Сообщения

Сообщения за февраль, 2020

700 ТОННА МОҲӢ ИСТЕҲСОЛ ШУД

Изображение
- Баъди чанд моҳи иҷро нагардидани ҷамъоварии нақшаи адоз дар соли 2019 хушбахтона дар моҳи январи соли 2020 қисми даромади буҷети ноҳия 100 фоиз таъмин шуд, - гуфт раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Саиди Ёқубзод зимни нишасти матбуотӣ бо рӯзноманигорон. Номбурда афзуд, ки давоми соли 2019 аз панҷ корхонаи пахтатозакунӣ дар ноҳия чор ададаш тамоман фаъолият накард. Аз ҳисоби кор накардани ин корхонаҳо анқариб 4 миллион сомонӣ қарздорӣ ба вуҷуд омад. Дар маҷмуъ дар ноҳия 8,5 миллион бақияи қарзи андоз мавҷуд аст. Гуфта шуд, ки соли 2019 барои кишоварзони ноҳия соли бобарор буд. Чунки хоҷагиҳои моҳипарварии ноҳия ба андозаи 700 тонна моҳӣ истеҳсол карданд, ки ин нишондод 34 фоизи истеҳсоли моҳии вилоятро дар бар гирифта, нисбати соли 2018-ум 343 тонна зиёд мебошад. Рӯзноманигрон нисбати мушкилоти норасоии оби тозаи ошомиданӣ, қарздории хоҷагиҳои деҳқонӣ аз андоз ва фарогирии ками кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ суолҳо пешниҳод карда ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд. Сулаймон СУЛТОНОВ

ХАТЛОН: БУНЁДИ 300 МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШӢ

Изображение
Бо харҷи беш аз 20 миллион сомонӣ дар вилояти Хатлон давоми соли 2019-ум 96 майдончаи варзишӣ, ҳафт толори варзишӣ, ду ҳавзи шиноварӣ, як маҷмааи варзишӣ ва як варзишгоҳ бунёд гардида, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Тавре аз Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон иттилоъ доданд, бояд то соли 2021 дар қаламрави вилоят 300 майдончаи варзишӣ сохта шавад. Зикр гардид, ки бештари майдончаҳои варзишӣ дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб (9 адад), Шаҳритус (10 адад), Данғара (8 адад), Абдураҳмони Ҷомӣ (8 адад), Фархор, Ховалинг, ва Ҳамадонӣ ( 6 ададӣ) бунёд шудаанд. Соли 2019 барои бунёди иншооти варзишӣ аз ҳисоби мақомотҳои маҳаллӣ 1 миллиону 190 ҳазор сомонӣ ва аз дигар сарчашмаҳо 20 миллиону 111 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст. Сулаймон СУЛТОНОВ

“РАХШ” БА БОХТАР РАСИД

Изображение
Шурӯъ аз моҳи августи соли 2019 бо иқдоми соҳибкори ватанӣ Умед Исматов, дар маркази маъмурии вилояти Хатлон - шаҳри Бохтар ширкати мусофиркашонии “Рахш таксӣ” фаъолиятро оғоз кард. Муовини директори ширкати мазкур Алиҷони Олимҷон гуфт, ки “Рахш таксӣ” аввалин ширкати мусофиркашонист, ки дар маркази вилояти Хатлон корро оғоз кардааст. Номбурда ҳамчунин афзуд, ки айни ҳол ширкат дорои 70 автомошинаи сабукрав буда, шабонарӯзӣ бо нархҳои дастрас ба мурдум хизмат мерасонад. Маъмурияти ширкати мусофиркашонии “Рахш таксӣ” ният доранд дар оянда хизматрасонии мошинҳои боркашро низ роҳандозӣ намояд. Сулаймон СУЛТОНОВ

НОСИРИ ХУСРАВ: НОҲИЯЕ БО АҲОЛИИ КАМУ ИМКОНИЯТҲОИ ЗИЁД

Изображение
Давоми соли 2019 ба мавзеъҳои таърихию фарҳангию сайёҳии ноҳияи Носири Хусрав 14 ҳазору 573 нафар сайёҳон ташриф овардаанд, ки аз ин шумора 698 нафарашон сайёҳони хориҷӣ мебошанд, - гуфт раиси ноҳияи болозикр Нишонзода Даврон зимни нишасти матбуотӣ, ки 13-уми феврали соли ҷорӣ баргузор гардид. Зикр гардид, ки ноҳия барои рушди сайёҳӣ бо назардошти мавҷудияти обҳои минералӣ ва бахусус чашмаҳои шифобахш имкониятҳои мусоид дорад. Дар ноҳия 32 ёдгориҳои таърихӣ мавҷуд аст, ки машҳуртарини онҳо зиёратгоҳи “Чилучорчашма” ба шумор меравад. Зиёратгоҳи мазкур аз маркази ноҳия дар масофаи 4 километр дуртар ҷойгир аст, ки бо оби шифобахшаш дар тамоми ҷумҳурӣ ва берун аз он машҳур аст. Аз оби зулоли он тавассути канал сокинони 6 деҳа истифода мебаранд. Хати оби нӯшокии маркази ноҳия низ аз “Чилучорчашма” кашида шудааст. Инчунин, бо ин об 700 гектар киштзор обёрӣ мешавад. Дар назди зиёратгоҳ корхонаи хурде ҳаст, ки дар фаслҳои баҳору тобистон оби шифобахши чашмаро дар зарфҳо бастабандӣ мекунад. Ҳ

Бунёди бозор дар Хуросон

Изображение
Бо иқдоми соҳибкори ватанӣ дар ноҳияи Хуросон сохтмони бозор оғоз шудаст, ки баъди ба истифода додани он беш аз 700 нафар соҳиби ҷойи кор хоҳанд шуд. Тавре аз мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон хабар доданд, бозор дар шоҳроҳи Душанбе-Бохтар дар масоҳати шаш гектар замини бекорхобида бунёд шуда истодааст. Маблағи сохтмон беш аз 4 миллион сомониро ташкил дода, дар он зиёда аз 120 нафар мутахассисони маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин шудаанд. Сохтмон моҳи октябри соли 2019-ум оғоз гардида, бояд соли 2021 ба анҷом расонида шавад. Сулаймон СУЛТОНОВ

Бохтар лолазор мешавад

Изображение
Баҳри сарсабзу хуррам гардонидан ва вусъат бахшидани корҳои ободонию кабудизоркунӣ дар маркази маъмурии вилояти Хатлон - шаҳри Бохтар як миллион гули лолаи ҳоландӣ шинонида шуд. Бино ба иттилои сардори Корхонаи воҳиди давлатии “Ниҳолпарварӣ ва кабудизоркунӣ”-и шаҳри Бохтар Тоҷиддин Давлатзода ин миқдор тухми гули лола аз Ҳоланд, бо харҷи ду миллион сомонӣ харидорӣ шудааст. Номбурда ҳамчунин гуфт, ки ба ғайр аз гули лола дар гулгашту хиёбонҳои маркази вилояти Хатлон зиёда аз 530 ҳазор гулҳои мавсимии виола, газания, садбарг ва гулкарам шинонида шудааст, ки нашъунамои онҳо хуб буда, шаҳри Бохтарро ба як макони гулҳо табдил додаанд. Сулаймон Султонов

Ҳавзаи интихоботии Бохтар №26 ба интихобот омода аст

Изображение
1-уми марти соли 2020 маъракаи муҳими сиёсӣ - интихоботи даъвати нави вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот баргузор мегардад. Бо мақсади огоҳ шудан аз ҷараёни омодагиҳо ба ин маъракаи муҳим бо раиси комиссияи ҳавзаи якмандатаи интихоботии Бохтар №26 Ашурзода Амонулло Ашур суҳбат намудем. Бино ба иттилои ӯ ҳавзаи якмандатаи интихоботӣ оид ба интихоби вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби шаҳри Бохтар, шаҳри Левакант ва як қисми ноҳияи Кӯшониён ташкил карда шудааст. Дар ҳавза 71 участкаи интихоботӣ ташкил карда шудааст. 38 участкаи интихоботӣ дар шаҳри Бохтар, 17 участка дар Левакант ва 16 участкаи интихоботӣ дар ноҳияи Кӯшониён. Дар ҳамаи участкаҳои интихоботӣ тамоми корҳои марбут ба ҳуҷҷатгузорӣ, ҳуҷраҳои овоздиҳӣ, маводҳои иттилоотӣ, рӯйхати интихобкунандагон, китобҳои бақайдгирӣ, протоколҳои

Истеҳсоли Трансформатор дар Хатлон афзоиш меёбад

Изображение
Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Трансформатор»-и шаҳри Бохтар соли 2019 — ум 350 трансформатори гуногунтамға истеҳсол кардааст, ки нисбат ба соли 2018-ум 38 адад зиёд мебошад. - Трансформаторҳои истеҳсолшуда айни ҳол дар ҷумҳурӣ фурӯхта мешаванд, — гуфт директори корхонаи мазкур Назаралӣ Давлатшоев. Харидори асосии трансформаторҳо ШСХК «Барқи Тоҷик» ба шумор меравад. Барои истеҳсоли трансформатор 80 фоиз қисмҳои эҳтиётӣ аз Россия ва боқимонда аз Ӯзбекис­тону Хитой оварда мешаванд. Соли сипаригардида корхона ба маблағи зиёда аз 24 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардааст, ки назар ба соли 2018 қариб 6 миллион сомонӣ зиёд мебошад ва афзоиш 132,9 фоизро ташкил медиҳад. Корхона бо заводи трансформаторбарории Нижний Тагили Федератсияи Россия ва ширкати «Узнефт»-и Ӯзбекистон шартномаи ҳамкорӣ дорад. Соли равон азнавсозии корхона ва воридсозии таҷҳизоти наву замонавӣ ба нақша гирифта шудааст. Таҷҳизоти нав аз Италия ва Россия ворид карда хоҳанд шуд. Баъди насби таҷҳизоти нав содироти маҳсул

Дар Кӯшониён бинои ҳафтошёна бунёд мешавад

Дар маркази ноҳияи Кӯшониён – шаҳраки Исмоили Сомонӣ бо ибтикори соҳибкори маҳаллӣ Дилшод Давлатов сохтмони аввалин бинои истиқоматии ҳафтошёна оғоз гардид. - Бинои мазкур бо харҷи 11 миллион сомонӣ сохта, соли 2021 ба истифода дода мешавад, — мегӯяд мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён Фаридун Сафарбекзода. — Биноро мутахассисони маҳаллӣ бунёд менамоянд ва бо маоши хуб таъминанд. Бояд гуфт, ки бо ташаббуси соҳибкори маҳаллии дигар дар маркази ноҳия боз бунёди ду бинои панҷқабатаи истиқоматӣ ба нақша гирифта шудааст, ки маблағи онҳо, дар маҷмӯъ, 18 миллион сомониро ташкил медиҳад. Сулаймон СУЛТОНОВ, «Садои мардум»

Хатлон. 500 ҳазор кӯдак аз кӯдакистон маҳруманд

Stacked Dark Infogram