Ҷодаҳои вайрон дар Хатлон (чандрасонаӣ)
Аз 1 ҳазору 979 километр роҳҳои маҳаллии минтақаи Бохтари вилояти Хатлон танҳо 25 дарсади онҳо ба талабот ҷавобгӯянд. Соли 2018 барои таъмири роҳҳо аз буҷети шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар 1 миллиону 911 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст, ки ба ҳар як километр ҳамагӣ 55 сомонӣ рост меояд. Infogram Ҳимати андаки ноҳиядорон Нокифоя будани маблағ ё дар баъзе маврид тамоман ҷудо нашудани он аз буҷети шаҳру ноҳияҳо сабаби асосии ба ҳолати ногувор расидани ҷодаҳо дониста мешавад. Муовини сардори Муассисаи давлатии идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақаи Бохтари вилояти Хатлон Набӣ Ёқубов иброз дошт, ки тибқи талаботи мавҷуда танҳо барои таъмири як километр сатҳи болоии роҳ зиёда аз 500 ҳазор сомонӣ зарур аст. Аз ин нуқтаи назар, бо он маблағе, ки аз буҷети шаҳру ноҳияҳо ҷудо мегардад, наметавон ҳолати роҳҳоро хубнигоҳ дошт. Тавре ҷаноби Ёқубов зикрнамуд, дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 639 аз 2 декабри соли 2009, нигоҳдории роҳҳои маҳаллӣ