Сообщения

Сообщения за январь, 2021

Қарзи мушкилситон дар Хатлон. Имкони ҷамъоварии он ҳаст ё не?

Изображение
  То охири соли 2019 дар вилояти Хатлон беш аз 115 миллион сомонӣ қарзи мушкилситон мавҷуд будааст. Аммо масъулини Раёсати андози вилоят дар пешниҳоди маълумот оид ба вазъ дар соли 2020-ум худдорӣ карданд.   “Ба Кумитаи андоз муроҷиат кунед...” Абубакр Хушвахтов, сардори шуъбаи ситонидани қарзи андозҳои Раёсати андози вилояти Хатлон дар посух ба ин суол, ки дар вилоят чӣ қадар қарзи мушкилситони андоз аст, чунин гуфт: “Ман дар ин масъала ба шумо маълумот дода наметавонам! Барои гирифтани чунин маълумот ба мақомоти болоии мо – Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат кунед! Дар Кодекси андоз ва санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқӣ ин мавзӯъ оварда шудааст. Вале салоҳияташ ба идораи болоии мо вобаста аст”. Аммо Абдурозиқ Солиев, муовини сардори Раёсати андози вилояти Хатлон ҳанӯз соли 2019 гуфта буд, ки қарзи мушкилситони андоз дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар маҷмӯъ 116 миллион сомониро ташкил мекунад. Рӯёнидани ин гуна қарз номумкин аст       Дар ҳамин ҳол Маҳмадалӣ Бе