Ин “ҷиҳод” не, бозиҳои геополистикист!
Тибқи маълумоти ма қо моти Тоҷикистон, т аҳлили парвандаҳои ҷиноятӣ нишон додааст , ки беш аз 75 фоизи дастгиршудагон ҳангоми муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷи кишвар ба созмону ташкилотҳои экстремистӣ ва террористӣ ҷалб гардидаанд ва синну соли беш аз 52 фоизи онҳо ро ҷавонони аз 18 то 30 — сола ташкил медиҳад . Гуфта мешавад аксари ин ҷавонон ба доми мубаллиғони интернетӣ аф т ода анд . Коршиносон омили асосии ин равандро дар камсаводи и диниву истифодаи но дуруст аз шабакаҳои интернетӣ арзёбӣ мекунанд . Ифротгароӣ , ё ба истил л о ҳ и дигар - экстремизм дар шароити феълии ҷа ҳ онишавӣ дар ҳар гӯшаву канори дунё, махсусан кишварҳои мусулмонӣ нооромию бесуботиро ба дунбол дор ад. Қурбоналӣ Раҷабзода яке аз ҷ а вононе мебошад, ки ба доми фиребу найранги чунин гуруҳҳои ифротӣ афтодааст. Ӯ барои пешбурди зиндагии худ ва наздиконаш ба Федератсияи Россия сафар карда, дар онҷо ба тиҷорат машғул мешавад. Аммо баъди чанде бо даъвати як ҳамсинфаш ба Туркия сафар намуд