Сообщения

Сообщения за июнь, 2020

«ФАРМ – ТЕКС» зиёда аз 1 миллиону 350 ҳазор ниқоб истеҳсол кард

Изображение
Ҷамъияти дорои масъулияташ ма ҳдуди «Фарм — Текс» — и но ҳияи Дан ғара, аз мо ҳи феврали соли  ҷор ӣ то кунун зиёда аз 1 миллиону 350  ҳазор ни қоби тибб ӣ ва 420  ҳазор бастаи пахтагини спиртдор исте ҳсол кард. Бино ба иттилои роҳбари он Файзиддин Сайфуллоев, корхона дар як шабонарӯз имкон дорад то 15 ҳазор ниқоб ва 1000 бастаи пахтагини спиртдор истеҳсол намояд. Ниқобҳои тиббии истеҳсоли корхона сифати баланд дошта, истифодабарандагон метавонанд онро шуста боз истифода баранд. Айни замон дар ҶДММ «Фарм – Текс» 100 нафар занону духтарони маҳаллӣ фаъолият дошта, бо маоши хуб таъмин мебошанд. Сулаймон СУЛТОНОВ, «Садои мардум»

Хатлон. 3900 иншоот ба истифода дода шуд

Изображение
Дар  ҷараёни омодаг ӣ ба  ҷашни 30 – солагии Исти қлолияти давлатии  Ҷум ҳурии То ҷикистон дар вилояти Хатлон 3 901 иншооти таъиноти гуногун мавриди ба ҳрабардор ӣ  қарор гирифт. Мабла ғи умумии иншооти сохташуда 914,8 миллион сомониро дар бар гирифта, 82 фоизи он аз  ҳисоби со ҳибкорони ма ҳалл ӣ бунёд гардидааст. Тавре аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд, аз ҳисоби иншооти сохташуда, 4 742 ҷойи кори доимӣ ва 11 161 ҷойи кори мавсимӣ ташкил гардидааст. Аз ҷамъи умумии иншооти бунёдёфта 237 адад ба соҳаи маориф, 468 — тандурустӣ, 105 — фарҳанг, 260 адад ба варзиш рост меояд. Инчунин, 218 корхона ва коргоҳи саноатӣ, 10 иншооти кишоварзӣ, 55 иншооти сайёҳӣ ва ғайра бунёд гардид. Соли ҷорӣ бунёду азнавсозии 2 104 иншоот ба нақша гирифта, аллакай дар се моҳи аввали соли ҷорӣ 366 – тои он сохта шуд. Дар умум, то ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар вилояти Хатлон бунёду азнавсозии 7 544 иншооти таъиноти гуногун

Ёвон. Роҳҳо таъмир мешаванд

- Бо иқдоми Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон ва соҳибкорони маҳаллӣ Акбар Ғуломов, Баҳриддин Ҷурахонов 10,2 километр роҳҳои маҳаллии маркази ноҳия бо харҷи зиёда аз 15 миллион сомонӣ таъмири асосӣ мешаванд, — хабар дод сардори Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Ёвон Раҷабалӣ Муродов. — Соли ҷорӣ аз ҳисоби мақомоти маҳаллӣ таъмири асосии 3,2 километр роҳи аҳамияти ҷумҳуриявӣ бо харҷи 800 ҳазор сомонӣ ва таъмири ду пул бо маблағи 40 ҳазор сомонӣ низ ба нақша гирифта шудааст. Зикр бояд кард, ки соли гузашта бо дастгирии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон 93 километр роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявӣ аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда, бо дастгирии соҳибкорон ба маблағи 3,5 миллион сомонӣ зиёда аз 6,5 километр роҳ таъмири асосӣ, 51,1 километр таъмири ҷорӣ ва 61,9 километр сангфарш гардид. - Соли гузашта бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ 10 пул низ таъмиру азнавсозӣ шуд, — гуфт Р. Муродов. Сулаймон СУЛТОНОВ, «Садои мардум»

Хатлон. Риояи қонун таъмин мегардад

Соли 2019 ва ду мо ҳи соли  ҷор ӣ дар вилояти Хатлон 61,8  ҳазор маърака ба  қайд гирифта шудааст, ки дар он ҳо 180  ҳолати вайронкунии  Қонуни  Ҷум ҳурии То ҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва  ҷашну маросим дар  Ҷум ҳурии То ҷикис­тон» ошкор гардидааст. - Бештари қонуншиканиҳо дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Ҷалолиддини Балхӣ, Хуросон, Шаҳритуз, Восеъ, Данғара ва Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба қайд гирифта шудаанд, — изҳор дошт мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Муҳаммадӣ Шарифзода. Ӯ гуфт, ки тибқи талаботи қонун, ба хотири пешгирӣ аз қонуншиканӣ дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят 26 комиссия, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот 155 комиссияи доимӣ ва дар деҳот, дар маҷмӯъ, беш аз 1 ҳазору 800 комиссияи ҷамъиятӣ фаъолият менамоянд. Ин комиссияҳо дар вилоят 1 ҳазору 340 семинару вохӯрӣ гузаронидаанд, ки ҳадаф аз онҳо коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ маънидод мегардад. - Ҳамчунин, —