Ҷайҳун. 20000 тонна пиёз интизори харидор аст
Акс аз интернет Имсол кишоварзони но ҳияи Ҷай ҳун дар 2596 гектар кишти пиёз гузарониданд ва бояд 90 ҳазор тонна пиёз ҷамъовар ӣ намоянд. Сардори Раёсати кишоварзии но ҳияи Ҷай ҳун Нурал ӣ Валиев гуфт, ки то ин ва қт аз 2010 гектар дар ма ҷм ӯъ беш аз 70 ҳазор тонна пиёзи хушсифат ҷамъовар ӣ шуд, ки ба ҳар як гектар 350 сентнер ӣ рост меояд. То ин замон ба хориҷа 3 ҳазор тонна пиёз содирот шуда, мувофиқи дурнамо ин нишондиҳанда бояд ба 19 ҳазор тонна расонида шавад. Нуралӣ Валиев изҳори нигаронӣ аз он кард, ки бо вуҷуди арзон будани нархи пиёз харидорон каманд. Мувофиқи иттилои ӯ, пиёз аз деҳқон бо нархи 35-40 дирам харидорӣ шуда истодааст. - Соли гузашта арзиши як килограмм пиёз 1 сомонию 60 дирамро ташкил медод. Аз набудани талабот дар саҳро зиёда аз 20 ҳазор тонна пиёз бе харидор мондааст, — изҳор намуд Нуралӣ Валиев. Сулаймон Султонов, «Садои мардум»