Сообщения

Сообщения за декабрь, 2020

Чаро дар Хатлон байторҳо каманд?

Изображение
  №133 (4239) 29.10.2020 Сокинони вилояти Хатлон аз кам будани мутахассисони соҳаи байторӣ нигаронанд. Ба қавли онҳо, барои табобати ҳайвоноти хонагӣ мутахассис ёфтан амри маҳол аст. Сокини ноҳияи Кӯшониён Валиҷон Обидов, ки ба нигоҳубини чорвои калон машғул аст, зикр кард, ки ин гуна табибон ангуштшуморанду барои пайдо кардани онҳо саргардонии зиёд пеш меояд. Мисли ӯ даҳҳо сокини вилояти Хатлон аз норасоии мутахассисони соҳаи байторӣ изҳори нигаронӣ карданд. Тибқи маълумоти Раёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ саршумори чорвои калон 978 ҳазору 461 сарро ташкил додааст, ки нисбат ба нимсолаи якуми соли гузашта 8 ҳазору 807 сар зиёд мебошад. Саршумори гӯсфанду буз ба 2 миллиону 425 ҳазору 622 сар расидааст, ки дар қиёс ба шашмоҳаи аввали соли гузашта ду дарсад зиёд аст. Бино ба иттилои муовини директор оид ба таълиму тарбияи Муассисаи давлатии Коллеҷи махсусгардонидашудаи шаҳри Бохтар Аъзам Мирзоев, алҳол ташкили мар

Дар Хатлон маъракаи ниҳолшинонӣ идома дорад

  №151 (4257) 17.12.2020 Тавре аз Ма қомоти и ҷроияи ма ҳаллии  ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иттилоъ доданд, ни ҳол ҳои шинонидашуда аз парваришго ҳҳои ватан ӣ ва кишвар ҳои Испания, Белгия, Италия, Сербия ва Голландия харидор ӣ шудаанд. Тибқи нақшаи кабудизоркунӣ ва солимгардонии муҳити зист барои солҳои 2020 – 2021, мавсими имсол дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бояд 418 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ороишӣ, сояафкан ва ҳамешасабз шинонида шавад. Ҳамчунин, майсазор кардани 300 ҳазор метри мураббаъ ва шинонидани 9 миллиону 952 ҳазор гулу гулбутта, аз ҷумла 2,6 миллион гули лола, 710 ҳазор гули садбарг ва 6,6 миллион гули мавсимӣ, ба нақша гирифта шудааст. Сулаймон СУЛТОНОВ, «Садои мардум»

Бунёди 941 иншооти соҳаи тандурустӣ дар Хатлон

  №144 (4250) 28.11.2020 Ҷиҳати истиқболи шоистаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар вилояти Хатлон 532 иншооти соҳаи тандурустӣ бунёд гардидааст. Тавре аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии Дастгоҳи раиси вилояти Хатлон хабар доданд, то ҷашни фархунда дар вилоят бунёду навсозии 941 иншооти тиббӣ ба нақша гирифта шудааст, ки наздики 70 дарсади он мавриди баҳрабардорӣ қарор дорад. Аз ҷумла, 27 беморхона, 55 маркази саломатӣ, 159 бунгоҳи тиббӣ, 142 нуқтаи хатнакунӣ, 14 таваллудхона ва 135 дорухона дар хизмати аҳолӣ қарор дода шуд. Айни ҳол сохтмони иншооти калонҳаҷм, аз қабили бинои Маркази перинаталӣ ва Маркази табобатии бемориҳои қалб дар шаҳри Бохтар, Беморхонаи бисёрсоҳа бо 200 кати бистарикунонӣ ва Маркази саломатӣ барои қабули 300 бемор дар ноҳияи Қубодиён, Беморхонаи касалиҳои сироятӣ дар ноҳияи Данғара ва Беморхонаи рақамӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, бомаром идома дошта, дар арафаи анҷомёбист. Инчунин, дар деҳот сохт

Вахш. Ҳиммати соҳибкор

Изображение
  №108 (4214) 05.09.2020 Бо ибтикори со ҳибкори ватан ӣ  Қурбонал ӣ Юсуфов дар заминаи Муассисаи  ғайридавлатии Колле ҷи тиббии но ҳияи Вахш беморхонаи хуштар ҳу замонавии дорои 100 кат бунёд гардид. Барои сохтмони он чор миллион сомон ӣ хар ҷ шудааст. Беморхона аз чор шуъба — амрози дарун ӣ, амрози занона,  ҷарро ҳӣ ва шуъбаи к ӯдакона иборат мебошад. Тавре директори муассиса Ҷамил Ҷалолов иброз дошт, баъди ба истифода додани беморхона беш аз 50 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд. Муассиса бо таҷҳизоти зарурии тиббӣ муҷаҳҳаз гардидааст. Номбурда афзуд, ки санги асоси беморхона соли 2014, зимни ифтитоҳи коллеҷ, аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуд. Инчунин, дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори зикршуда дар Хоҷагии тухмипарварии «Кӯлоб» кохи фарҳанги дорои ду ҳазор ҷойи нишаст сохта шудааст, ки бо харҷи ду миллион сомонӣ бунё

Аз пайи мактуб. Баҳси доманадор барои замин дар Ҷайҳун

Изображение
  №96 - 97 (4202 - 4203) 11.08.2020 Ба он кӣ бояд хотима бахшад? 14 сол қабл, дар асоси протоколи маҷлиси умумии аъзои хоҷагии деҳқонии фермерии «Гулбаҳор», дақиқтараш, 7-уми марти соли 2006, як гурӯҳ саҳмдорони хоҷагӣ бо роҳбарии Абдураҳим Ҳасанов дар 11,68 гектар хоҷагии деҳқонии фермерии «Ҳасан»-ро таъсис доданд. Акнун, бо гузашти солҳо, роҳбари ХДФ «Гулбаҳор» Зубайдулло Хайруллоев ба воситаи хешу ақрабо, ки гӯё саҳмдоранд, хоҳиши бозпас гирифтани замини додашударо дорад. Бо қарори раиси ноҳияи Ҷайҳун (собиқ Қумсангир) 3 майи соли 2006, таҳти №177 аз ҳисоби замини хоҷагии деҳқонии фермерии «Гулбаҳор» тарҳҳои 322 ва 323 барои ташкили хоҷагии деҳқонии фермерии «Ҳасан» (роҳбараш Абдураҳим Ҳасанов) 11,68 гектар — 11 гектар замини корами обӣ, 0,28 гектар зери об, 0,22 гектар зери роҳ ва 0,18 гектар шӯрзамин барои 16 саҳмдор замин ҷудо гардидааст. Тибқи қарор ба саҳмдорони ХДФ «Ҳасан» кафолати замини меросӣ ва истифодаи якумраи замин дода шудааст (хоҷагии деҳқонии фермерии «Ҳасан» бо серт

Бохтар. Корҷӯён соҳиби ҷои махсус шуданд

  №95 (4201) 08.08.2020 Бо ташаббуси Ма қомоти и ҷроияи ма ҳаллии  ҳокимияти давлатии ша ҳри Бохтар ва со ҳибкорони ма ҳалл ӣ дар ма ҳаллаи  Ғайрати ша ҳр барои занону мардони кор ҷӯ макони махсуси болоп ӯшидаи ба ҳамо ӣ бунёд гардид, ки 0,04 гектар масо ҳат дошта, барои 150 нафар пешбин ӣ шудааст. Он имкон медиҳад, ки корҷӯён аз нурҳои сӯзони офтоб ва барфу борон эмин бошанд. Бояд гуфт, ки чанд сол боз корҷӯён дар назди Терминали мусофиркашонии шаҳри Бохтар, канори роҳ барои пайдо кардани кори ҳаррӯза ҷамъ меомаданд. Сулаймон СУЛТОНОВ, «Садои мардум»

Ёвон. Кӯдакистон бунёд мегардад

Изображение
  №95 (4201) 08.08.2020 Бо ибтикори со ҳ ибкори ватан ӣ  Акбар Асадулло, дар ма ҳ аллаи Абдура ҳ мони  Ҷ омии ша ҳ раки Ёвони но ҳ ияи Ёвон бо ғ чаи хуштар ҳ у замонав ӣ  барои 315 к ӯ дак бунёд мегардад. Тавре аз мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия иттилоъ доданд, арзиши умумии лоиҳаи боғча 21 миллион сомониро ташкил дода, он дар арафаи ҷашни 29 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода мешавад. Бинои боғча аз се ошёна иборат хоҳад буд ва баъди ба истифода додани он 35 нафар соҳиби ҷойи кор мегарданд. Сулаймон СУЛТОНОВ, «Садои мардум»

То соли 2021 дар Хатлон бояд 13 ҳавзи шиноварӣ сохта шавад

Изображение
  №87 (4193) 18.07.2020 Мувофи қи иттилои сармутахассиси бахши варзиши дастго ҳи Раёсати кор бо  ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон Дилшод Мадалиев, дар ша ҳру но ҳия ҳои вилоят 33  ҳавзи шиновар ӣ мав ҷуд аст, ки аксарияти он ҳо таъмирталаб буда, фаъолият намекунанд.  Ӯ аз он нигарон ӣ кард, ки бештари  ҳавз ҳои шиновар ӣ тан ҳо дар р ӯи ко ғаз мав ҷуданд. Барои мисол, дар ноҳияи Кӯшониён се ҳавзи шиноварӣ ба қайд гирифта шудааст, ки эҳтиёҷоти аҳолии ноҳияро қонеъ намесозад. Ин аст, ки аз шумораи умумии ғарқшудагон се нафар аз ин ноҳия мебошанд. Ба гуфти Дилшод Мадалиев, шумораи ҳавзҳои шиноварӣ дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб чор адад, Бохтар – се, Левакант – ду,  Норак – як, Ёвон – чор, Абдураҳмони Ҷомӣ – ду, Ҷалолиддини Балхӣ – як, Шаҳритуз – ду, Қубодиён – як, Данғара – ду, Ховалинг – ду, Восеъ – як ва Муъминобод ду адад мебошад. Аммо дар ноҳияҳои Хуросон, Дӯстӣ, Ҷайҳун, Панҷ, Носири Хусрав, Темурмалик, Балҷувон, Шамсиддин Шоҳин, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Фархор ҳавзи шиноварӣ мавҷуд нес

Аз фаъолияти Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ Хатлон. Аз 931 ёдгории таърихӣ 26 адад сертификати ҳуқуқи истифодаи замин дорад

  №85 (4191) 14.07.2020 Чанде пеш дар толори Ма қомоти и ҷроияи ма ҳаллии  ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон И ҷлосияи дуюми Ма ҷлиси вакилони хал қи вилояти Хатлон даъвати шашум баргузор гардид, ки дар он «Рафти и ҷрои  қарори раиси вилояти Хатлон аз 16 декаб­ри соли 2016, №257 «Оид ба Фармони Президенти  Ҷум ҳурии То ҷикистон аз 12 ноябри соли 2016, №776 «Дар бораи Стратегияи миллии  Ҷум ҳурии То ҷикис­тон оид ба му қовимат ба экстремизм ва терроризм барои сол ҳои 2016 – 2020» дар ша ҳру но ҳия ҳо ва ташкилоту муассиса ҳои вилоят», «Амалишавии  қарори раиси вилояти Хатлон аз 27 январи соли 2012, №15 «Доир ба  қарори  Ҳукумати  Ҷум ҳурии То ҷикистон аз 3 декабри соли 2011, №557 «Дар бораи Барномаи давлатии  ҳифзи мероси таърихию фар ҳанг ӣ барои сол ҳои 2012-2020» мавриди баррас ӣ  қарор гирифтанд. Дар робита ба масъалаи аввал  муовини раиси вилоят Абдуалим Исмоилзода зикр кард, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят бо мақсади амалигардонии бандҳои стратегияи номбурда

Таъсиси 46 корхонаи саноатӣ

  №69 (4175) 11.06.2020 Дар пан ҷ  мо ҳ и соли  ҷ ор ӣ  дар вилояти Хатлон 46 корхонаю корго ҳ и саноат ӣ  бо 493  ҷ ойи кор таъсис дода шуд. - Дар даврони со ҳ ибисти қ лол ӣ  531 корхонаи нави саноат ӣ  бунёд гардида, шумораи он ҳ о аз 75 адади соли 1991 соли 2020 ба 606 адад расид. Тан ҳ о дар шаш соли охир дар вилоят 291 корхонаву корго ҳ и нави саноат ӣ  бо 6900  ҷ ойи кор ӣ  таъсис ёфт, — из ҳ ор намуд мудири шуъбаи иттилоотию та ҳ лилии дастго ҳ и раиси вилояти Хатлон Носир ҷ он  Маъмурзода. Хурсандиовар аст, ки шумораи кормандон дар корхонаҳои саноатии вилоят нисбат ба соли 1991 ду баробар зиёд гардид. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар моҳҳои январ – апрели соли ҷорӣ дар вилоят ба 2,6 миллиард сомонӣ расид, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 269,1 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар зарфи 20 соли охир ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ дар вилоят 8 баробар афзоиш ёфта, аз 1 миллиарду 100 миллион сомонии соли 2000 – ум дар соли 2019 ба 8,5 миллиард сомонӣ расид, ки ин 32 фоизи маҳсу

Хатлон. Сироятёбӣ ба коронавирус коҳиш ёфт

Изображение
  №68 (4174) 09.06.2020 Имрӯзҳо ҳазорон нафар табибон ва ҳамшираҳои шафқат дар беморхонаҳо дар хизмати халқи тоҷик қарор дошта, ҳатто ҳаёти худро ба хатар гузошта, ба муқобили ин беморӣ шабонарӯзӣ ва фидокорона мубориза бурда истодаанд ва ба хотири наҷоти шаҳрвандони мамлакат тамоми донишу қувват ва малакаву маҳорати касбии худро сафарбар намудаанд. Эмомал ӣ Ра ҳмон, Президенти  Ҷум ҳурии То ҷикистон Тиб қ и та ҳ лили кормандони со ҳ аи тандуруст ӣ , дар вилояти Хатлон шиддати коронавирус нисбат ба дигар ша ҳ ру но ҳ ия ҳ ои кишвар паст гардида, бистарикунон ӣ  дар беморхона ҳ ои ша ҳ ру но ҳ ия ҳ о камтар ба  қ айд гирифта шуд. Вобаста ба ин су ҳ бате доштем бо сардухтури навтаъини Беморхонаи клиникии вилоятии ба номи Б ӯ р ӣ  Во ҳ идови ша ҳ ри Бохтар Шамсулло Олимзода. Ӯ аз ҷумла чунин гуфт: - Дар беморхона барои табобати муроҷиаткунандаҳо шароит муҳайё аст. Масалан, дар шуъбаҳои сироятӣ ва наҷот 112 кат омода мебошад, ки бо хати оксиген таъминанд. Дар шуъбаи эҳёгарӣ низ ҳашт дастго

Ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ. Таваҷҷуҳ ба муроҷиати шаҳрвандон ҷиддӣ аст

  №68 (4174) 09.06.2020 Ба шуъбаи умум ӣ , назорат ва муро ҷ иати ша ҳ рвандони дастго ҳ и раиси но ҳ ияи Абдура ҳ мони  Ҷ ом ӣ  дар пан ҷ  мо ҳ и соли  ҷ ор ӣ  1413 ариза ва 314 муро ҷ иати шифо ҳ ии ша ҳ рвандон ворид гардидааст. Тавре мудири шуъба Хатича Абдуллое­ва иброз намуд, аз тарафи масъу­лин рӯзҳои чоршанбе ва шанбеи ҳар ҳафта қабули шаҳрвандон доир мешавад. Аз аризаҳое, ки дар панҷ моҳи соли ҷорӣ ворид гаштаанд, 900 адад аз рӯи тобеият ирсол шуда, 513 — то дар марҳилаи баррасӣ қарор доранд. Ҳамчунин, 180 дархост қонеъ карда шуда, 113 адади дигар таҳти баррасӣ қарор доранд. Дар рӯзҳои қабули шаҳрвандон унвонии раиси ноҳия, муовинон ва роҳбари дастгоҳи раис 602 муроҷиати шифоҳӣ ворид гардид, ки аз он 319 муроҷиаткунанда қаноатбахш шуданду ба 283 нафари боқимонда шарҳу тавзеҳ дода шуд. Муҳтавои муроҷиати шаҳрвандон асосан ҷудо кардани қитъаи замин, манзил, қарзи бонкӣ ва ташкили хоҷагии деҳқонӣ мебошад. Дар асоси қарори раиси ноҳия аз 22 январи соли 2020 рақами 26 бо иштироки р

Ташхисгоҳи вирусологӣ дар Хатлон

Изображение
  №66 (4172) 04.06.2020 Бо дастгирии Вазорати тандурус­тӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар ташхисгоҳи вирусологӣ ба фаъолият оғоз кард. Тибқи иттилои директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилоят Нурулло Бояков, дар ташхисгоҳи нав  имкон ҳаст, ки дар як шабонарӯз 150 – 200 таҳлил гузаронида шавад. Муҳим он аст, ки хизматрасонӣ ройгон ба роҳ монда шудааст. Мутахассисони ташхисгоҳ дар Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи тиббии профилактикии Ҷумҳурии Тоҷикистон» курси махсуси омӯзишӣ гузаштанд. Бояд қайд кард, ки қаблан таҳлили гумонбарони бемории COVID – 19 барои ташхис ба шаҳри Душанбе фиристода мешуд. Сулаймон СУЛТОНОВ, «Садои мардум»

Хуросон. Оилаҳои зарардида соҳиби замин шуданд

  №65 (4171) 02.06.2020 Ба 67 оилаи зарардидаи но ҳияи Хуросон, ки дар нати ҷаи омадани сел аз хона ҳояшон ма ҳрум гардиданд, 0,08 гектар ӣ замин та қсим шуд. Тавре сардори бахши кор бо ҷомеаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон Муродҷон Муйдинов иттилоъ дод, ба оилаҳои зарардида асноди замин дастрас гардид. Қитъаҳои ҷудогардида аз селроҳа дур буда, соҳибонашон то бунёди хонаҳои нав дар хаймаҳо зиндагӣ хоҳанд кард. Сулаймон СУЛТОНОВ, «Садои мардум»

Хатлон. Кумаки Пешвои миллат ба табибу бемор ва оилаҳои аз офати табиӣ зарардида

  №63 (4169) 28.05.2020 Чанде пеш аз номи Асосгузори сул ҳу ва ҳдати милл ӣ – Пешвои миллат, Президенти  Ҷум ҳурии То ҷикистон му ҳтарам Эмомал ӣ Ра ҳмон бо 233 на қлиёти боркаш аз ша ҳри Душанбе ба беморон, табибони ша ҳру но ҳия ҳои вилояти Хатлон ва сокинони аз офати таби ӣ зарардидаи но ҳияи Хуросон дорувор ӣ, х ӯроквор ӣ ва масоле ҳи сохтмон ӣ даст­рас шуд. Арзиши умумии кумак 6 миллион сомонӣ буда,  дар маҷмӯъ  аз 84 тонна хӯрока (42 тонна ба табибону беморон ва 42 тонна ба оилаҳои зарардида) таркиб ёфтааст. Ба оилаҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Хуросон  3 ҳазору 700 дона шифер, 180 тонна семент, 78 тонна арматура ва 750 куб тахта дастрас гардид. Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар маросими қабули кумак аз номи сокинони вилоят ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ кард. Сулаймон СУЛТОНОВ, «Садои мардум»

«Ахтари Вахш» истеҳсоли ниқобро ба роҳ монд

Изображение
  Дар но ҳияи Вахш Корхонаи д ӯзандагии «Ахтари Вахш» д ӯхтани ни қоби тиббиро ба ро ҳ монда, р ӯзе 2  ҳазор ни қоб метавонад исте ҳсол кунад. Бино ба иттилои директори корхона Муҳаммад Ҳасидов, то  ба ҳол корхона 15 ҳазор ниқоб истеҳсол карда, муассисаҳои тандурустӣ, корхонаву ташкилот ва аҳолии ноҳияро таъмин менамояд. Феълан дар корхона 18 зану духтари маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин буда, ҳар нафар дар як рӯз зиёда аз 200 дона ниқоб медӯзад. Сулаймон СУЛТОНОВ, «Садои мардум»

Ёвон. 1000 қуттии партов дастрас шуд

Изображение
  Дар доираи лои ҳаи «Идоракунии сат ҳи маиш ӣ» бо мабла ғгузории Бонки аврупоии та ҷдид ва рушд ба Раёсати коммунал ӣ — исте ҳсол ӣ ва истифодаи манзили но ҳияи Ёвон 1000  қуттии партов дастрас шуд. Бино ба иттилои сардори раёсат Асрор Аҳмад, маблағи умумии лоиҳаи зикршуда чор миллион доллари америкоӣ буда, ду миллион доллари ИМА грант ва боқимонда қарз  маҳсуб мешавад. - Дар доираи он 58 партовгоҳ сохта шуда, 11 техникаи наву замонавӣ  харидорӣ мешавад, — гуфт номбурда. Сулаймон СУЛТОНОВ, «Садои мардум»

Дар Ҷайҳун парвариши зайтун ба роҳ монда шуд

Изображение
  Кишоварзони но ҳ ияи  Ҷ ай ҳ ун  ҳ ар сол киштзорро васеъ карда, тавассути истифодаи самараноки обу замин, техникаву технология ҳ ои замонавии кишоварз ӣ  ва тухмии аълосифат дар таъмини амнияти озу қ авории мамлакат са ҳ м мегузоранд. Бино ба иттилои сардори Раёсати кишоварзии ноҳия Пирназар Нуров, соли равон дар майдони 14 ҳазору 956 гектар кишт шуд, ки нисбат ба соли гузашта 200 гектар зиёд мебошад. - Дар 3 ҳазору 721 гектар пиёз кишт шудааст, ки ин нишондод дар қиёс ба соли гузашта 1025 гектар зиёд мебошад. Тибқи дурнамо бояд 141 ҳазор тонна пиёз ҷамъоварӣ шавад. То ҳол 25 ҳазор тонна ҷамъоварӣ гардида, се ҳазор тонна ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон содирот шуд, — гуфт ӯ. Тибқи иттилои Пирназар Нуров, дар 135 гектар парвариши лимӯ ба роҳ монда шудааст. Аз ин масоҳат соли сипаришуда 3 ҳазору 169 тонна лимӯ ҷамъоварӣ гардид, ки аксарияти он ба хориҷи кишвар содирот шуд. Заҳматкашони ноҳия роҳҳои нави парвариши маҳсулоти ҳаётан муфидро ҷустуҷӯ менамоянд. Соли равон аз ҷониби соҳибкор

Хатлон. Чаро қарзи андоз кам намешавад? Ё ба виҷдони қарздорон метавон эътимод кард? (чандрасонаӣ)

Изображение
  Бақияи қарзи андоз дар вилояти Хатлон дар маҷмӯъ 196 миллион сомониро ташкил мекунад. Он ба маълумоти Раёсати андози вилояти Хатлон, имсол беш аз 27 миллион сомонӣ афзоиш ёфтааст.   Қарз кам не, зам шуд Абӯбакр Хушвахтов, сардори шуъбаи ситонидани қарзи андозҳои Раёсати андоз дар вилояти Хатлон гуфт, танҳо то 1-уми сентябри соли ҷорӣ бақияи қарзи андоз назар ба соли гузашта андаке беш аз 27 миллион сомонӣ зиёд шудааст. Ӯ мегӯяд, дар 14 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон бақияи қарзи андоз 1, 8 миллион сомонӣ кам шуда, дар 11 шаҳру ноҳияи дигар наздики 29 миллион сомонӣ афзудааст. Шаҳру ноҳияҳое, ки бақияи қарзи андозро зиёд карданд, инҳо мебошанд: Бохтар (5,1 миллион сомонӣ), Кӯшониён (1,4 миллион сомонӣ), Вахш (3,7 миллион сомонӣ), Хуросон (2,5 миллион сомонӣ), Абдураҳмони Ҷомӣ (3,6 миллион сомонӣ), Ҷайҳун (3,1 миллион сомонӣ), Шаҳритӯс (4,4 миллион сомонӣ), Ёвон (96 ҳазор сомонӣ), Муъминобод (659 ҳазор сомонӣ), Восеъ (4,2 миллион сомонӣ), Темурмалик (345 ҳазор сомонӣ) ва Шамсиддин Ш