Бохтар. Соҳибкорон барои ободии маркази маъмурии Хатлон саҳм мегузоранд
Сол ҳои охир дар нати ҷаи за ҳмати пурсамари сокинон маркази маъмурии вилояти Хатлон – ша ҳри Бохтар бо қомат афрохтани бино ҳои баландошёна, марказ ҳои савдою хизматрасон ӣ, бунёди гулгашту хиёбон ҳо ободу зебо шудааст. Ро ҳбарияти Ма қомоти и ҷроияи ма ҳаллии ҳокимияти давлатии ша ҳри Бохтар ин ҳама пешравиро нати ҷаи сиёсати созандаи Давлат ва Ҳукумати кишвар, бахусус, Асосгузори сул ҳу ва ҳдати милл ӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷум ҳурии То ҷикистон му ҳтарам Эмомал ӣ Ра ҳмон медонад. Раиси шаҳри Бохтар Абдуалим Исмоилзода гуфт, ки то ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи нақша, дар шаҳр бунёди 307 иншоот пешбинӣ гардидааст, ки аллакай 89 адади он мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст. Ҳоло сохтмони зиёда аз 100 иншооти дигар бомаром идома дорад. Аз иншооти бунёдшаванда 18 ададаш корхонаҳои саноатианд, ки сохтмони чортои он ба охир расидааст. Се адади дигар дар арафаи Ҷашни байналмилалии Наврӯзи соли 2020 ба истифода дода хоҳад шуд.