Проблема ва мулоҳиза. Мушкилиҳо нархи моҳиро баланд нигоҳ медоранд
Бо вуҷуди он ки дар вилояти Хатлон чанд хоҷагии моҳипарварӣ фаъолият менамоянд, нархи гӯшти моҳӣ дар бозорҳои вилоят гарон буда, аз 25 то 35 сомониро ташкил медиҳад. Сабаб дар чист? Чаро соҳа ба таври бояду шояд рушд намекунад? Ин дар ҳолест, ки бо Қарори Ҳукумати мамлакат, аз 2 июли соли 2008 таҳти №306 «Барномаи рушди соҳаи моҳипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015» қабул гардида, бо мақсади зиёд кардани саршумор, маҳсулнокӣ, такмил додани сифатҳои генетикии моҳӣ ва ба ин васила таъмин намудани талаботи аҳолӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ замина фароҳам аст. Дар доираи барнома 4-уми августи соли 2015 Ассотсиатсияи моҳипарварони вилояти Хатлон ташкил ёфта, айни ҳол 221 хоҷагии моҳипарварӣ дар 2 240 гектар замин фаъолият доранд. Бояд то соли 2020 теъдоди хоҷагиҳо ба 250 расонида шавад. Сабаби гаронии нархи гӯшти моҳиро мутахассисону коршиносони соҳа дар баланд будани арзиши хӯроки моҳӣ, фоизҳои баланди қарзи бонкӣ ва нарасидани мутахассисони ҳирфаӣ арз