Хатлон. Гирандагони медали тилло бо 10000 сомонӣ қадрдонӣ мегарданд
23 августи соли равон дар ша ҳри Бохтар машварати августии ом ӯзгорони вилояти Хатлон доир гардид. Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода дар он ширкат варзида, қайд намуд, ки дар 7 мо ҳи соли ҷор ӣ 21 иншооти со ҳаи маориф, аз ҷумла, 10 муассисаи таълим ӣ бо 135 синфхона барои 3 ҳазору 233 ҷойи нишаст ба истифода дода шуданд. Ҳамчунин, то 30-юмин солгарди Исти қлолияти давлат ӣ боз 59 иншооти со ҳаи маориф, иборат аз 279 синфхона бо 6 ҳазору 696 ҷойи нишаст дар як баст, ба истифода дода мешавад. Айни ҳол дар соҳаи маорифи вилоят 43 ҳазору 888 омӯзгор ба таълиму тарбияи 729 ҳазору 61 хонанда машғуланд. Толибилмони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳо соли ҷорӣ дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ширкат намуда, сазовори 255 медал (51 тилло, 59 нуқра ва 145 биринҷӣ) гардиданд, ки ин нисбат ба соли гузашта 72 адад зиёд мебошад. Дар баробари дастовардҳо Қурбон Ҳакимзода ба камбудиҳои соҳаи маориф таваҷҷуҳ зоҳир намуда гуфт, ки то кунун дар 39 муассисаи таълимии вилоят хонанд