Дар Донишкадаи энергетикӣ аз офтоб неруи барқ ҳосил мекунанд
Аз соли 2016 бо ибтикори Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузории Бонки осиёии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ – техникӣ ва омӯзиш» ба роҳ монда шуд. Муҳлати татбиқи он панҷ солро дар бар гирифта, дар қисми зиёди шаҳру ноҳияҳои кишвар литсейҳои касбӣ – техникӣ ва донишкадаҳо қисман таъмир ва бо таҷҳизоти муосир таъмин шуданд. Таъмири ду бинои таълимӣ, китобхона, синфхонаи компютерӣ ва насби таҷҳизоти замонавии озмоишӣ дар Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон, воқеъ дар ноҳияи Кӯшониён, аз иқдомоти ба ин лоиҳа рабтдошта маҳсуб мешавад. Роҳбари Маркази татбиқи лоиҳаҳои донишкада Бахтиёр Абдуллоев иброз намуд, ки илова ба корҳои зикршуда дар доираи лоиҳа истгоҳи барқии офтобӣ сохта шуд, ки аз 48 панели офтобӣ иборат буда, иқтидори умумии он 10 киловатт/соат аст ва қодир аст дар ҳолати зарурӣ як қисмати донишкадаро бо барқ таъмин кунад. Лоиҳа ба ҷуз аз сохтмону воридсозии таҷҳизот, ҳамчунин баргузор карда