Сообщения

Сообщения за ноябрь, 2017

Бонги изтироб Фароғат набояд ба фоҷиа табдил ёбад

Бонги изтироб Тибқи маълумоти оморӣ соли гузашта ва 5 моҳи соли равон ғарқшавии кӯдакону нав­расон бештар дар вилояти Хатлон рух додааст. Бино ба гуфти муовини командири гурӯҳи дуюми дастаи зудамали наҷотдиҳии Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон Собирҷон Собиров, дар 5 моҳи соли 2017 дар вилоят 12 нафар дар кӯлу дарё ва каналҳо ғарқ шуданд, ки 5 нафари онҳо ноболиғ мебошанд. Соли гузаш­та 46 нафар ғарқ шуда буданд, ки 30 фоизи онҳоро ноболиғон ташкил медоданд. Чун иқлими вилоят гарм аст, наврасону кӯдакон маҷбуранд, ки дар каналу дарё оббозӣ кунанд. Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки он ҷавонону наврасон ва калонсолоне, ки ба ин ҳолат рӯ ба рӯ мешаванд, умуман аз нозукиҳои оббозӣ огаҳӣ надоранд. Мушкилоти дигар кам будани воҳиди кории наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояту шаҳру ноҳияҳо аст. Ба ғайр аз ин, аксари омӯзгорони бахши тарбияи ҷисмонии мактабҳо аз оббозӣ камтар воқифанд. Набудани ҳавзҳои дорои шароити зарурӣ да

Ислом ба зоти худ надорад айбе…

Tерроризм ва экстремизм (ифротгаройӣ) аз ҷумлаи амалҳоеанд, ки теша ба решаи дарахти сабзи суботу амният ва сулҳу ваҳдат мезананд. Ин амалҳои номатлуб садҳо кӯдакро дучори хушунату бепарасторӣ, гуруснагию дарбадарӣ гардонида, садҳо модарро доғи фарзанд дар дил монда, кишвару миллатҳоро ба вартаи ноамнӣ кашидааст. Ба ин хотир, соли 2003 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди ифротгароӣ» қабул шуд, ки мақсад аз он, пеш аз ҳама, риоя ва ҳимоя намудани ҳуқуқ, озодиҳои инсон, асосҳои сохти конститутсионӣ, таъмини якпорчагӣ ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар моддаи 3-юми ин қонун мафҳуми ифротгаройӣ чунин шарҳ ёфтааст: «Ифротгароӣ зуҳуроти аз ҷониби ашхоси ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар шакли амалҳои воқеан чапгаро инъикосёфтае мебошад, ки ба бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои наҷодӣ, миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ даъват мекунад». Бино ба маълумоти мақомоти интизомии вилояти Хатлон, нима

317 ҳодисаи нақлиётӣ боиси марги 126 нафар гардид

Дар ну ҳ мо ҳи соли 2017 дар ро ҳҳои мошингарди вилояти Хатлон 317  ҳодисаи на қлиёт ӣ ба  қайд гирифта шудааст, ки бар асари он ҳо 126 нафар ба  ҳалокат расида, 330 нафари дигар  ҷаро ҳат бардоштаанд. Ёрмаҳмад Давлатов — нозири калони гурӯҳи ташвиқотию тарғиботии шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон иттилоъ дод, ки баҳри баланд бардоштани интизом ва бо мақсади ошкору пешгирӣ намудани вайронкунандагони қоидаҳои ҳаракат дар роҳ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 97 чорабинии мақсаднок ва амалиёти рамзии «Бачаҳо», «Пиёдагард-велосипедрон», «Пиёдагард», «Муоинаи техникӣ», «Чароғ» ва «Автобус» гузаронида шуд. Ӯ афзуд, ки нуҳ моҳи соли равон зиёда аз 234 ҳазору 850 ҳодисаи вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, аз ҷумла, рондани мошин дар ҳолати мастӣ-2309, бе ҳуҷҷати ронандагӣ — 6680, бо оинаҳои сиёҳкардашуда — 342, бе рақами давлатӣ — 587, зиёд намудани суръат 4663 адад ошкор карда шуд.   Сулаймон СУЛТОНОВ, «Садои мардум»

Хатлон. 30 нафар 56750 сомонӣ ҷарима шуд

«Имрӯзҳо масъалаи маводи дорувории қалбакӣ ва ба талабот ҷавобгӯй набудани он на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар бисёре аз кишварҳои дунё мавриди нигаронӣ қарор дорад. Ба табобати беморон ҳамон вақт кафолат дода мешавад, ки агар сифати доруворӣ таъмин карда шавад», -  таъкид гардидааст дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷиҳати татбиқи ин нуктаи Паём Раёсати хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ дар вилояти Хатлон корҳои муайянро ба иҷро расонид. Аз ҷумла, чанде қабл барои боз ҳам беҳтару хубтар муайян намудани сифати доруворӣ таҷҳизоти замонавӣ ворид шуд ва бахши нави таҳлили микробиологӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Ба андешаи сардори Раёсати хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ дар вилояти Хатлон Маҳмадҷон Абдулқодирзода, ин таҳлилгоҳи микробиологӣ имкон медиҳад, ки сифати доруворӣ пурра ва сари вақт санҷида шавад. То ин дам чунин таҳлилҳо

Пиёзи барвақтӣ ба савдо бароварда шуд

Дар рӯзҳое, ки нархи пиёз дар бозорҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла вилояти Хатлон, то 4 сомонӣ боло рафт, деҳқонони вилоят пиёзи барвақтиро пешкаши харидорон гардониданд. Кишоварзони ноҳияи Ҷайҳун, ки дар рӯёнидани ҳосили фаровони пиёз таҷрибаи ғанӣ доранд, имсол беш аз 80 ҳазору 500 тонна ҳосил ғундоштанианд. Кишоварзони ҷайҳунӣ, ҳамчунин дар парвариши пахта, лимӯ, сабзӣ, тарбузу харбузаю ҳандалак, зардолую дигар зироатҳои хоҷагии қишлоқ соҳибтаҷриба мебошанд. Аз ин ҷост, ки маҳсулоти парвардаи хоҷагиҳои ноҳия дар ҷумҳурӣ харидор доранд. Тавре сардори Идораи кишоварзии ноҳия Нуралӣ Валиев гуфт, деҳқонон бо мақсади ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ солҳои охир нисбат ба кишти маҳсулоти барвақтӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда истодаанд. Мувофиқи дурнамо, кишоварзони ноҳия бояд дар 14 ҳазору 12 гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ гузаронанд. То имрӯз дар майдони беш аз 13 ҳазор гектар, аз ҷумла дар 300 гектар картошка, 5 гектар сирпиёз ва 2 ҳазору 300 гектар пиёз кишт намудаанд, ки беш аз 90

Мубориза дастаҷамъона мебояд

Мақсад аз семинари омӯзишие, ки чанде пеш дар шаҳри Қӯрғонтеппа масъулони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи вилояти Хатлон бо роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо баргузор намуданд, ба аҳолӣ фаҳмонидани сабабҳои сар задан ва оқибатҳои ногувори ҷиноятҳои характери коррупсионидошта буд. Тавре зикр гардид, тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият ва хавфҳои коррупсионӣ» имсол дар ҷумҳурӣ санҷишу мониторингҳо гузаронида, омилҳои ба коррупсия мусоидаткунанда муайян карда мешаванд. Айни замон 51 моддаи Кодекси ҷиноятӣ ва 20 моддаи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба ҷиноятҳои характери коррупсионидошта бахшида шудааст. Агар дар мамлакат мансабдорон ва шаҳрвандон бар зидди ришвахорӣ ва дуздии маблағҳои давлатӣ дастаҷамъона мубориза баранд, коррупсия аз байн меравад ва бахшҳои давлативу ҷамъиятӣ муътадил рушд мекунанд. - Дар кишварҳое, ки

Ҷайҳун. Бехатарии хонандагонро кӣ кафолат медиҳад?

Изображение
Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳраки «Дӯстӣ»-и ноҳияи Ҷайҳун хонандагон дар биное, ки ҳанӯз соли 1938 сохта шудаасту дар ҳолати садамавӣ қарор дорад, таҳсил мекунанд. Дар фасли зимистон сақфи бино мечакад. Дар ин муассиса синфхонаи таълими меҳнат ва толори варзишӣ мавҷуд нест. Маҷлисгоҳ низ дар ҳолати корношоямӣ қарор дорад. Шумораи умумии синфхонаҳо 65 ададро ташкил медиҳад ва 1684 нафар хонанда аз ноилоҷӣ дар се баст таҳсил мекунанд. Директори муассисаи таълимӣ иброз дошт, ки соли гузашта як қисмати фарши бино фурӯ рафт ва хушбахтона, ягон нафар осеб надид. Ӯ, ҳамчунин қайд намуд, ки оид ба ин мушкил ба Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва вилоят низ муроҷиат кардааст, вале ҳанӯз бенатиҷа будааст. Мутаассифона, чунин ҳолат танҳо ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 тааллуқ надошта, дар дигар муассисаҳои таълимӣ низ ба назар мерасад. Барои мисол, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақами 42 ва рақами 29-и ноҳияи

Бунёди калонтарин корхонаи сементбарорӣ дар Хатлон

- Дар но ҳияи  Қубодиён калонтарин корхонаи сементбарории «Осиё-семент» дар майдони 65 гектар бунёд хо ҳад шуд. Аллакай аз  ҷониби ширкати «Ориён-инвест»  ҳамвору омода кардани макони сохтмон шур ӯъ шудааст.  Барои бунёди он беш аз 160 миллион доллари ИМА сармояи хориҷӣ ҷалб гардидааст. Баъди ба истифода додани корхона наздик ба 1500 нафар бо ҷойи кор таъмин хоҳанд шуд, — мегӯяд Зафар Файзуллозода, раиси ноҳияи Қубодиён. Сохтмони корхона дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ҶСК «Ориёнбонк» бо сармоягузорони чинӣ дар нимаи дуюми соли ҷорӣ оғоз мешавад. Айни ҳол корҳои ҳуҷҷатгузорӣ ва ҳамоҳангсозӣ ҷараён доранд. Иқтидори истеҳсолии корхонаи нав дар як шабонарӯз 2 ҳазору 500 тонна сементи навъи М-400 ва ду ҳазору 500 тонна навъи ба сулфат тобовар, дар маҷмӯъ панҷ ҳазор тонна сементи баландсифат мебошад. Дар назар аст, ки дар заминаи корхонаи истеҳсоли семент, ҳамчунин корхонаҳо

Хабарнигори ТВ «Хатлон» ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ гардид

Хабарнигори телевизиони «Хатлон» Давлаталӣ Шамсов дар 41-умин мусобиқаи байналмилалӣ, ки дар шаҳри Королёвои вилояти Москваи Федератсияи Россия  бо иштироки зиёда аз 1500 нафар аз Россия, ҷумҳуриҳои собиқ ­Иттиҳоди Шӯравӣ — Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Арманистон, Латвия, Литва, Эстония ва Тоҷикис­тон доир шуд, бо медали тилло ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардид. Сокини 65-солаи ҷумҳурӣ Давлаталӣ Шамсов масофаи 10 километрро дар муддати 54 дақиқаю 15 сония тай намуд. Сулаймон Султонов, «Садои мардум»

Хатлон. Таваҷҷуҳ ба занони соҳибкор хос аст

Туфайли ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои соҳибкории занон шароит фароҳам аст. Бо ин мақсад санадҳои меъёрии ҳуқуқии зиёд қабул гардида, татбиқи онҳо ба боло рафтани мақоми зан дар ҷомеа мусоидат намуда истодаанд. Дар вилояти Хатлон занони соҳибкор 27264 нафар мебошанд. Аз 65 ҳазор хоҷагии деҳқонӣ, ки дар он фаъолият доранд 12632 ё 19,3 фоизи онро занон роҳбарӣ менамоянд. Тибқи маълумоти даст­расшуда, солҳои охир тавассути бонкҳои дар вилоят амалкунанда, ба 19752 зан 108 миллиону 808 ҳазору 788 сомонӣ қарз дода шудааст. Агар онҳоро раддабандӣ намоем, қарзҳои имтиёзнок ба 1393 нафар ба маблағи 11 миллиону 249 ҳазору 950 сомонӣ, барои соҳибкорӣ ба 4023 нафар ба маблағи 28 миллиону 687 ҳазору 993 сомонӣ, соҳаи кишоварзӣ ба 4491 нафар ба маблағи 25 миллиону 816 ҳазору 936 сомонӣ ва дигар намуди қарзҳо ба 9846 зан ба маблағи 43 миллиону 053 ҳазору 909 сомонӣ дода шудааст. Бо мақсади таъмини ҳамоҳанги

Худованд сулҳу осоиши моро абадӣ нигаҳбон бошад,

Изображение
- мегӯяд депутати Совети Олии РСС Тоҷикистон (даъватҳои 9-10), собиқадори меҳнат, сокини ноҳияи Панҷ Болта Нидоев Имрӯз ба чеҳраи шоду ­лабҳои пуртабассуми мардум менигараму дилам аз фараҳ лабрез мегардад. Барои насли ҷавон, бахусус онҳое, ки баъди ба истиқлолият ноил шудани Тоҷикистон ба дунё омадаанд, шояд он мушкилоту душворию ғаму андуҳи гарон, ки мо — насли калонсол ­дидему эҳсос намудем, афсона намояд. Афсӯс, ки ҳақиқати ҳоли он рӯзҳои нахустини истиқлолият ҷанги шаҳрвандӣ буд, ки қурбонии зиёди ҷонию молӣ боқӣ гузошт. Бахусус, онҳое, ки дар минтақаи асосии даргириҳо — водии Вахш сокин буданд, медиданд, ки ҳар рӯз садҳо нафар ҷон аз даст медиҳанду ҳукумати вақт қудрату имкони пеши он ҳама хунрезӣ, баргардонидани гурезаҳоро надошт. Ана, дар ҳамон шабу рӯзҳо Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олӣ барпо гардида, дар баробари ҳаллу фасли даҳҳо масъалаи муҳим шахсияти бузурги таърихӣ Эмомалӣ Раҳмонро ба сари қудрат овард. Ман шоҳид будам, ки кам касон ҷуръат пайдо мекарданд, ки дар о

Сулҳ ва ризояти миллӣ аз Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ сарчашма гирифт,

Изображение
- мегӯяд вакили Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум Сангак Бекназаров - Шумо ҳамчун вакили халқ дар қабули санадҳои таърихии сарнавиштсози Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат доштед. Баъди сипарӣ шудани чаҳоряк аср аз он рӯйдод чиро ба хотир овардан мехоҳед?  - Он рӯзҳо Қасри Арбоб ба макони қабули ҳуҷҷатҳои сарнавиштсози миллат табдил ёфт, зеро дар давраи сангин ва вазнину хунини ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ миллат талафоти ниҳоят гарони ҷониву молӣ дода буду дар чеҳраи одамон аз шодию хурсандӣ осоре набуд. Нобоварӣ ба оянда ба дараҷае боло гирифт, ки ба сулҳу оромию ваҳдат касе бовар надошт. Ҳисси нобоварию ноумедӣ дар байни як қатор иштирокдорони иҷлосия низ эҳсос мегардид. Ба қавле, таърихи миллат сари мӯе қарор гирифта буд, ки агар бозмеканд, оқибаташ бисёр ҳам фоҷиабор мегардид. Як қадами нодуруст ва як хатои нобахшиданӣ эҳтимоли аз харитаи сиёсии ҷаҳон пурра сутурда шудани Тоҷикистонро ба миён меовард. Ана, ҳамин бори душвори пур