Сообщения

Сообщения за декабрь, 2018

Ҷайҳун. Нақшаи содироти лимӯ зиёд гардид

Изображение
Водии Вахш бо лим ӯ и навъи аъло берун аз кишвар низ шу ҳ рати зиёд дошту дорад. Навъ ҳ ои бе ҳ тарини ин меваи ситрус ӣ  дар но ҳ ияи  Ҷ ай ҳ уни вилояти Хатлон низ парвариш мешаванд. Бино ба иттилои сардори Раёсати кишоварзии ноҳия Нуралӣ Валиев, айни замон дар 125 гектар гармхона парвариши лимӯ ба роҳ монда шудааст. Солҳои қаблӣ парвариши он дар заминҳои наздиҳавлигии сокинон ба роҳ монда мешуд.  Бо сабаби серхаридор будани ин навъи мева дар хоҷагиҳои деҳқонӣ низ гармхонаҳо ташкил гардида, ҳоло майдони умумиашон 20 гектарро ташкил медиҳад. Муовини якуми раиси ноҳия Диловар Собирзода гуфт, ки бо вуҷуди ғанӣ будани таҷриба барои кишоварзони ноҳия моҳе як маротиба семинари омӯзишӣ гузаронида мешавад. Мувофиқи дурнамо ҳар сол майдони лимӯзор аз 10 то 15 гектар зиёд карда мешавад. Барои мисол, соли ҷорӣ масоҳати ин намуди мева 12 гектар зиёд карда шуд. Бино ба иттилои Раёсати кишоварзии ноҳия, соли гузашта 3 ҳазору 35 тонна лимӯ ба хориҷи кишвар, аз ҷумла ба ҷумҳуриҳои Қазо

Дар Бохтар корхонаҳои нав бунёд мегарданд

№149 (3943) 15.12.2018 Дар доираи на қшаи бунёдкори ҳо ба исти қболи 30-солагии Исти қлолияти давлатии  Ҷум ҳурии То ҷикис­тон соли  ҷор ӣ дар маркази маъмурии вилояти Хатлон — ша ҳри Бохтар 19 иншооти гуногуни маишию хизмат­расон ӣ мавриди истифода  қарор гирифт, ки дар ин замина 254  ҷойи нави кор ӣ таъсис ёфт. Тавре аз Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр иттилоъ доданд, дар се соли оянда боз бунёди 368 иншооти гуногун ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, барои бунёди корхонаҳои саноатӣ 7,2 гектар замин ҷудо гардидааст, ки аллакай дар чанд қитъа сохт­мон бомаром идома дорад. Корхонаҳои дучархабарорӣ, ҷӯроббофӣ ва истеҳсоли доруворӣ аз ҳамон қабиланд, ки то таҷлили ҷашни бошукӯҳ ба истифода дода хоҳанд шуд. Айни замон, дар асоси нақшаи генералии шаҳр сохтмони 61 бинои истиқоматӣ, хизматрасонӣ, маъмурӣ, таълимӣ ва варзишӣ ҷараён дорад. Сулаймон СУЛТОНОВ, «Садои мардум»

Ҳунармандон бо сари баланд ба Ватан баргаштанд

Чанде пеш дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон ба муносибати 90 — солагии адиби забардасти қирғиз Чингиз Айтматов Фестивали байналмилалии театрии « Айтматов ва театр» баргузор гардид. Дар ҷашнвора ҳунармандони театри вилоятии мусиқӣ мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар бо намоишномаи «Асорат»-и Ҷумъа Қуддус аз рӯи романи «Қиёмат»-и Чингиз Айтматов дар таҳияи Раҷабзода Парвиз иштирок намуданд. Ҳунармандони мо намоишномаро дар сатҳи олӣ пешкаши ҳозирин гардониданд ва тамошобинон бо кафкӯбиҳо онро пазируфтанд. Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Аловуддин Абдуллоев барои бо маҳорати баланд офаридани нақши Бостон дар ин намоишнома ҷоизаи «Нақши беҳтарини мардона» ва ҳунарпешаи хушсалиқа Қурбонмуҳаммад Шукуров ҷоизаи «Нақши беҳтарини мардона» дараҷаи дуюмро соҳиб гардиданд. Ҳамчунин, аҳли заҳмати Театри вилоятии мусиқӣ мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар  бо Дипломи махсуси Вазорати фарҳанг, иттилоот ва сайёҳии Ҷумҳурии Қирғизистон сарфароз гардонида шуданд.

Тандурустӣ Хатлон. Шумораи беморони руҳӣ меафзояд

Изображение
Дар вилояти Хатлон 12  ҳ азор нафар бемори ру ҳӣ  ба  қ айд гирифта шудааст. Ин бемор ӣ , ки  ҳ ар сол дар  ҳ оли афзоиш аст, боиси нигаронии масъулин гардидааст. Табибон бар он назаранд, ки кӯдак аз зуком ва таби баланд метавонад ба ин беморӣ гирифтор шавад. Омили дигар аз модар бо нуқсон таваллуд шудани кӯдак мебошад. Муноқишаҳои оилавӣ ё марги шахсони наздик, ба садама гирифтор шудан ва ғайраҳо аз сабабҳои дигари мубтало гардидан  ба ин беморӣ арзёбӣ мешавад. Дар шаҳри Бохтар Маркази вилоятии равонпизишкии вилояти Хатлон аз соли 2006 фаъолият дорад. Директори он Саидаҳрор Подавонов иброз намуд, ки соли ҷорӣ 755 нафар дар ин ҷо табобат гирифтанд, яъне нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 118 нафар зиёд. - Мутаассифона, имкониятҳои марказ маҳдуд аст. Қабл аз ҳама, мутахассисон намерасанд. Чанд маротиба ба Раёсати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар  вилояти Хатлон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намудем. Аммо касе дар ин ҷо кор