Сообщения

Сообщения за декабрь, 2017

Бунёди корхонаи коркарди меваю сабзавот

№152 -153 (3789 - 3790) 23.12.2017 Чанде пеш дар деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнови ноҳияи Ёвон дар доираи ташаббуси «Озуқаворӣ ба хотири оянда» корхонаи коркарди мева мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ифтитоҳи он муовини раиси вилояти Хатлон Умедҷон Зоирзода, раиси ноҳияи Ёвон Амирбеки Темур иҷрокунандаи вазифаи сафири ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кевин Коверт, роҳбари Лоиҳа оид ба кишоварзӣ ва обёрӣ дар доираи ташаббуси «Озуқаворӣ ба хотири оянда» Кирк Ремер ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд. Корҳои сохтмонӣ дар корхона, ки моҳи августи соли гузашта оғоз гардида буданд, бо харҷи 1 миллиону 26 ҳазору 455 сомонӣ анҷом ёфт. Коргоҳи мазкур бо 16 номгӯй таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст, ки имкон дорад дар як шабонарӯз то 1000 банка меваро коркард намояд. Дар корхона 8 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, дар мавсими ғунучини меваю сабзавот 30 коргари мавсимӣ низ ба кор қабул карда мешаванд. Сулаймон СУЛТОНОВ, «Садои мардум»

Ҳамовозӣ Манзили охирати қаҳрамонон бояд обод бошад!

Изображение
Мақолаи рӯзноманигор Сулаймон Султоновро, ки таҳти сарлавҳаи «Рӯҳи озурдаи қаҳрамонро кӣ шод мегардонад?» дар рӯзномаи «Садои мардум» (2 августи соли 2017) ба табъ расидааст, мутолиа намудаму ба андеша рафтам. Воқеотеро, ки бо чашмонам дидаву аз сар гузаронидаам, бори дигар пеши назарам ҷилвагар шуданд. Соли 1988 буд. Бисёр мехос­тем, ки садсолагии «Шӯриши Восеъ» дар кишвар ботантана ҷашн гирифта шавад. Ба Кумитаи ҳизби коммунисти ноҳияи Ховалинг, ки зодгоҳи Восеъи қаҳрамон аст, нома навишта, матлаб арз намудам. Дар матбуоти маҳалливу ҷумҳуриявӣ низ мақола чоп кардам. Хушбахтона, маро дастгирӣ намуданд. Баробари дигар чорабиниҳои ҷашнӣ, ҷиҳати омӯзиши ҳудуди фарогири «Шӯриши Восеъ» набардгоҳҳои восеътанон, қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба сафар баромадем. Ҳайати моро, ки аз даҳ нафар иборат буд нависанда Раҳмон Сафаров роҳбарӣ мекард. Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ — Ҳайдар Қосимов, абераи Восеъ — Раҷабалӣ Камолов ва даъватшавандаи ҳарбӣ Муҳибулло Файзалиев низ шомили ҳайат будан

Қӯрғонтеппа. Ваъдаҳои "осмонӣ"-и масъулин ба бонувони мардикор

Изображение
Зан — Модар муҷассамаи гӯёи зиндагӣ ва ширинтарин лафз дар забони одамӣ мебошад. Дар ақсои олам низ сатҳи фарҳанги қавму миллатро вобаста ба муносибати он бо занону модарон муайян мекунанд. Эмомалӣ Раҳмон Ҳар рӯз беш аз сад мардикорзан дар шафати Терминали мусофиркашонии шаҳри Қӯрғонтеппа баҳри дарёфти қути лоямут ҷамъ мешаванд. Аксари онҳоро надош­тани саробони оила маҷбур ба ин навъи рӯзгузаронӣ кардааст. - Аз ноилоҷӣ маҷбур шудаем, ки ба мардикорӣ рӯ оварем, — мегӯяд Таҳмина Қараева — сокини ноҳияи Бохтар. — Аз шавҳарам ҷудо шудаам. Панҷ сол мешавад, ки ба ин васила рӯзи худ ва фарзандонамро мегузаронам. Баъзан се-чор рӯз кор пайдо карда наметавонем, аммо гоҳо то 10 рӯз пайи ҳам кор меёбем. Дар вақташ нахондам, баъди хатми мактаби миёна ба шавҳар баромадам. Ҳоло сахт пушаймонам. Ҳамсуҳбати дигари мо Мавҷигул Қурбонова — сокини ноҳияи Хуросон иброз дошт, ки як сол боз шавҳараш ӯ ва фарзандонро тарк карда, ба Федератсияи Россия рафтааст. «Хусуру хушдоманам маро бо чор фарзанд аз