон ба фаъолият оғоз намуд. Сулаймон СУЛТОНОВ, «Садои мардум»

Бохтар. Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ афзоиш ёфт

Изображение
  №156 (4262) 29.12.2020 Дар мамлакат бо ба даст овардани Исти қ лолияти давлат ӣ  ва расидан ба ва ҳ дати милл ӣ , баробари дигар со ҳ а ҳ ои  ҳ аётан му ҳ ими кишвар, ба э ҳ ёву рушди со ҳ аи саноат тава ҷҷ у ҳ и махсус зо ҳ ир мегардад. Инчунин,  ҷ и ҳ ати бартараф намудани камбуди ҳ ои  ҷ ойдошта дар ин самт тадбир ҳ ои зиёд ро ҳ андоз ӣ  мешаванд. Аз  ҷ умла, саноатикунонии босуръати кишвар  ҳ амчун  ҳ адафи чоруми стратегии мамлакат  қ абул гардида, рушди он барои таъмини устувории и қ тисодиёт, ташкили  ҷ ой ҳ ои нави кор, баланд бардоштани и қ тидори содиротии мамлакат ва ра қ обатнокии он замина мегузорад. Саноатчиёни шаҳри Бохтар баҳри татбиқи ин ҳадафи муҳим, бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда, дар даҳ моҳи соли ҷорӣ, новобаста ба паҳншавии бемории коронавирус ва вазъи номусоиди иқтисодӣ, ҳама захираю имкониятро самаранок истифода бурда, ба маблағи 173 миллиону 866,3 ҳазор сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8 миллиону 870,9 ҳаз