Сообщения

Сообщения за январь, 2018

Вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагон

Изображение
Чандест, ки бо мақсади тавзеҳи нуктаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вакилони Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагон суҳбату вохӯриҳо доир намуда истодаанд. ҳафтаи гузашта дар Ҷамоати деҳоти «Бохтариён» — и ноҳияи Бохтар вакили Маҷлиси намояндагон Ҷобирзода Тоҳир Гул бо интихобкунандагон мулоқот баргузор намуд. Ҷобирзода Тоҳир Гул зикр кард, ки маҳз талошу заҳматҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки 170 давлати дунё Ҷумҳурии Тоҷикистонро расман шинохтаву эътироф мекунанд ва Тоҷикистон бо 156 кишвар муносибати дипломатӣ дорад. 1 (1)Барои рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар ҳар сол аз Буҷети давлатӣ маблағи зиёд ҷудо мешавад. Дар соли 2017 Буҷети давлатӣ 19 миллиарду 568,1 миллион сомониро ташкил намуд ва 101 дарсад иҷро шуд. Буҷети давлатӣ барои соли 2018 дар ҳаҷми 21,3 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардид, ки аз нисф бештари он, мисли солҳои қаблӣ, ба ҳалли мас

Кӣ Ҷумъабойро аз замин маҳрум кардан мехоҳад?

Изображение
Ду идораи масъули ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба ҷойи мусоидат ба тамдиди муҳлати истифодаи замин хоҷагидореро, ки солҳо дар ғановати бозори истеъмолӣ саҳм мегузошт, аз манбаи рӯзгузаронӣ маҳрум карданд. 14 марти соли 2007 тибқи қарори №148-и раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аз ҳисоби заминҳои захиравии хоҷагии деҳқонии «Нав­баҳор»-и деҳоти «Дӯстӣ» барои ташкили хоҷагии деҳқонии «Бобои Эгамбердӣ» (роҳбараш Муродалӣ Назаров) 6,16 гектар замин ба муҳлати 10 сол ҷудо шуд. Муродалӣ Назаров пас аз як сол дардманд шуд ва заминро ба ихтиёри бародараш Ҷумъабой Назаров супорид. Номбурда аз замин самаранок истифода бурда, қарзи онро пардохт намуд. 9 сол бо аҳли оила заҳмат кашида, аз замин ризқи ҳалол пайдо мекард. - Вақте ки муҳлати истифодаи замин ба охир мерасид, ба корманди Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул»-и ноҳия Қодир Уллаев муроҷиат кардем, — изҳор медорад Ҷумъабой Назаров. – Қодир Уллаев, ҳамзамон, шахси масъули идораи номбурда дар деҳаи мо – Навбаҳор мебошад. Б